Скрыть
1:2
1:6
1:7
1:10
1:11
1:13
1:15
1:18
1:19
1:20
1:21
Дар моҳи ҳаштум, дар соли дуюми Дорёвеш, сухани Парвардигор бар Закарёи пайғамбари писари Баракё, писари Идду фурӯд омада, гуфт:
«Парвардигор бар падарони шумо хеле хашмгин буд,
ва ту ба онҳо бигӯй: Парвардигори лашкарҳо чунин мегӯяд: сӯи Ман баргардед, мегӯяд Парвардигори лашкарҳо, ва Ман сӯи шумо хоҳам баргашт, мегӯяд парвардигори лашкарҳо.
Монанди падарони худ набошед, ки пайғамбарони пешина онҳоро хонда, гуфтанд: ́Парвардигори лашкарҳо чунин мегӯяд: аз роҳҳои бади худ ва аз корҳои бади худ баргардед́, вале онҳо нашуниданд ва ба Ман гӯш надоданд, мегӯяд Парвардигор.
Падарони шумо – куҷоянд онҳо? Ва пайғамбарон – магар онҳо ҷовидона зиндагӣ мекунанд?
Аммо суханони Ман ва қоидаҳои Ман, ки ба бандагони Худ пайғамбарон фармуда будам, магар ба сари падарони шумо наомаданд? Ва онҳо баргаштанд ва гуфтанд: ́Чунон ки Парвардигори лашкарҳо қарор дода буд, ки бо мо мувофиқи роҳҳоямон ва корҳоямон амал намояд, ончунон бо мо амал намуд́».
Дар рӯзи бисту чоруми моҳи ёздаҳум, ки моҳи шебот бошад, дар соли дуюми Дорёвеш, сухани Парвардигор бар Закарёи пайғамбари писари Баракё, писари Идду фурӯд омада, чунин гуфт:
«Имшаб дидам, ва инак марде бар аспи сурх савор буд, ва ӯ дар миёни дарахтони ос, ки дар водӣ буданд, меистод, ва дар ақиби ӯ аспони сурх, зард ва сафед буданд.
Ва ман гуфтам: ́Инҳо чистанд, эй хоҷаам?́ Ва фариштае ки бо ман сухан меронд, ба ман гуфт: ́Ман ба ту нишон медиҳам, ки инҳо чистанд́.
Ва марде ки дар миёни дарахтони ос меистод, ҷавоб гардонда, гуфт: ́Инҳо касоне ҳастанд, ки Парвардигор фиристодааст, то ки бар замин гаштугузор кунанд́.
Ва онҳо ба фариштаи Парвардигор, ки дар миёни дарахтони ос меистод, ҷавоб гардонда, гуфтанд: ́Мо бар замин гаштугузор кардем, ва инак, тамоми замин дар оромӣ сокин аст́.
Ва фариштаи Парвардигор ҷавоб гардонда, гуфт: ́Эй Парвардигори лашкарҳо! То ба кай бар Уршалим ва шаҳрҳои Яҳудо, ки дар ин ҳафтод сол Ту ба онҳо хашмгин будӣ, раҳм нахоҳӣ кард?́
Ва Парвардигор ба фариштае ки бо ман сухан меронд, бо суханони хуб, бо суханони дилбардорӣ ҷавоб гардонд.
Ва фариштае ки бо ман сухан меронд, ба ман гуфт: ́Нидо намуда, бигӯй: Парвардигори лашкарҳо чунин мегӯяд: Ман дар бораи Уршалим ва дар бораи Сион бо рашки бузурге рашк кардам.
Ва бар халқҳои бепарво хеле хашмгин ҳастам: ҳангоме ки хашми Ман андак буд, онҳо бадиро афзун карданд.
Бинобар ин Парвардигор чунин мегӯяд: ба Уршалим бо раҳм хоҳам баргашт; хонаи Ман дар он сохта хоҳад шуд, мегӯяд Парвардигори лашкарҳо, ва ресмони андоза бар Уршалим кашида хоҳад шуд.
Боз нидо намуда, бигӯй: Парвардигори лашкарҳо чунин мегӯяд: боз шаҳрҳои Ман аз нозу неъмат лабрез хоҳанд шуд, ва Парвардигор боз Сионро дилбардорӣ хоҳад кард, ва боз Уршалимро хоҳад баргузид́».
Ва ман чашмони худро боло карда, дидам, ва инак чор шох буд.
Ва ба фариштае ки бо ман сухан меронд, гуфтам: «Инҳо чистанд?» Ва ӯ ба ман гуфт: «Инҳо шохҳое мебошанд, ки Яҳудо ва Исроил ва Уршалимро пароканда кардаанд».
Ва Парвардигор чор оҳангарро ба ман нишон дод.
Ва ман гуфтам: «Инҳо барои чӣ гуна коре омадаанд?» Ва ӯ ба ҷавоб гуфт: «Ин шохҳо Яҳудоро чунон пароканда кардаанд, ки касе сари худро наметавонад бардорад; вале инҳо омадаанд, то ки бар онҳо даҳшат оваранд, шохҳои халқҳоеро шикаста партоянд, ки бар замини Яҳудо шох бардоштаанд, то ки онро пароканда намоянд».

Толкования стиха Скопировать ссылку Скопировать текст Добавить в избранное
Библ. энциклопедия Библейский словарь Словарь библ. образов Практическая симфония
Цитата из Библии каждое утро
TG: t.me/azbible
Viber: vb.me/azbible