Скрыть
1:3
1:5
1:6
1:7
1:11
1:13
1:14
1:15
1:16
Вa Мӯоб, баъд аз вафоти Аҳъоб, ба муқобили Исроил исён бардошт.
Ва Аҳазё аз панҷараи болохонаи худ, ки дар Сомария буд, афтода, нотоб шуд; ва қосидонро фиристода, ба онҳо гуфт: «Рафта, аз Баал-Забуб, худои Эқрӯн, бипурсед, ки оё ман аз ин нотобии худ шифо хоҳам ёфт?»
Ва фариштаи Парвардигор ба Илёси тишбӣ гуфт: «Бархоста, ба пешвози қосидони подшоҳи Сомария баро, ва ба онҳо бигӯй: ́Магар дар Исроил Худо нест, ки шумо барои пурсидан аз Баал-Забуб, худои Эқрӯн, меравед?́
Бинобар ин Парвардигор чунин мегӯяд: ́Аз бистаре ки бар он хобидаӣ, фуруд нахоҳӣ омад, балки ҳатман хоҳӣ мурд́». Ва Илёс рафт.
Ва қосидон назди ӯ баргаштанд; ва ӯ ба онҳо гуфт: «Чаро баргаштед?»
Ва ба ӯ гуфтанд: «Шахсе ба пешвози мо баромад, ва ба мо гуфт: ́Рафта, назди подшоҳе ки шуморо фиристодааст, баргардед, ва ба вай бигӯед: Парвардигор чунин мегӯяд: магар дар Исроил Худо нест, ки ту барои пурсидан аз Баал-Забуб, худои Эқрӯн, мефиристӣ? Бинобар ин аз бистаре ки бар он хобидаӣ, фуруд нахоҳӣ омад, балки ҳатман хоҳӣ мурд́».
Ва ба онҳо гуфт: «Намуди он шахсе ки ба пешвози шумо баромада, ин суханонро ба шумо гуфтааст, чӣ гуна буд?»
Ва ба ӯ гуфтанд: «Вай марде бо болопӯши пашмин марди мӯйдоре буд, ва камарбанди чармин бар камараш баста буд». Ва ӯ гуфт: «Вай Илёси тишбӣ будааст».
Ва мирипанҷоҳро бо панҷоҳ нафараш назди вай фиристод. Ва ӯ назди вай омад, ва инак вай бар қуллаи куҳ нишаста буд, ва ба вай гуфт: «Эй марди Худо! Подшоҳ мегӯяд: ́Фуруд ой́».
Ва Илёс ҷавоб гардонида, ба мирипанҷоҳ гуфт: «Агар ман марди Худо бошам, бигзор оташ аз осмон фурӯ рехта, туро бо панҷоҳ нафарат бисӯзонад». Ва оташ аз осмон фурӯ рехта, ӯро бо панҷоҳ нафараш сӯзонид.
Ва боз мирипанҷоҳи дигарро бо панҷоҳ нафараш назди вай фиристод. Ва ӯ ба вай сухан ронда, гуфт: «Эй марди Худо! Подшоҳ чунин мегӯяд: ́Бо зудӣ фуруд ой́».
Ва Илёс ҷавоб гардонида, ба онҳо гуфт: «Агар ман марди Худо бошам, бигзор оташ аз осмон фурӯ рехта, туро бо панҷоҳ нафарат бисӯзонад». Ва оташи Худо аз осмон фурӯ рехта, ӯро бо панҷоҳ нафараш сӯзонид.
Ва боз мирипанҷоҳи сеюмро бо панҷоҳ нафари ӯ фиристод. Ва мирипанҷоҳи сеюм равона шуда, расид ва пеши Илёс бар зонуҳояш афтод, ва аз ӯ зорию илтиҷо намуда, гуфт: «Эй марди Худо! Лутфан, ҷони ман ва ҷони ин панҷоҳ нафар бандагонат дар назари ту азиз бошад.
Инак, оташ аз осмон фурӯ рехта, ду мирипанҷоҳи аввалро бо панҷоҳҳои онҳо сӯзонид; ва алҳол ҷони ман дар назари ту азиз бошад».
Ва фариштаи Парвардигор ба Илёс гуфт: «Бо вай фуруд ой, аз вай натарс». Ва ӯ бархоста, бо вай назди подшоҳ фуруд омад.
Ва ба ӯ гуфт: «Парвардигор чунин мегӯяд: ́Азбаски қосидонро барои пурсидан аз Баал-Забуб, худои Эқрӯн, фиристодаӣ, – гӯё ки дар Исроил Худо набошад, то ки сухани Ӯро бипурсӣ, – бинобар ин аз бистаре ки бар он хобидаӣ, фуруд нахоҳӣ омад, балки ҳатман хоҳӣ мурд́».
Ва ӯ мувофиқи сухани Парвардигор, ки Илёс ба забон ронда буд, мурд, ва Йӯром дар соли дуюми Еҳӯром писари Еҳӯшофот, подшоҳи Яҳудо, ба ҷои ӯ подшоҳ шуд, чунки ӯ писар надошт.
Ва бақияи корҳои Аҳазё, ки кард, дар китоби солномаи подшоҳони Исроил навишта шудааст.

Толкования стиха Скопировать ссылку Скопировать текст Добавить в избранное
Библ. энциклопедия Библейский словарь Словарь библ. образов Практическая симфония
Цитата из Библии каждое утро
TG: t.me/azbible
Viber: vb.me/azbible