Скрыть
1:10
Худое ки аз қадимулаём борҳо ва ба тарзи гуногун ба падарони мо ба василаи анбиё сухан рондааст,
Дар ин айёми охир ба мо ба василаи Писараш сухан ронд, ки Ўро вориси ҳама чиз таъин намуд ва оламҳоро низ ба воситаи Ў ба вуҷуд овард.
Пасараш, ки дурахши ҷалол ва мазҳари моҳияти Ў буда, ҳама чизро бо каломи қуввати Худ нигоҳ доштааст, чун татҳири гуноҳҳои моро ба амал овард, ба ямини Кибриё дар афроз нишаст,
Ва чӣ қадаре ки аз фариштагон бартарӣ пайдо кард, ҳамон қадар аз онҳо исми аълотаре мерос гирифтааст.
Зеро ба кадоме аз фариштагон Худо ягон вақт гуфтааст: ́Ту Писари Ман ҳасти; Ман имрўз Падари Ту шудаам́? Ва боз: ́Ман ба Ў Падар хоҳам буд, ва Ў ба Ман Писар хоҳад буд́?
Ва боз вақте ки Нахустзодаро ба ҷаҳон дохил мекунад, мегўяд: ́Ва бигзор ҳамаи фариштагони Худо Ўро парастиш кунанд́.
Дар бораи фариштагон гуфта шудааст: ́Фариштагони Худро ба бодҳо табдил медиҳад ва хизматгорони Худро ба оташи сўзон́
Аммо дар бораи Писараш гуфта шудааст: ́Тахти Ту, эй Худо, то абад аст ва асои садоқат асои салтанати Туст́
́Адолатро дўст дошта, аз шарорат нафрат дорӣ. Бинобар ин Худо, Худои Ту, Туро бо равғани шодмонӣ бештар аз рафиқонат тадҳин кардааст́.
Ва боз: ́Дар замони қадим Ту, эй Худованд, заминро буньёд кардаӣ, ва осмон амали дастҳои Туст.
Онҳо фано хоҳанд шуд, валекин Ту қоим хоҳӣ буд; ва ҳамаашон мисли ҷомае ҷиғда- ҷиғда хоҳанд шуд.
́Мисли пероҳане онҳоро хоҳӣ печонид, ва онҳо мубаддал хоҳанд шуд. Валекин Ту айни ҳамон ҳастӣ, ва солҳои Ту тамом нахоҳад шуд́.
Ба кадоме аз фариштагон Худо ягон вақт гуфтааст: ́Ба ямини Ман бинишин, то душманони Туро зери пои Ту андозам́?
Оё ҳамаи онҳо рўҳҳои хизматгузор нестанд, ки барои хизмати онҳое фиристода мешаванд, ки вориси наҷот хоҳанд шуд?

Толкования стиха Скопировать ссылку Скопировать текст Добавить в избранное
Библ. энциклопедия Библейский словарь Словарь библ. образов Практическая симфония
Цитата из Библии каждое утро
TG: t.me/azbible
Viber: vb.me/azbible