Скрыть
1:2
1:4
1:5
1:7
1:8
1:10
1:11
1:12
1:13
1:15
1:17
1:19
1:20
1:23
1:25
1:30
Дар ибтидо Худо осмон ва заминро офарид.
Ва замин бешакл ва холӣ буд, ва торикӣ бар рӯи обҳои азим; ва Рӯҳи Худо бар рӯи об дар парвоз буд.
Ва Худо гуфт:«Рӯшноӣ бишавад». Ва рӯшноӣ шуд.
Ва Худо рӯшноиро дид, ки хуб аст; ва Худо рӯшноиро аз торикӣ ҷудо кард.
Ва Худо рӯшноиро рӯз номид, ва торикиро шаб номид. Ва шом буд, ва субҳ буд: рӯзи аввал.
Ва Худо гуфт: «Фалаке бошад дар миёни об, ва обро аз об ҷудо кунад».
Ва Худо фалакро ба вуҷуд овард; ва оби зери фалакро аз оби болои фалак ҷудо кард. Ва чунин шуд.
Ва Худо фалакро осмон номид. Ва шом буд, ва субҳ буд: рӯзи дуюм.
Ва Худо гуфт: «Оби зери осмон дар як ҷо ҷамъ шавад, ва хушкӣ намудор шавад». Ва чунин шуд.
Ва Худо хушкиро замин номид, ва маҷмӯи обҳоро баҳрҳо номид. Ва Худо дид, ки хуб аст.
Ва Худо гуфт: «Замин растанӣ бирӯёнад, алафе ки тухм меоварад, дарахти мевадоре ки мувофиқи ҷинси худ мева медиҳад, ки тухмаш дар он бар рӯи замин бошад». Ва чунин шуд.
Ва замин растанӣ рӯёнид, алафе ки мувофиқи ҷинси худ тухм меоварад, ва дарахти мевадоре ки тухмаш дар он мувофиқи ҷинси худ бошад. Ва Худо дид, ки хуб аст.
Ва шом буд, ва субҳ буд: рӯзи сеюм.
Ва Худо гуфт: «Нурдиҳандаҳо дар фалаки осмон бошанд, то ки рӯзро аз шаб ҷудо кунанд, ва барои аломатҳо, ва замонҳо, ва рӯзҳо, ва солҳо бошанд;
Ва нурдиҳандаҳо дар фалаки осмон бошанд, то ки бар замин рӯшноӣ диҳанд». Ва чунин шуд.
Ва Худо ду нурдиҳандаи бузург ба вуҷуд овард: нурдиҳандаи калонтар, барои ҳукумронӣ бар рӯз, ва нурдиҳандаи хурдтар, барои ҳукумронӣ бар шаб, ва ситорагон;
Ва Худо онҳоро дар фалаки осмон гузошт, то ки бар замин рӯшноӣ диҳанд,
Ва бар рӯзу шаб ҳукм ронанд, ва рӯшноиро аз торикӣ ҷудо кунанд. Ва Худо дид, ки хуб аст.
Ва шом буд, ва субҳ буд: рӯзи чорум.
Ва Худо гуфт: «Об аз ҷонварҳои бешумор пур шавад; ва паррандагон болои замин, бар рӯи фалаки осмон парвоз кунанд».
Ва Худо аждарҳои бузург ва ҳар гуна ҷонварҳои хазандаро, ки об аз онҳо мувофиқи ҷинсашон пур шуд, ва ҳар гуна паррандагони болдорро мувофиқи ҷинсашон офарид. Ва Худо дид, ки хуб аст.
Ва Худо онҳоро баракат дода, гуфт: «Борвар ва афзун шавед, ва обҳои баҳрҳоро пур кунед, ва паррандагон бар замин афзун шаванд».
Ва шом буд, ва субҳ буд: рӯзи панҷум.
Ва Худо гуфт: «Замин ҷони зиндаро мувофиқи ҷинсаш, ҷорпоён, ва хазандагон, ва ҳайвонҳои ваҳшии заминро мувофиқи ҷинсашон берун оварад». Ва чунин шуд.
Ва Худо ҳайвонҳои ваҳшии заминро мувофиқи ҷинсашон, ва чорпоёнро мувофиқи ҷинсашон, ва тамоми хазандагони заминро мувофиқи ҷинсашон ба вуҷуд овард. Ва Худо дид, ки хуб аст.
Ва Худо гуфт: «Одамро ба сурати Мо, ба монанди Мо биофарем; ва онҳо бар моҳиёни баҳр, ва бар паррандагони осмон, ва бар чорпоён, ва бар тамоми замин, ва бар тамоми хазандагоне ки бар замин мехазанд, ҳукм ронанд».
Ва Худо одамро ба сурати Худ офарид, ӯро ба сурати Худо офарид; онҳоро марду зан офарид.
Ва Худо онҳоро баракат дод, ва Худо ба онҳо гуфт: «Борвар ва афзун шавед, ва заминро пур кунед, ва онро соҳибӣ намоед, ва бар моҳиёни баҳр ва бар паррандагони осмон ва бар ҳар ҳайвоне ки бар замин мехазад, ҳукмрон бошед».
Ва Худо гуфт: «Инак, Ман ҳар алафи тухмдорро, ки бар рӯи тамоми замин ҳаст, ва ҳар дарахтеро, ки дорои меваи дарахти тухмдор мебошад, ба шумо додам, то ки барои шумо хӯрок бошад.
Ва ба ҳамаи ҳайвонҳои замин, ва ба ҳамаи паррандагони осмон, ва ба ҳар хазандаи рӯи замин, ки ҷони зинда дорад, Ман тамоми алафи сабзро барои хӯрок додам». Ва чунин шуд.
Ва Худо ҳар он чиро, ки ба амал овард, дид, ва инак, хеле хуб аст. Ва шом буд, ва субҳ буд: рӯзи шашум.

Толкования стиха Скопировать ссылку Скопировать текст Добавить в избранное
Библ. энциклопедия Библейский словарь Словарь библ. образов Практическая симфония
Цитата из Библии каждое утро
TG: t.me/azbible
Viber: vb.me/azbible