Скрыть
1:2
1:6
1:9
1:10
1:11
1:16
1:17
Сухани Парвардигор, ки бар Сафанё писари Кушӣ, писари Гадалё, писари Амарё, писари Ҳизқиё, дар рӯзгори Юшиё писари Омӯн, подшоҳи Яҳудо, фурӯд омад.
«Ҳамаро аз рӯи замин тамоман нобуд мекунам», мегӯяд Парвардигор.
«Одамизод ва чорпоёнро нобуд мекунам, мурғони ҳаво ва моҳиёни баҳр, ва сангҳои пешпоро ҳамроҳи бадкорон нобуд мекунам; ва одамизодро аз рӯи замин нест мекунам», мегӯяд Парвардигор.
«Ва дасти Худро бар Яҳудо ва бар ҳамаи сокинони Уршалим дароз мекунам, ва бақияи Баал, ва номҳои пешвоёни бутпарастонашро ҳамроҳи коҳинонаш нест мекунам;
Ва онҳоеро низ, ки бар бомҳо ба лашкари осмон саҷда мекунанд, ва онҳоеро, ки саҷда карда, ба Парвардигор қасам мехӯранд ва ба Милкум қасам мехӯранд,
Ва онҳоеро низ, ки аз Парвардигор гаштаанд, яъне Парвардигорро намеҷӯянд ва Ӯро наметалабанд».
Пеши Худованд Парвардигор хомӯш бош! Зеро рӯзи Парвардигор наздик аст; зеро Парвардигор қурбоние тайёр кардааст, даъватшудагони Худро пок намудааст.
«Ва дар рӯзи қурбонии Парвардигор чунин хоҳад буд, ки Ман сарварон, ва писарони подшоҳ, ва ҳамаи онҳоеро, ки либоси бегона мепӯшанд, ҷазо хоҳам дод.
Ва дар он рӯз ҳамаи онҳоеро, ки аз остона ҷаста мегузаранд, ва хонаи хоҷаи худро аз ситам ва фиреб пур мекунанд, ҷазо хоҳам дод».
«Ва дар он рӯз чунин хоҳад буд», мегӯяд Парвардигор, «ки садои фиғон аз дарвозаи моҳиён, ва вовайло аз маҳаллаи дуюм, ва шикастагии бузурге аз болои пуштаҳо ба гӯш хоҳад расид.
Вовайло кунед, эй сокинони Мактеш, зеро тамоми мардуми савдогар нобуд гардидаанд, ҳамаи нуқраандӯзон нест шудаанд.
Ва дар он вақт чунин хоҳад буд, ки Ман Уршалимро бо чароғҳо тафтиш хоҳам кард, ва шахсонеро, ки бар дурди худ нишаста, дар дили худ мегӯянд: ́Парвардигор на некӣ мекунад ва на бадӣ́, ҷазо хоҳам дод.
Ва дороии онҳо ба ғанимат гирифта ва хонаҳои онҳо валангор хоҳанд шуд; ва хонаҳо бино хоҳанд кард, вале дар онҳо сокин нахоҳанд шуд, ва токҳо хоҳанд шинонид, вале майи онҳоро нахоҳанд нӯшид».
Рӯзи бузурги Парвардигор наздик аст, он наздик аст ва хеле мешитобад: садои рӯзи Парвардигор ба гӯш мерасад! Он гоҳ паҳлавон ҳам фиғони талх хоҳад бардошт.
Он рӯз рӯзи ғазаб аст, рӯзи тангӣ ва бадбахтӣ, рӯзи вайронӣ ва харобӣ, рӯзи торикӣ ва тирагӣ, рӯзи абр ва меғ,
Рӯзи шайпур ва нидоҳо бар шаҳрҳои девордор ва бар бурҷҳои баланд.
Ва Ман одамонро ба танг меоварам, ва онҳо монанди кӯрон роҳ хоҳанд рафт, зеро пеши Парвардигор гуноҳ кардаанд; ва хунашон монанди ғубор, ва гӯшташон монанди саргин рехта хоҳад шуд.
Дар рӯзи ғазаби Парвардигор онҳоро на нуқраи онҳо наҷот дода метавонад, на тиллои онҳо; ва бо оташи рашки Ӯ тамоми замин фурӯ бурда хоҳад шуд, зеро Ӯ бар ҳамаи сокинони замин ҳалокате, он ҳам ҳалокати ногаҳоние, хоҳад овард.

Толкования стиха Скопировать ссылку Скопировать текст Добавить в избранное
Библ. энциклопедия Библейский словарь Словарь библ. образов Практическая симфония
Цитата из Библии каждое утро
TG: t.me/azbible
Viber: vb.me/azbible