Скрыть
1:2
1:5
1:8
1:10
1:11
1:12
1:13
1:15
1:17
Ва Парвардигор Мусоро хонд, ва аз хаймаи ҷомеъ ба ӯ сухан ронда, гуфт:
«Ба банӣ Исроил сухан ронда, ба онҳо бигӯ: вақте ки касе аз шумо бихоҳад барои Парвардигор қурбонӣ кунад, – қурбонии худро аз чорпоён, яъне аз галаи говон ва аз рамаи гӯсфандон ва бузон тақдим пешкаш намояд.
Агар қурбонии ӯ қурбонии сӯхтание аз гала бошад, бигзор чорпои нари беайбро тақдим намояд; онро назди дари хаймаи ҷомеъ тақдим намояд, то ки ба ҳузури Парвардигор таваҷҷӯҳ ёбад.
Ва дасти худро бар сари қурбонии сӯхтанӣ мемонад, ва ӯ таваҷҷӯҳ меёбад, то ки гуноҳҳояш кафорат шавад.
Ва гӯсоларо ба ҳузури Парвардигор забҳ мекушад мекунад, ва писарони Ҳорун, коҳинон хунро наздик меоваранд, ва хунро бар қурбонгоҳе ки назди хаймаи ҷомеъ ҷамъомад аст, гирдогирд мепошанд.
Ва ӯ қурбонии сӯхтаниро пӯст канда, ба қисмҳои он пора мекунад.
Ва писарони Ҳоруни коҳин бар қурбонгоҳ оташ гузошта, ҳезум бар оташ мечинанд.
Ва писарони Ҳорун, коҳинон, ин қисмҳо, калла ва чарбуро бар ҳезуме ки бар оташи рӯи қурбонгоҳ мебошад, мечинанд.
Ва ӯ рӯда ва шикамбаи он ва почаҳои онро бо об мешӯяд, ва коҳин ҳар он чиро, ки бар қурбонгоҳ мебошад, месӯзонад, – ин қурбонии сӯхтанӣ, ҳадияи оташӣ оташин, атри хушбӯй барои Парвардигор аст.
Ва агар қурбонии ӯ аз рама, яъне аз гӯсфандон ё аз бузон бошад, бигзор барои қурбонии сӯхтанӣ чорпои нари беайбро тақдим намояд.
Ва онро бар тарафи шимолии қурбонгоҳ ба ҳузури Парвардигор забҳ мекунад, ва писарони Ҳорун, коҳинон, хуни онро бар қурбонгоҳ гирдогирд мепошанд.
Ва ӯ онро ба қисмҳои он пора карда, каллааш ва чарбуяшро ҷудо мекунад, ва коҳин онҳоро бар ҳезуме ки бар оташи рӯи қурбонгоҳ мебошад, мечинад.
Ва ӯ амъо ва почаҳоро бо об мешӯяд; ва коҳин ҳамаашро наздик оварда, бар қурбонгоҳ месӯзонад, – ин қурбонии сӯхтанӣ, ҳадияи оташин, атри хушбӯй барои Парвардигор аст.
Ва агар қурбонии у барои Парвардигор, яъне қурбонии сӯхтанӣ аз паррандагон бошад, бигзор қурбонии худро аз фохтаҳо ё аз чӯҷаҳои кабӯтар пешкаш тақдим намояд.
Ва коҳин онро ба қурбонгоҳ наздик оварда, каллаашро мешиканад, ва бар қурбонгоҳ месӯзонад, пас аз он ки хуни он бар девори қурбонгоҳ фушурда шавад.
Ва чиғилдонашро бо парҳояш ҷудо мекунад, ва онро назди қурбонгоҳ, ба тарафи шарқӣ, дар маконе ки хокистар мебошад, мепартояд.
Ва онро аз миёни болҳояш чок мекунад, вале аз ҳам ҷудо намекунад, ва коҳин онро бар қурбонгоҳ бар ҳезуме ки бар оташ мебошад, месӯзонад, – ин қурбонии сӯхтанӣ, ҳадияи оташин, атри хушбӯй барои Парвардигор аст».

Толкования стиха Скопировать ссылку Скопировать текст Добавить в избранное
Библ. энциклопедия Библейский словарь Словарь библ. образов Практическая симфония
Цитата из Библии каждое утро
TG: t.me/azbible
Viber: vb.me/azbible