Скрыть
Хушо касе ки ба машварати бадкорон намеравад, ва дар роҳи хатокорон намеистад, ва дар маҷлиси масхаракунандагон наменишинад;
Фақат ба шариати қонуни Парвардигор шавқ дорад, ва рӯзу шаб Тавроти Ӯро меомӯзад;
Ва мисли дарахте хоҳад буд, ки назди ҷӯйҳои об шинонда шудааст, ва меваи худро дар мавсимаш медиҳад, ва баргаш пажмурда намешавад, ва ҳар чӣ мекунад, барор хоҳад ёфт.
Бадкорон чунин нестанд, балки монанди каҳанд, ки онро бод пароканда мекунад.
Бинобар ин бадкорон дар рӯзи бозхост нахоҳанд бархост; хатокорон низ дар ҷамоати росткорон, Бинобар ин бадкорон дар доварӣ истодагарӣ нахоҳанд кард, инчунин хатокорон дар ҷамоати росткорон,
Зеро ки Парвардигор роҳи росткоронро медонад, вале роҳи бадкорон сӯи нестӣ хоҳад бурд нобуд хоҳад шуд.

Толкования стиха Скопировать ссылку Скопировать текст Добавить в избранное
Библ. энциклопедия Библейский словарь Словарь библ. образов Практическая симфония
Цитата из Библии каждое утро
TG: t.me/azbible
Viber: vb.me/azbible