Скрыть
1:3
1:6
1:7
1:8
1:10
1:11
1:12
1:13
1:14
1:16
ВА каломи Парвардигор ба самъи Юнус ибни Амитай расид, ки мегуфт:
«Бархез, ба Нинве – шаҳри бузург – бирав ва дар он мавъиза намо, зеро ки бадкории онҳо то ба пеши Ман баромадааст».
Ва Юнус бархост, то ки аз пеши Парвардигор ба Таршиш бигрезад; ва ба Ёфӯ омада, киштие ёфт, ки ба Таршиш рафтанӣ буд, ва киропулии онро дода, савор шуд, то ки ҳамроҳи онҳо аз пеши Парвардигор ба Таршиш биравад.
Вале Парвардигор боди тунде бар баҳр бархезонд, ва тӯфони бузурге дар баҳр ба амал омад, ва киштӣ ба шикастан наздик буд.
Ва маллоҳон ба ҳарос афтода, ҳар яке ба худои худ истиғоса менамуданд, ва асбобу анҷомеро, ки дар киштӣ буд, дар баҳр мепартофтанд, то ки бори худро сабук кунанд; аммо Юнус ба таҳхонаи сафина фуромада, дароз кашид, ва хоби сахташ бурд.
Ва сардори киштӣ назди ӯ омада, ба ӯ гуфт: «Туро чӣ шудааст, ки хобидаӣ? Бархез, Худои худро бихон; шояд, Худо моро ёд кунад, ва мо ба ҳалокат нарасем».
Ва ба якдигар гуфтанд: «Биёед, қуръа партоем, то бидонем, ки аз боиси кӣ ин офат ба мо расидааст». Ва қуръа партофтанд, ва қуръа ба номи Юнус афтод.
Он гоҳ ба ӯ гуфтанд: «Ба мо бигӯ, ки аз боиси кӣ ин офат ба мо расидааст? Касбу кори ту чист, ва аз куҷо меоӣ? Диёри ту куҷост, ва аз кадом қавм ҳастӣ?»
Ва ӯ ба онҳо гуфт: «Ман ибрӣ ҳастам, ва аз Парвардигор Худои осмон, ки баҳр ва хушкиро офаридааст, метарсам».
Ва он одамон сахт ҳаросон шуда, ба ӯ гуфтанд: «Ин чӣ кор аст, ки кардӣ?» Зеро он одамон донистанд, ки ӯ аз пеши Парвардигор гурехтааст, чунон ки худаш ба онҳо баён намуд.
Ва ба ӯ гуфтанд: «Бо ту чӣ кунем, то ки баҳр барои мо сокит шавад?» Зеро ки баҳр беш аз пеш мехурӯшид.
Он гоҳ ӯ ба онҳо гуфт: «Маро бардошта, дар баҳр андозед, – ва баҳр барои шумо сокит хоҳад шуд, зеро ман медонам, ки аз боиси ман ин тӯфони бузург ба сари шумо омадааст».
Лекин он одамон бошиддат бел задан гирифтанд, то киштиро ба хушкӣ баргардонанд, аммо натавонистанд, зеро ки баҳр беш аз пеш бар зидди онҳо мехурӯшид.
Он гоҳ сӯи Парвардигор нидо карда, гуфтанд: «Лутфан, эй Парвардигор, аз боиси ҷони ин одам ба ҳалокат нарасем, ва хуни бегуноҳро ба гардани мо намон; зеро ки Ту, эй Парвардигор, он чи бихостӣ, бикардӣ».
Ва Юнусро бардошта, дар баҳр андохтанд; ва баҳр аз талотумаш бозистод.
Ва он одамон аз Парвардигор сахт тарсиданд, ва барои Парвардигор қурбонӣ карданд, ва назрҳо бастанд.

Толкования стиха Скопировать ссылку Скопировать текст Добавить в избранное
Библ. энциклопедия Библейский словарь Словарь библ. образов Практическая симфония
Цитата из Библии каждое утро
TG: t.me/azbible
Viber: vb.me/azbible