Скрыть
1:7
1:10
1:12
1:14
1:15
1:17
1:19
1:21
1:22
1:23
1:24
1:25
1:26
Номаи аввалро навиштам, эй Теофилус, дар бораи ҳар он чи Исо ба амал овард ва таълим дод аз ибтодо,
То ҳамон рўзе ки ба василаи Рўҳулқудс ба ҳаввориёни баргузидаи Худ дастурҳо дода ва ба осмон бурда шуд;
Ба онҳо низ, баъд аз азобу уқубаташ, бо далелҳои бисьёр Худро зинда нишон дод ва дар давоми чиҳил рўз ба онҳо зоҳир шуда, дар бораи Малакути Худо сухан гуфт,
Ва онҳоро ҷамъ карда, чунин амр фармуд: “Ерусалимро тарк накунед, балки мунтазири он ваъдаи Падар бошед, ки аз Ман шунидаед;
Зеро ки Яҳьё бо об таъмид медод, лекин шумо, баъд аз чанд рўз, бо Рўҳулқудс таъмид хоҳед ёфт“.
Пас, онҳое ки ҷамъ шуда буданд, ба Ў савол дода, гуфтанд: “Худовандо, оё дар ҳамин вақт салтанатро бар Исроил аз нав барқарор хоҳӣ кард?“
Ба онҳо гуфт: “Кори шумо нест, ки замонҳо ва мўҳлатҳоеро, ки Падар бо қудрати Худ муқаррар намудааст, бидонед;
Аммо вақте ки Рўҳулқудс бар шумо нозил шавад, қувват хоҳед ёфт ва дар Ерусалим ва дар тамоми Яҳудо ва Сомария ва то ақсои дуньё шоҳидони Ман хоҳед буд“.
Ҳамин ки инро гуфт, боло бурда шуд, ва онҳо менигаристанд, ва абре Ўро аз пеши назари онҳо гирифта бурд.
Чун Ў боло мебаромад, ва онҳо ба осмон менигаристанд, ногоҳ ду Марди сафедпўш назди онҳо пайдо шуданд
Ва гуфтанд: “Эй мардони Ҷалил! Чаро ин ҷо истода сўи осмон нигаронед? Ҳамин Исо, ки аз пеши шумо ба осмон боло бурда шуд, чӣ тавре ки Ўро сўи осмон равона дидед, боз ҳамон тавр хоҳад баргашт“.
Он гоҳ онҳо ба кўҳи Зайтун, ки дар наздикии Ерусалим ба масофаи роҳравии рўзи шанбе воқеъ аст, сўи Ерусалим равона шуданд.
Ва, чун расиданд, ба болохонае баромаданд, ки дар он ҷо Петрус ва Яъқуб, Юҳанно ва Андриёс, Филиппус ва Тумо, Барталамо ва Матто, Яъқуб ибни Ҳалфой ва Шимъўни Ғаюр ва Яҳудо ибни Яъқуб иқомат доштанд;
Ҳамаи онҳо якдилона ба дуо машғул буданд, ва ҳамроҳашон занон ва Марьям модари Исо ва бародарони Ў низ буданд.
Дар он рўзҳо Петрус дар миёни шогирдон, ки дар ҷамъомад тақрибан саду бист нафар буданд, бархоста, гуфт:
„Эй бародарон! Мебоист он Навишта иҷро мешуд, ки Рўҳулқудс бо забони Довуд дар бораи Яҳудо пешгўӣ кард, ки вай роҳнамо буд ба онҳое ки Исоро дастгир карданд;
Вай ба мо мансуб гардид, насибе дар хизмат ёфт;
Ва инак, вай ба музди бадкирдории худ марзае харид ва бар он рўйнокӣ афтода, шикамаш кафид, ва тамоми амъояш берун шуд;
Хабари ин ба гўши ҳамаи сокинони Ерусалим расид, ва он мазраа бо забони онҳо Ҳақалдамо, яъне́Мазрааи хунин́ номида шудаст.
Зеро дар китоби Забур навишта шудааст: ́Манзили вай хароб гардад ва касе дар он сокин нашавад́; ва: ́Ҷоҳу ҷалоли варо дигаре бигирад́.
Бинобар ин аз касоне ки ҳароҳи мо буданд дар тамоми он муддате ки Исои Худованд бо мо рафтуомад дошт,
Яъне аз вақти таъмиди Яҳьё то рўзе ки Ў аз пеши мо боло бурда шуд, яке аз онҳо бояд бо мо шоҳиди эҳьёи Ў бишаванд“.
Ва ду нафарро: Юсуфро, ки Барсаббо ном дошта, лақабаш Юстус буд, ва Матьёсро пешниҳод карданд,
Ва дуо карда, гуфтанд: “Ту, эй Худованд, ки Орифулқалб ҳастӣ, бинамо якеро, ки аз ин ду баргузидаӣ,
То ки вай насибаи ин хизмат ва ҳаввориятро пайдо кунад, ки Яҳудо аз он маҳрум шуда, ба макони худ рафтааст“.
Қуръае барои онҳо партофтанд, ва қуръа ба номи Матьёс баромад, ва ў ба ёздаҳ ҳаввориён мансуб гашт.
Толкования стиха Скопировать ссылку Скопировать текст Добавить в избранное
Библ. энциклопедия Библейский словарь Словарь библ. образов Практическая симфония
Цитата из Библии каждое утро
TG: t.me/azbible
Viber: vb.me/azbible