Скрыть
1:1
1:5
1:12
1:13
Ваҳйи каломи Парвардигор дар бораи Исроил ба воситаи Малокӣ.
«Ман шуморо дӯст доштаам, мегӯяд Парвардигор. Вале шумо мегӯед: ́Муҳаббати Худро ба мо дар чӣ зоҳир намудаӣ?́ Оё Эсови бародари Яъқуб набуд? – мегӯяд Парвардигор. – Вале Ман Яъқубро дӯст доштам,
ва аз Эсов нафрат кардам, ва кӯҳҳои вайро валангор намуда, амлокашро макони шағолҳои биёбон гардонидам».
Агар Адӯм бигӯяд: «Мо валангор гардидаем, вале харобазорро аз нав бино хоҳем кард», пас Парвардигори лашкарҳо чунин мегӯяд: «Онҳо бино хоҳанд кард, вале Ман вайрон хоҳам намуд, ва онҳоро ҳудуди шарорат ва қавме хоҳанд номид, ки Парвардигор бар онҳо то абад ғазаб кардааст».
Ва чашмони шумо инро хоҳад дид, ва шумо хоҳед гуфт: «Кибриёи Парвардигор берун аз ҳудуди Исроил афзудааст».
«Писар падарро иззат мекунад, ва ғулом – хоҷаи худро; пас агар Ман падар бошам, иззати Ман куҷост? Ва агар Ман хоҷа бошам, ҳайбати Ман куҷост? – мегӯяд Парвардигори лашкарҳо ба шумо, эй коҳинон, ки номи Маро беҳурмат месозед, ва мегӯед: ́Бо чӣ мо номи Туро беҳурмат сохтаем?́
Бар қурбонгоҳи Ман нони палид меоваред, ва мегӯед: ́Бо чӣ мо Туро беҳурмат сохтаем?́ Бо ин ки дар дили худ мегӯед: ́Суфраи Парвардигор сазовори ҳурмат нест́.
Ва ҳангоме ки шумо ҳайвони кӯрро барои қурбонӣ меоваред, оё ин кор нодуруст нест? Ва ҳангоме ки ҳайвони ланг ва касалро меоваред, оё ин кор нодуруст нест? Агар онро ба волии худ пешкаш намоӣ, оё вай аз ту розӣ шуда, ба ту таваҷҷӯҳ хоҳад кард?» – мегӯяд Парвардигори лашкарҳо.
Ва акнун ба ҳузури Парвардигор илтиҷо намоед, то ки бар мо марҳамат кунад; модоме ки чунин кор аз дасти шумо омадааст, оё Ӯ метавонад ба касе аз байни шумо таваҷҷӯҳ намояд? – мегӯяд Парвардигори лашкарҳо.
«Кошки касе низ аз байни шумо ёфт мешуд, ки дарҳоро бандад, то ки бар қурбонгоҳи Ман бар абас оташ дарнагиронанд! Ҳусни таваҷҷӯҳи Ман бар шумо нест, мегӯяд Парвардигори лашкарҳо, ва ҳадияеро аз дасти шумо хоҳон нестам.
Зеро ки аз тулӯи офтоб то ғуруби он номи Ман дар миёни халқҳо бузург аст, ва дар ҳар ҷо ба номи Ман бухур ва ҳадияи поке оварда мешавад, зеро ки номи Ман дар миёни халқҳо бузург аст, мегӯяд Парвардигори лашкарҳо.
Валекин шумо онро беҳурмат месозед бо ин ки дар дили худ мегӯед: ́Суфраи Парвардигор палид аст, ва неъматаш, яъне таомаш сазовори ҳурмат нест́.
Ва мегӯед: ́Ин чӣ заҳмат аст!́ Ва ба он беэътиноӣ мекунед, мегӯяд Парвардигори лашкарҳо, ва ҳайвони даридашуда, ва ланг, ва касалро меоваред, ва инро барои ҳадия меоваред; оё Ман онро аз дасти шумо метавонам қабул кунам? – мегӯяд Парвардигор.
Ва малъун бод фиребгаре ки қӯчқори хубе дар рамаи худ дорад, ва назр намудааст, вале ҳайвони маъюберо барои Парвардигор қурбонӣ мекунад, зеро ки Ман, мегӯяд Парвардигори лашкарҳо, Подшоҳи бузург ҳастам, ва номи Ман дар миёни халқҳо саҳмгин аст».

Толкования стиха Скопировать ссылку Скопировать текст Добавить в избранное
Библ. энциклопедия Библейский словарь Словарь библ. образов Практическая симфония
Цитата из Библии каждое утро
TG: t.me/azbible
Viber: vb.me/azbible