Скрыть
1:1
1:3
1:4
1:6
1:7
1:8
1:10
1:11
1:12
1:13
1:15
1:16
1:18
1:19
1:20
1:21
1:22
1:23
1:24
1:25
1:26
1:28
1:29
1:30
1:34
1:36
1:37
1:38
1:39
1:40
1:41
1:42
1:43
1:44
1:45
1:47
1:48
1:49
1:56
1:57
1:58
1:59
1:60
1:61
1:62
1:63
1:64
1:65
1:66
1:67
1:71
1:77
1:79
1:80
Азбаски бисьёр касон ба тартиб додани нақли воқеаҳое шурўъ карданд, ки рўй доданашон дар миёни мо пурра маълум аст,
Чунон ки аз ибтидо ба василаи шоҳидон ва ходимони Калом ба мо расондаанд,
Ман низ салоҳ донистам, ки ҳама чизро аз худи аввал бодиққат тадқиқ намуда, пай дар ҳам барои ту, эй Теофилуси мўҳтарам, бинависам,
То ки ту боэътимодии таълимотеро, ки дар он тарбия ёфтаӣ, бидонӣ.
Дар айёми Ҳиродус, подшоҳи Яҳудо, Закарьё ном коҳине аз навбати Абиё буд, ва зани ў аз духтарони Ҳорун буда, Элисабаъ ном дошт.
Ҳар дуи онҳо пеши Худо одил буданд ва аз рўи тамоми аҳком ва фароизи Худованд бекаму кост рафтор мекарданд.
Онҳо фарзанд надоштанд, зеро ки Элисабаъ нозой буд, ва ҳар ду ба пиронсолагӣ расида буданд.
Боре, вақте ки ў бо навбати худ пеши Худо каҳонат мекард,
Мувофиқи таомули каҳонат, қуръа ба номи ў баромад, ки ба маъбади Худованд даромада, бухур кунад;
Ва дар вақти бухур карданаш тамоми ҷамоат дар берун дуо мегуфт.
Баногоҳ фариштаи Худованд бар ў зоҳир гардида, дар тарафи рости қурбонгоҳи бухур истод.
Закарьё аз ин рўъё музтариб шуда, ба ҳарос афтод.
Аммо фаришта ба ў гуфт: “Эй Закарьё, натарс, зеро ки дуои ту мустаҷоб шудааст, ва зани ту Элисобаъ ба ту писаре хоҳад зоид, ва ту ўро Яҳьё хоҳӣ номид“.
Ва туро шодмонӣ ва хурсандӣ насиб хоҳад шуд, ва бисьёр касон ба таваллуди ў шодӣ хоҳанд кард.
Зеро ки ў дар назди Худованд бузург хоҳад буд, ва шароб ва арақ нахоҳид нўшид, ва аз шиками модари худ аз Рўҳулқкудс пур хоҳад буд,
Ва бисьёр касонро аз банӣ-Исроил ба Худованд Худои онҳо руҷуъ хоҳад кунонд.
Ва пешопеши Ў бо рўҳ ва қувваи Ильёс қадам хоҳад зад, то ки дилҳои падаронро ба фарзандон ва номутеонро ба ҳикмати одилон баргардонад ва халқи дурусте барои Худованд муҳайё созад“.
Закарьё ба фаришта гуфт: “Инро аз рўи чӣ бидонам? Зеро ки ман пир ҳастам, ва зани ман низ ба пиронсолагӣ расидааст“.
Фаришта дар ҷавоби ў гуфт: “Ман Ҷаброил ҳастам, ки ба ҳузури Худо меистам, ва фиристода шудаам барои он ки бо ту сухан ронам ва ин муждаро ба ту бирасонам.
Ва инак, забонат лол шуда, то рўзи ба амал омдани ин ту имконияти гап задан нахоҳи дошт, аз барои он ки ба суханони ман, ки дар вақти худ ба иҷро хоҳанд расид, имон наовардӣ“.
Дар ин миён ҷамоат мунтазири Закарьё буданд ва тааҷҷуб менамуданд, ки ў дар маъбад даранг мекунад.
Ва ҳангоме ки берун омад, ба онҳо гап зада натавонист, ва онҳо фаҳмиданд, ки ў дар маъбад рўъёе дидааст; ва ў ба онҳо имову ишора мекард, ва забонаш лол шуда буд.
Вақте ки рўзҳои хизматаш ба анҷом расид, ба хонаи худ рафт.
Ва баъд аз он рўзҳо зани ў, Элисобаъ. ҳомила шуда, панҷ моҳ худро аз ҳама пинҳон дошт, ва гуфт:
„Дар ин рўзҳо Худованд назар карда, ба ман чунин амал кард, то ки нанги маро аз миёни мардум бардорад“.
Ва дар моҳи шашум Ҷабраили фаришта аз ҷониби Худо ба Носира ном шаҳри Ҷалил фиристода шуд.
Назди бокирае ки номзади Юсуф ном марде аз хонадони Довуд буд; ва номи он бокира Марьям буд.
Ва фаришта назди вай омада, гуфт: “Салом бар ту, эй пурфайз! Худованд бо туст; ту дар миёни занон муборак ҳастӣ“.
Аммо вай ўро дида, аз суханонаш музтариб шуд ва дар дили худ гуфт, ки ин чӣ саломе бошад.
Ва фаришта ба вай гуфт: “Эй Марьям, натарс, зеро ки ту назди Худо файз ёфтаӣ;
Ва инак, ҳомила шуда, Писаре хоҳӣ зоид, ва Ўро Исо хоҳӣ номид;
Ва Ў бузург хоҳад буд ва Писари Ҳаққи Таоло номида хоҳад шуд; ва Худованд Худо тахти падараш Довудро ба Ў хоҳад дод;
Ва Ў ба хонадони Яъқуб то абад салтанат хоҳад ронд, ва салтанати Ў интиҳо нахоҳад дошт“
Марьям ба фаришта гуфт: “Ин чӣ гуна мешавад, дар сурате ки ман бокира ҳастам?“
Фаришта дар ҷавоби вай гуфт: “Рўҳулқудс бар ту хоҳад омад, ва қуввати Ҳаққи Таоло бар ту соя хоҳад афканд; бинобар ин он мавлуди Муқаддас ҳам Писари Худо номида хоҳад шуд;
Инак, хеши ту, Элисобаъ, ки ўро нозой меноманд, ў низ дар шиками худ писаре дорад, ва ҳоло моҳи шашуми ўст;
Зеро ки назди Худо ҳеҷ каломе бе оқибат намемонад“.
Марьям гуфт: “Инак, канизи Худованд ҳастам; бигзор бо ман аз рўи каломи ту бишавад“. Ва фаришта аз пеши вай рафт.
Дар он рўзҳо Марьям роҳсипор шуда, бо шитоб ба шаҳре рафт, ки дар кўҳистони Яҳудо воқеъ аст,
Ва ба хонаи Закарьё даромада, ба Элисобаъ салом гуфт.
Ва чун Элисобаъ саломи Марьямро шунид, бача дар шикамаш ба ҷунбиш омад; ва Элисобаъ аз Рўҳулқудс пур шуд,
Ва бо овози баланд хитоб намуда, гуфт: “Ту дар миёни занон муборак ҳастӣ, ва муборак аст самари шиками ту!“.
„Ва ин ба ман аз куҷост, ки модари Худованди ман назди ман омадааст?
Зеро ки чун саломи ту ба гўшам расид, бача аз шодӣ дар шикамам ба ҷунбиш омад;
Ва хушо вай, ки имон овардааст, ки он чи аз ҷониби Худованд ба вай гуфта шудааст, ба амал хоҳад омад“.
Ва Марьям гуфт: “Ҷони ман Худовандро ситоиш мекунад,
Ва рўҳи ман аз Худои Наҷотдиҳандаи ман ба ваҷд омад,
Ки Ў ба фурўтании канизи Худ назар кардааст; зеро ки минбаъд ҳамаи наслҳо маро хушбахт хоҳанд хонд;
Зеро ки он Қодир чизи бузурге барои ман ба амал овард, ва исми Ў муқаддас аст,
Ва марҳамати Ў насл ба насл барои касонест, ки аз Ў метарсанд;
Қуввати бозуи Худро зоҳир сохт; онҳоеро, ки аз андешаҳои дилашон мағрур буданд, пароканда кард;
Зўроваронро аз тахтҳо вожгун сохт ва фурўтанонро сарафроз гардонд;
Гуруснагонро аз неъматҳо пур кард, ва сарватдоронро тиҳидаст фиристод;
Бандаи Худ Исроилро дасгирӣ кард, ба хотираи марҳамати Худ,-
Чунон ки ба падарони мо гуфта буд,-ба Иброҳим ва насли ў то абад“.
Ва Марьям қариб се моҳ назди ў монд ва баъд ба хонаи худ баргашт.
Чун вақти зоидани Элисобаъ расид, ў писаре зоид.
Ва ҳамсояҳо ва хешу табори ў шуниданд, ки Худованд марҳамати Худро ба ў афзун кардааст, ва бо ў шод шуданд.
Ва дар рўзи ҳаштум омаданд, ки кўдакро хатна кунанд, ва мехостад ўро, аз рўи номи падараш, Закарьё ном монанд.
Лекин модараш дар ҷавоб гуфт: “Не, балки ў Яҳьё номида хоҳад шуд“.
Ба вай гуфтанд: “Дар авлоди ту касе нест, ки чунин ном дошта бошад“.
Ва бо имову ишорат аз падараш пурсиданд, ки ўро чӣ ном ниҳодан мехоҳад.
Ў тахтачае талабида, бар он навишт: “Номи ў Яҳьёст“. Ва ҳама мутааҷҷиб шуданд.
Дарҳол даҳон ва забони ў кушода шуд, ва ў ба сухан даромада, Худоро ҳамду сано хонд.
Ва ҳамаи ҳамсояҳои онҳо ба ҳарос афтоданд; ва тамоми ин воқеаро дар сар то сари кўҳистони Яҳудо нақл мекарданд.
Ва ҳар кӣ мешунавид, инро дар дили худ ҷо дода, мегуфт: “Ин кўдак кӣ хоҳад шуд?“ Ва дасти Худованд бо ў буд.
Падари ў, Закарьё аз Рўҳулқудс пур шуд ва нубувват намуда гуфт:
„Муборак аст Худованд Худои Исроил, ки қавми Худро парасторӣ намуда, ба вай халосӣ ато фармудааст,
Ва барои мо дар хонадони бандаи Худ Довуд шохи наҷот барпо кардааст,
Чунон ки аз қадим бо забони анбиёи муқаддаси Худ гуфтааст,
Ки моро аз душманони мо ва аз дасти ҳамаи онҳое ки аз мо нафрат доранд, наҷот хоҳад дод;
Ба падарони мо марҳамат намуда, аҳди муқаддаси Худро,
Қасамеро, ки Ў ба падари мо Иброҳим ёд карда буд ба хотир хоҳад овард,
Ва ба мо имконият хоҳад дод, ки аз дасти душманони худ халос шуда, бе тарсу бим
Ба Ў бо қудсият ва адолат хизмат кунем, дар ҳолате ки тамоми айёми умри худ пеши Ў бошем.
Ва ту, эй кўдак, набии Ҳаққи Таоло хонда хоҳӣ шуд, зеро ки пешопеши Худованд қадам хоҳӣ зад, то ки роҳҳои Ўро муҳайё кунӣ
Ва ба қавми Ў бифаҳмонӣ, ки наҷот дар омурзиши гуноҳҳои онҳст,
Аз умқи марҳамати Худои мо, ки бо он моро Найири Толеъ аз олами боло парасторӣ намуд,
То ки касони дар торикӣ ва дар сояи марг нишастаро мунавар созад ва пойҳои моро ба роҳи осоиштагӣ равона кунад“.
Ва кўдак калон шуда, рўҳаш қавӣ мегашт, ва то рўзе ки бар Исроил зоҳир гардид, дар биёбонҳо буд.
Толкования стиха Скопировать ссылку Скопировать текст Добавить в избранное
Библ. энциклопедия Библейский словарь Словарь библ. образов Практическая симфония
Цитата из Библии каждое утро
TG: t.me/azbible
Viber: vb.me/azbible