Скрыть
1:2
1:3
1:4
1:7
1:8
1:9
1:10
1:11
1:12
1:13
1:14
1:15
1:16
1:17
1:18
1:19
1:20
1:22
Марде дар замини Ус буд, ки Айюб ном дошт, ва он мард беайб ва росткор ва худотарс буд ва аз бадӣ дур мешуд.
Ва ба ӯ ҳафт писар ва се духтар таваллуд ёфтанд.
Ва чорвои ӯ аз ҳафт ҳазор бузу гӯсфанд ва се ҳазор шутур ва панҷсад ҷуфт гов ва панҷсад модахар иборат буд, ва ӯ ғуломону канизони бағоят зиёде дошт; ва ин мард аз тамоми аҳли шарқ бузургтар буд.
Ва писарони ӯ рафта, дар хонаи ҳар яке дар рӯзи вай базм барпо мекарданд, ва кас фиристода, се хоҳари худро даъват менамуданд, то ки бо онҳо бихӯранд ва бинӯшанд.
Ва ҳангоме ки давраи рӯзҳои базм анҷом меёфт, Айюб кас фиристода, онҳоро пок менамуд, ва саҳаргоҳон бархоста, мувофиқи адади ҳамаи онҳо қурбониҳои сӯхтанӣ мебаровард, зеро ки Айюб мегуфт: «Шояд, писаронам хато карда, Худоро дар дили худ тарк карда бошанд». Айюб ҳама вақт чунин амал мекард.
Ва рӯзе (воқеъ шуд, ки) писарони Худо омаданд, то ки пеши Парвардигор ҳозир шаванд; ва шайтон низ дар миёни онҳо омад.
Ва Парвардигор ба шайтон гуфт: «Аз куҷо омадӣ?» Ва шайтон ба Парвардигор ҷавоб гардонда, гуфт: «Аз давр задан бар замин ва аз гаштугузор кардан бар он».
Ва Парвардигор ба шайтон гуфт: «Оё ба бандаи Ман Айюб диққат додӣ, ки мисли ӯ марди беайб ва росткор ва худотарсе ки аз бадӣ дур мешавад, бар замин нест?»
Ва шайтон ба Парвардигор ҷавоб гардонда, гуфт: «Оё Айюб бесабаб аз Худо метарсад?
Оё Ту барои ӯ ва барои хонаи ӯ ва барои ҳар чизе ки ӯ дорад, гирдогирд ҳисор насохтаӣ? Амали дастҳои ӯро Ту баракат додаӣ, ва чорвои ӯ бар замин паҳн шудааст.
Аммо дасти Худро дароз карда, ба ҳар чизе ки ӯ дорад, бизан, – пеши рӯи Ту Туро бадгӯӣ лаънат тарк хоҳад кард».
Ва Парвардигор ба шайтон гуфт: «Инак, ҳар чизе ки ӯ дорад, дар дасти туст, фақат ба худи ӯ дасти худро дароз накун». Ва шайтон аз пеши Парвардигор рафт.
Ва рӯзе (чунин воқеъ шуд, ки) писарон ва духтарони Айюб дар хонаи бародари нахустзодаи худ мехӯрданд ва май менӯшиданд.
Ва қосиде назди Айюб омада, гуфт: «Говҳо шудгор мекарданд, ва модахарҳо дар паҳлуи онҳо мечариданд,
Ва мардуми Сабо ҳуҷум карда, онҳоро гирифтанд, ва навкаронро ба дами шамшер заданд; ва танҳо ман раҳо шудам, то ки ба ту хабар диҳам».
Ҳанӯз вай сухан меронд, ки дигаре омада, гуфт: «Оташи Худо аз осмон афтода, бузу гӯсфандон ва навкаронро сӯзонд, ва онҳоро нобуд кард; ва танҳо ман раҳо шудам, то ки ба ту хабар диҳам».
Ҳанӯз вай сухан меронд, ки дигаре омада, гуфт: «Калдониён се даста шуда, ба шутурҳо ҳамла оварданд ва онҳоро гирифтанд, ва навкаронро ба дами шамшер заданд; ва танҳо ман раҳо шудам, то ки ба ту хабар диҳам».
Ҳанӯз вай сухан меронд, ки дигаре омада, гуфт: «Писарон ва духтарони ту дар хонаи бародари нахустзодаи худ мехӯрданд ва май менӯшиданд,
Ва инак, боди азиме аз ҷониби биёбон омада, чор кунҷи хонаро фаро гирифт, ва он бар ҷавонон фурӯ рафт, ва онҳо мурданд; ва танҳо ман раҳо шудам, то ки ба ту хабар диҳам».
Он гоҳ Айюб бархоста, ҷомаи худро дарронид чок зад, ва мӯйсари худро тарошид гирифт, ва бар замин афтода, саҷда бурд.
Ва гуфт: «Аз шиками модари худ луч бараҳна берун омадам, ва ба он ҷо бараҳна хоҳам баргашт. Парвардигор дод, ва Парвардигор гирифт. Номи Парвардигор фархунда муборак бод»!
Дар ҳамаи ин Айюб хатое накард, ва аз Худо шикоят нанамуд.

Толкования стиха Скопировать ссылку Скопировать текст Добавить в избранное
Библ. энциклопедия Библейский словарь Словарь библ. образов Практическая симфония
Цитата из Библии каждое утро
TG: t.me/azbible
Viber: vb.me/azbible