Скрыть
1:4
1:7
1:11
1:13
1:16
1:19
СУХАНОНИ Ирмиё ибни Ҳилқиё, аз коҳиноне ки дар Анотӯт, дар замини Бинёмин буданд,
Ки дар айёми Йӯшиё ибни Амӯн подшоҳи Яҳудо, дар соли сездаҳуми подшоҳии вай, каломи Парвардигор бар ӯ нозил шуд,
Ва дар айёми Еҳӯёқим ибни Йӯшиё подшоҳи Яҳудо, то охири соли ёздаҳуми Сидқиё ибни Йӯшиё подшоҳи Яҳудо, то вақте ки Ерусалим дар моҳи панҷум ба асирӣ бурда шуд.
Ва каломи Парвардигор бар ман нозил шуда, гуфт:
«Пеш аз он ки туро дар батн ба вуҷуд оварам, Ман Туро шинохтам, ва пеш аз он ки ту аз шикам берун оӣ, туро тақдис намудам, туро барои халқҳо набӣ таъин кардам».
Ва ман гуфтам: «Ё Худоё Парвардигоро! Ман, охир, наметавонам сухан ронам, зеро ки амраде ҳастам».
Вале Парвардигор ба ман гуфт: «Нагӯ: ́Ман амраде ҳастам́, балки сӯи ҳар касе ки туро бифиристам, хоҳӣ рафт, ва ҳар чиро, ки ба ту амр фармоям, хоҳӣ гуфт.
Аз онҳо натарс, зеро Ман бо ту ҳастам, то ки туро халосӣ диҳам», – гуфт Парвардигор.
Ва Парвардигор дасти Худро дароз карда, ба даҳанам расонд, ва Парвардигор ба ман гуфт: «Инак, суханони Худро дар даҳони ту гузоштам.
Бидон, ки туро имрӯз бар халқҳо ва бар мамлакатҳо баргумоштам, то ки решакан кунӣ ва вайрон намоӣ, талаф кунӣ ва хароб намоӣ, обод кунӣ ва ниҳол шинонӣ».
Ва каломи Парвардигор бар ман нозил шуда, гуфт: «Эй Ирмиё, чӣ чизе ту мебинӣ?» Ва ман гуфтам: «Шохаи дарахти бодомро мебинам».
Ва Парвардигор ба ман гуфт: «Хуб дидаӣ; зеро ки Ман бар каломи Худ ба хубӣ диққат мекунам, то ки онро ба амал оварам».
Ва каломи Парвардигор бори дигар бар ман нозил шуда, гуфт: «Чӣ чизе ту мебинӣ?» Ва ман гуфтам: «Деги ҷӯшоне мебинам, ки рӯи он аз ҷониби шимол аст».
Ва Парвардигор ба ман гуфт: «Мусибате аз шимол бар ҳамаи сокинони ин замин хоҳад омад.
Зеро инак, Ман ҳамаи қабилаҳои мамлакатҳои шимолро даъват хоҳам намуд, – гуфт Парвардигор, – ва онҳо омада, ҳар яке тахти худро дар даҳани дарвозаи Ерусалим, ва назди ҳамаи деворҳои он гирдогирд, ва назди ҳамаи шаҳрҳои Яҳудо барқарор хоҳанд кард.
Ва бар онҳо барои тамоми шарораташон доварӣ хоҳам кард, барои он ки онҳо Маро тарк намуда, ба худоёни дигар бухур сӯзонданд, ва ба маснӯи дастҳои худ саҷда карданд.
Пас, ту камари худро бибанд, ва бархоста, ҳар он чиро Ман ба ту амр фармоям, ба онҳо бигӯй; аз онҳо натарс, мабодо туро пеши онҳо ба изтироб оварам.
Ва инак, Ман туро имрӯз шаҳри истеҳкомдоре ва сутуни оҳанине ва ҳисори мисине бар тамоми ин замин, ба муқобили подшоҳони Яҳудо, ба муқобили мирони он, ба муқобили коҳинони он ва ба муқобили қавми ин замин гардондам.
Ва онҳо бо ту ҷанг хоҳанд кард, вале бар ту ғолиб нахоҳанд омад, зеро ки Ман бо ту ҳастам, – гуфт Парвардигор, – то ки туро халосӣ диҳам».

Толкования стиха Скопировать ссылку Скопировать текст Добавить в избранное
Библ. энциклопедия Библейский словарь Словарь библ. образов Практическая симфония
Цитата из Библии каждое утро
TG: t.me/azbible
Viber: vb.me/azbible