Скрыть
1:6
1:10
1:11
1:12
1:13
1:14
1:15
1:16
1:18
ДАР соли сеюми подшоҳии Еҳӯёқим, подшоҳи Яҳудо, Набукаднесар, подшоҳи Бобил, ба Ерусалим омад ва онро муҳосира кард.
Ва Парвардигор Еҳӯёқим, подшоҳи Яҳудоро бо як қисми зарфҳои хонаи Худо ба дасти ӯ таслим кард, ва ӯ онҳоро ба замини Шинъор, ба хонаи худои худ овард, ва зарфҳоро дар ганҷхонаи худои худ гузошт.
Ва подшоҳ ба Ашфаназ, сардори хоҷасароёни худ, амр фармуд, ки аз банӣ Исроил, аз насли шоҳон ва аъёну ашроф амрадонеро биёрад,
Ки ҳеҷ нуқсони ҷисмонӣ надошта бошанд, ва зеботалъат, ва дар ҳикмат моҳир, ва соҳиби дониш ва дар таълим хушфаҳм бошанд, ва барои хизмат дар қасри подшоҳ қувват дошта бошанд, – ва ба онҳо забон ва адабиёти калдониёнро таълим диҳад.
Ва подшоҳ барои онҳо хӯроки ҳаррӯзаро аз суфраи подшоҳӣ ва аз шаробе ки худаш менӯшид, таъин намуд, ва амр фармуд, ки онҳоро се сол тарбият диҳанд, ва баъд аз гузаштани ин мӯҳлат онҳо дар ҳузури подшоҳ хоҳанд истод.
Ва дар миёни онҳо Дониёл, Ҳананё, Мишоил ва Азарё буданд.
Ва сардори хоҷасароён ба онҳо номҳои дигар дод: Дониёлро Балтшасар, Ҳананёро Шадрак, Мишоилро Мешак ва Азарёро Абднаҷу ном ниҳод.
Вале Дониёл дар дили худ паймон кард, ки худро бо хӯроки суфраи подшоҳ ва бо шаробе ки ӯ менӯшад, палид накунад, бинобар ин аз сардори хоҷасароён иҷозат пурсид, то ки палид нашавад.
Ва Худо эҳсон ва марҳаматро дар ҳузури сардори хоҷасароён ба Дониёл ато намуд.
Ва сардори хоҷасароён ба Дониёл гуфт: «Ман аз хоҷаи худ, подшоҳ, ки хӯрок ва шароби шуморо худаш таъин намудааст, метарсам, ки шояд ӯ чеҳраҳои шуморо назар ба амрадони ҳамсолатон лоғартар бубинад, ва шумо сари маро ба ҳузури подшоҳ дар хатар хоҳед андохт».
Ва Дониёл ба пешхизмати дастархончӣ, ки ӯро сардори хоҷасароён бар Дониёл, Ҳананё, Мишоил ва Азарё баргумошта буд, гуфт:
«Лутфан, бандагонатро даҳ рӯз озмоиш намо: ба мо сабзавот барои хӯрдан бидиҳанд, ва об барои нӯшидан;
Ва чеҳраҳои моро ба ҳузури ту бо чеҳраҳои амрадоне ки хӯроки суфраи подшоҳро мехӯранд, муқоиса намоянд, ва чун бубинӣ, бар тибқи он бо бандагонат амал намо».
Ва ӯ дар ин хусус ба сухани онҳо гӯш андохт, ва даҳ рӯз онҳоро озмоиш кард.
Ва баъд аз гузаштани даҳ рӯз чеҳраҳои онҳо, назар ба амрадоне ки хӯроки суфраи подшоҳро мехӯрданд, зеботар, ва баданҳошон фарбеҳтар шуда буд.
Ва пешхизмати дастархончӣ хӯрокашон ва шароберо, ки бояд бинӯшанд, гирифта, ба онҳо сабзавот медод.
Ва Худо ба ин чор амрадон дониш ва фаҳмиши ҳар адабиёт ва ҳикматро ато фармуд, ва Дониёл ба ҳар гуна рӯъёҳо ва хобҳо сарфаҳм мерафт.
Ва баъд аз итмоми айёме ки подшоҳ барои овардани онҳо муайян намуда буд, сардори хоҷасароён онҳоро ба ҳузури Набукаднесар овард.
Ва подшоҳ бо онҳо гуфтугӯ кард, ва аз миёни ҳамаи онҳо касе мисли Дониёл, Ҳананё, Мишоил ва Азарё ёфт нашуд, ва онҳо ба ҳузури подшоҳ истоданд.
Ва дар ҳар масъалаи ҳикмат ва маърифат, ки подшоҳ аз онҳо пурсон мекард, онҳоро аз ҳамаи ғайбдонон ва афсунгароне ки дар тамоми мамлакати ӯ буданд, даҳчандон болотар ёфт.
Ва Дониёл то соли якуми подшоҳ Куруш буд.

Толкования стиха Скопировать ссылку Скопировать текст Добавить в избранное
Библ. энциклопедия Библейский словарь Словарь библ. образов Практическая симфония
Цитата из Библии каждое утро
TG: t.me/azbible
Viber: vb.me/azbible