Скрыть
1:3
1:5
1:7
1:10
1:11
1:12
1:13
1:14
1:15
1:18
1:19
1:22
Ва воқеъ шуд дар айёми ҳокимияти доварон, ки бар замин гуруснагӣ хушкӣ падид омад. Ва марде аз Байт-Лаҳми Яҳудо рафт, то ки дар замини Мӯоб сокин шавад, – ӯ ва занаш, ва ду писараш.
Номи он мард Элимелех буд, ва номи занаш – Ноомӣ, ва номи ду писараш – Маҳлӯн ва Килйӯн. Онҳо эфротиёни Байт-Лаҳми Яҳудо буданд, ва ба замини Мӯоб омада, дар он сокин шуданд.
Ва Элимелех, шавҳари Ноомӣ, мурд, ва ӯ бо ду писараш монд.
Онҳо барои худ занони мӯобӣ мӯобия гирифтанд, ки номи яке Орфо ва номи дигаре Рут буд; ва дар он ҷо қариб даҳ сол иқомат карданд.
Ва ҳар дуяшон – Маҳлӯн ва Килйӯн низ мурданд; ва он зан аз ду фарзандаш ва аз шавҳараш маҳрум монд.
Ва ӯ бо арусҳои келинҳои худ бархост, то ки аз замини Мӯоб баргардад, зеро дар замини Мӯоб шунид, ки Парвардигор қавми Худро бозҷӯӣ намуда, ба онҳо нон додааст;
Ва аз маконе ки дар он иқомат дошт, берун омад, ва ду келинаш ҳамроҳи ӯ буданд; ва роҳсипор шуданд, то ки ба замини Яҳудо баргарданд.
Ноомӣ ба ду келини худ гуфт: «Биравед, ва ҳар яке ба хонаи модари худ баргардед. Бигзор Парвардигор ба шумо меҳрубонӣ кунад, чунон ки шумо ба мурдагон ва ба ман кардед!
Бигзор Парвардигор ба шумо ато кунад, ки ҳар кадоматон дар хонаи шавҳари худ фароғат оромӣ роҳат ёбед!» Ва онҳоро бӯса кард. Вале онҳо овози худро баланд карда, гиристанд,
Ва ба ӯ гуфтанд, ки «бо ту назди қавми ту хоҳем баргашт».
Валекин Ноомӣ гуфт: «Баргардед, духтаронам! Чаро ҳамроҳи ман меоед? Оё ҳанӯз дар батни ман писарон ҳастанд, ки барои шумо шавҳар шаванд?
Баргардед, духтаронам, биравед! Зеро ки ман пир шудаам ва наметавонам шавҳар кунам. Ҳатто агар мегуфтам, ки ́ҳанӯз умеде дорам́, ва худи ҳамин шаб шавҳар мекардам ва писарон низ мезоидам, –
Оё ба онҳо то дами калон шуданашон интизорӣ хоҳед кашид? Оё аз барои онҳо худро аз шавҳар кардан хоҳед боздошт? Не, духтаронам! Ман барои шумо хеле ғамгинам; дар асл, дасти Парвардигор ба ман шикаст расондааст».
Онҳо боз овози худро баланд карда, гиристанд. Ва Орфо модаршӯи худро бӯсида, падруд видоъ кард, вале Рут бо ӯ монд;
Ва ӯ гуфт: «Инак, дағечат назди қавми худ ва назди худоёни худ баргашт; ту низ аз паси дағечат баргард».
Вале Рут гуфт: «Маро водор накун, ки туро тарк намоям ва аз пеши ту баргардам, зеро ба ҳар ҷое ки ту биравӣ, хоҳам рафт, ва дар ҳар ҷое ки ту иқомат кунӣ, иқомат хоҳам кард: қавми ту қавми ман ва Худои ту Худои ман хоҳад буд;
Дар ҳар ҷое ки ту бимирӣ, хоҳам мурд ва дар он ҷо дафн хоҳам шуд. Бигзор Парвардигор дар ҳаққи ман чунин ва чунин кунад ва зиёда аз он кунад, агар чизе ғайр аз марг маро аз ту ҷудо кунад!»
Чун ӯ дид, ки вай иродаи устувор азми қавӣ дорад ҳамроҳи ӯ биравад, дигар ба вай сухане нагуфт.
Ва ҳар дуяшон равона шуданд, то даме ки ба Байт-Лаҳм расиданд. Ва ҳангоме ки ба Байт-Лаҳм ворид шуданд, тамоми аҳли шаҳр аз онҳо ба ҳаяҷон омаданд, ва занон гуфтанд: «Оё ин Ноомист?»
Ба онҳо гуфт: «Маро Ноомӣ нахонед, балки Марро бихонед, зеро ки Тавоно Зӯрофарин талхии зиёде бар сарам овард:
Ман пурганҷ рафта будам, ва Парвардигор маро дастхолӣ баргардонд. Пас, чаро маро Ноомӣ мехонед, дар сурате ки Парвардигор маро ба азобу уқубат гирифтор кардааст, ва Тавоно бадбахтӣ бар сарам овардааст?»
Ва Ноомӣ чунин баргашт, ва келинаш – Рути мӯобия, ки аз замини Мӯоб баргашта буд, ҳамроҳи ӯ буд; ва онҳо дар аввали дарави ҷав ба Байт-Лаҳм ворид шуданд.

Толкования стиха Скопировать ссылку Скопировать текст Добавить в избранное
Библ. энциклопедия Библейский словарь Словарь библ. образов Практическая симфония
Цитата из Библии каждое утро
TG: t.me/azbible
Viber: vb.me/azbible