Скрыть
1:7
1:12
СУХАНОНИ Омӯс, ки аз чӯпонони Тақӯо буд, ва дар айёми Узиё, подшоҳи Яҳудо, ва дар айёми Ёробъом ибни Юош, подшоҳи Исроил, ду сол пеш аз заминҷунбӣ, онҳоро дар бораи Исроил дар рӯъё дид.
Ва гуфт: Парвардигор аз Сион наъра мезанад, ва аз Ерусалим овози Худро мешунавонад, ва чарогоҳҳои чӯпонон мотам мегиранд, ва қуллаи Кармил хушк мешавад.
Парвардигор чунин мегӯяд: «Барои се ҷинояти Димишқ, ва барои чор ҷинояташ ғазабамро аз он нахоҳам баргардонид, чунки Ҷилъодро бо ғаллакӯбакҳои оҳанин кӯфтанд.
Ва оташе ба хонадони Ҳазоил хоҳам фиристод, ва қасрҳои Бин-Ҳададро фурӯ хоҳад бурд.
Ва ғалақаи Димишқро хоҳам шикаст, ва сокинонро аз водии Овин, ва дорандаи чӯбдасти салтанатро аз Байт-Адан нобуд хоҳам кард, ва қавми Арам ба Қир ба асирӣ хоҳанд рафт», мегӯяд Парвардигор.
Парвардигор чунин мегӯяд: «Барои се ҷинояти Ғазза, ва барои чор ҷинояташ ғазабамро аз он нахоҳам баргардонид, чунки тамоми ҷамоатро ба асирӣ бурданд, то ки ба Адӯм таслим кунанд.
Ва оташе ба ҳисори Ғазза хоҳам фиристод, ва қасрҳои онро фурӯ хоҳад бурд.
Ва сокинонро аз Ашдӯд, ва дорандаи чӯбдасти салтанатро аз Ашқалӯн нобуд хоҳам кард, ва дасти Худро бар Эқрӯн хоҳам баргардонид, ва бақияи фалиштиён нест хоҳанд шуд», мегӯяд Парвардигор Худо.
Парвардигор чунин мегӯяд: «Барои се ҷинояти Сӯр, ва барои чор ҷинояташ ғазабамро аз он нахоҳам баргардонид, чунки тамоми ҷамоати асиронро ба Адӯм таслим карданд, ва паймони бародариро ба ёд наоварданд.
Ва оташе ба ҳисори Сӯр хоҳам фиристод, ва қасрҳои онро фурӯ хоҳад бурд».
Парвардигор чунин мегӯяд: «Барои се ҷинояти Адӯм, ва барои чор ҷинояташ ғазабамро аз он нахоҳам баргардонид, чунки бародари худро бо шамшер таъқиб кард, ва раҳму шафқати худро барҳам дод, ва хашмаш доимо шиддат меёфт, ва ғазаби худро ҳамеша нигоҳ медошт.
Ва оташе ба Темон хоҳам фиристод, ва қасрҳои Басраро фурӯ хоҳад бурд».
Парвардигор чунин мегӯяд: «Барои се ҷинояти банӣ Аммӯн, ва барои чор ҷинояташон ғазабамро аз онҳо нахоҳам баргардонид, чунки занони ҳомилаи Ҷилъодро шикамчок карданд, то ки ҳудуди худро васеъ гардонанд.
Ва оташе дар ҳисори Рабба хоҳам дардод, ва қасрҳои онро дар миёни нидоҳои рӯзи корзор, дар тундбоди рӯзи тӯфон фурӯ хоҳад бурд.
Ва подшоҳи онҳо ба асирӣ хоҳад рафт, – вай, ва миронаш ҳамроҳи вай», мегӯяд Парвардигор.

Толкования стиха Скопировать ссылку Скопировать текст Добавить в избранное
Библ. энциклопедия Библейский словарь Словарь библ. образов Практическая симфония
Цитата из Библии каждое утро
TG: t.me/azbible
Viber: vb.me/azbible