Скрыть
1:3
1:4
1:5
1:7
1:9
1:14
1:15
ДАР соли дуюми подшоҳ Дорёвеш, дар рӯзи якуми моҳи шашум, сухани Парвардигор ба воситаи Ҳаггайи пайғамбар фурӯд омада, ба ҳоқими Яҳудо Зарубобил писари Шаалтиил ва ба саркоҳин Юшаъ писари Юсодоқ гуфт:
Парвардигори лашкарҳо сухан ронда, чунин гуфт: «Ин мардум мегӯянд: ́Ҳанӯз вақти он нест, яъне вақти сохтани хонаи Парвардигор нарасидааст́».
Ва сухани Парвардигор ба воситаи Ҳаггайи пайғамбар фурӯд омада, гуфт:
«Оё барои шумо вақти он аст, ки худатон дар хонаҳои болопӯшидаи худ сокин шавед, валекин ин хона хароб бошад?
Ва акнун Парвардигори лашкарҳо чунин мегӯяд: дилҳои худро бар роҳҳои худ нигаронед.
Бисёр кишт мекунед, вале ҳосили кам мебардоред; мехӯред, вале сер намешавед; менӯшед, вале на ба қадри кофӣ; либос мепӯшед, вале он гармӣ надорад; ва ҳар кӣ муздурӣ мекунад, музди худро гӯё дар ҳамёни сӯрохдор мегузорад.
Парвардигори лашкарҳо чунин мегӯяд: дилҳои худро бар роҳҳои худ нигаронед.
Ба кӯҳ баромада, чӯб биёред ва хонаро бисозед; ва Ман аз он хушнуд шуда, ҷалол хоҳам ёфт, мегӯяд Парвардигор.
Бисёрро мунтазир мешавед, ва инак кам аст, ва онро ба хона меоваред – Ман онро барбод медиҳам. Аз барои чӣ? – мегӯяд Парвардигори лашкарҳо. – Аз барои хонаи Ман, ки хароб аст, ва ҳол он ки шумо ҳар яке ба кори хонаи худ машғулед.
Бинобар ин осмон бар шумо шабнамро бас кардааст, ва замин ҳосилашро бас кардааст.
Ва Ман бар замин ва кӯҳҳо, ва бар ғалла ва шираи ангур ва равғани зайтун, ва бар ҳар он чи замин мерӯёнад, ва бар одамизод ва чорпоён, ва бар ҳар он чи аз меҳнати дастҳо ҳосил мешавад, хушксолиро хондаам».
Ва Зарубобил писари Шаалтиил, ва саркоҳин Юшаъ писари Еҳӯсодоқ, ва тамоми бақияи мардум ба овози Парвардигор Худои худ ва ба суханони Ҳаггайи пайғамбар, ки ӯро Парвардигор Худои онҳо фиристода буд, гӯш андохтанд, ва мардум аз Парвардигор тарсиданд.
Ва Ҳаггай, қосиди Парвардигор, ки аз ҷониби Парвардигор фиристода шуда буд, ба мардум сухан ронда, гуфт: «Ман бо шумо ҳастам, мегӯяд Парвардигор».
Ва Парвардигор рӯҳи ҳоқими Яҳудо Зарубобил писари Шаалтиил, ва рӯҳи саркоҳин Юшаъ писари Юсодок, ва рӯҳи бақияи мардумро барангехт, ва онҳо омада, дар хонаи Парвардигори лашкарҳо, Худои худ, ба кор сар карданд.
Дар рӯзи бисту чоруми моҳи шашум, дар соли дуюми подшоҳ Дорёвеш ин рӯй дод.

Толкования стиха Скопировать ссылку Скопировать текст Добавить в избранное
Библ. энциклопедия Библейский словарь Словарь библ. образов Практическая симфония
Цитата из Библии каждое утро
TG: t.me/azbible
Viber: vb.me/azbible