Скрыть
1:4
1:5
1:8
1:11
1:12
1:13
Павлус, бандаи Худо ва ҳаввории Исои Масеҳ, ба ҳасби имони баргузидагони Худо ва дониши ростие ки дар диндорист,
Ба умеди ҳаёти ҷовидонӣ, ки Худо, ки наметавонанд дурўғ бигўяд, онро аз азал ваъда кардааст,
Ва дар замони муайян каломи Худро дар паёме зоҳир намудааст, ки он бо амри Наҷотдиҳандаи мо Худо ба ман супурда шудааст,
Ба Титус, фарзанди ҳақиқиам, ки ҳар дуи мо дар як имон муштаракем, файз, марҳамат ва осоиштагӣ аз ҷониби Худои Падар ва Наҷотдиҳандаи мо Исои Масеҳи Худованд бод.
Барои он туро дар Крит мондаам, ки корҳои нотамомро ба анҷом расонӣ ва дар ҳамаи шаҳрҳо пиронро таъин намоӣ, чунон ки ба ту амр фармудаам:
Агар касе беайб ва соҳиби як зан буда, фарзандони имондоре дошта бошад, ки дар фисқи фуҷур ё беитоатӣ мазаммат нашудаан.
Зеро ки усқуф бояд, чун муваккали Худо, беайб бошад, на худписанд, на хашмгин, на бадмаст, на муштзўр, на тамаъкор,
Балки меҳмоннавоз, хайрхоҳ, боисмат, боинсоф, парҳезгор, худдор.
Ў бояд ба каломи ҳақиқӣ, ки мувофиқи таълимот аст, қоим бошад, то ки баъзеро бо таълимоти солим насиҳат диҳад ва мухолифонро танбеҳ кунад.
Зеро ки бисьёр касон беитоат, ёвагўй ва фиребгар ҳастанд, алалхусус аз байни махтунон.
Даҳонашон бояд баста шавад: онҳо хонаҳои томро фосид карда, аз рўи тамаи нангин, чизҳое таълим медиҳанд, ки шоиста нест.
Шоире аз байни худашон чун набие чунин гуфтааст: ́Критиён ҳамеша дуруўғгў ҳастанд, ва даррандагони бадкин, ва шикампарастони танбал́.
Ин шаҳодат дуруст аст. Ба ин сабаб онҳоро ба таври ҷиддӣ мазаммат намо, то ки дар имон солим бошанд,
Ва ба қиссаҳои яҳудиён ва ба аҳкоми одамоне ки аз ростӣ рўй мегардонанд, гўш наандозанд.
Барои покон ҳама чиз пок аст; вале барои палидон ва беимонон ҷеҳ чиз пок нест, балки ҳам хиради онҳо ва ҳам виҷдонашон палид гардидааст.
Онҳо мегўянд ки Худоро мешиносанд, лекин бо аъмолашон Ўро инкор ненамоянд, дар ҳолате ки зишткор ва беитоат буда, ба ҳеҷ амали нек қобил нестанд.

Толкования стиха Скопировать ссылку Скопировать текст Добавить в избранное
Библ. энциклопедия Библейский словарь Словарь библ. образов Практическая симфония
Цитата из Библии каждое утро
TG: t.me/azbible
Viber: vb.me/azbible