Скрыть
1:1
1:7
1:9
1:10
1:14
Ваҳй дар бораи Нинве; китоби рӯъёи Наҳуми алқӯшӣ.
Парвардигор Худои ғаюр ва интиқомгир аст; Парвардигор интиқомгир ва пурхашм аст; Парвардигор аз адуёнаш интиқом мегирад, ва хашми Худро барои душманонаш нигоҳ медорад.
Парвардигор пурсабр ва бузургқувват аст, ва беҷазо намегузорад; роҳи Парвардигор дар тундбод ва тӯфон аст, ва абрҳо ғубори пои Ӯст.
Бар баҳр итоб менамояд, ва онро хушк мекунад, ва ҳамаи наҳрҳоро хушконидааст; Бошон ва Кармил пажмурда гаштааст, ва гули Лубнон пажмурда гаштааст.
Кӯҳҳо аз Ӯ ба ларза омадааст, ва пуштаҳо гудохта шудааст; ва замин аз ҳузури Ӯ ҷунбиш кардааст, ва ҷаҳон ва ҳамаи сокинони он низ.
Пеши ғазаби Ӯ кист, ки тавонад истодагӣ кунад? Ва кист, ки ба хашми Ӯ тавонад тоб оварад? Қаҳри Ӯ мисли оташ забона мезанад, ва сахраҳо аз шиддати он пора-пора мешавад.
Парвардигор некӯст – дар рӯзи мусибат паноҳгоҳи мустаҳкам аст, ва паноҳбарони Худро мешиносад.
Ва бо селоби шадиде Ӯ макони онро тамоман ба ҳалокат хоҳад расонид, ва торикӣ душманони Ӯро таъқиб хоҳад кард.
Дар бораи Парвардигор шумо чӣ андеша доред? Ӯ тамоман ба ҳалокат хоҳад расонид, ва мусибат бори дигар ба миён нахоҳад омад.
Зеро, азбаски мисли хорҳо ба ҳам печидаанд ва мисли майзадагон масту мадҳуш шудаанд, онҳо мисли коҳи хушк комилан хоҳанд сӯхт.
Машваратчии шарире ки дар бораи Парвардигор андешаи бад дорад, аз ту берун омадааст.
Парвардигор чунин мегӯяд: «Ҳарчанд онҳо пурзӯр ва сершумор бошанд ҳам, вале шикаст хӯрда, аз назар ғоиб хоҳанд шуд; ва туро, эй Яҳудо, ки ба азият дучор намудаам, дигар азият нахоҳам дод.
Ва алҳол юғи вайро аз гардани ту хоҳам шикаст, ва бандҳои туро хоҳам барканд».
Ва дар бораи ту Парвардигор амр фармудааст: «Насле бо номи ту дигар нахоҳад буд; аз хонаи худоёнат санам ва бутро нобуд хоҳам кард, қабри туро дар он ҷо хоҳам сохт, зеро ки ту разил будӣ».
Инак, бар кӯҳҳо пойҳои башоратдиҳандае ки аз сулҳу осоиштагӣ хабар медиҳад: идҳои худро, эй Яҳудо, ид намо, назрҳои худро ба ҷо биёр, зеро ки шарир дигар аз ту қадамгузор нахоҳад шуд: вай саросар нобуд гардидааст.

Толкования стиха Скопировать ссылку Скопировать текст Добавить в избранное
Библ. энциклопедия Библейский словарь Словарь библ. образов Практическая симфония
Цитата из Библии каждое утро
TG: t.me/azbible
Viber: vb.me/azbible