Скрыть
1:5
1:8
1:9
1:16
1:17
1:18
1:20
1:21
1:22
1:23
1:24
1:25
1:26
1:27
1:28
1:29
1:30
1:31
1:32
1:33
1:34
1:35
1:36
1:37
1:38
1:39
1:40
1:41
1:42
1:43
1:44
1:45
1:47
1:48
1:50
1:52
1:53
Ва дар рӯзи якуми моҳи дуюм, дар соли дуюми берун омаданашон аз замини Миср, Парвардигор ба Мусо дар биёбони Сино дар хаймаи ҷомеъ сухан ронда, гуфт:
«Саршумории тамоми ҷамоати банӣ Исроилро аз рӯи қабилаҳо ва хонадонҳошон, мувофиқи адади номҳошон, – ҳaмаи мардҳоро саросар ба амал оваред.
Аз бистсола ва болотар, ҳамаи онҳое ки дар Исроил ба лашкар мераванд, – ту ва Ҳорун онҳоро мувофиқи фавҷҳошон дар шумор оваред.
Ва ҳамроҳи шумо як нафар аз ҳар сибт хоҳад буд, ки ҳар яке раиси хонадони худ бояд бошад
Ва ин аст номҳои шахсоне ки ҳамроҳи шумо хоҳанд буд: аз Реубен – Элисур ибни Шадиур;
Аз Шимъӯн – Шалумиил ибни Суришаддой;
Аз Яҳудо – Наҳшӯн ибни Амминодоб;
Аз Иссокор – Натанъил ибни Суор;
Аз Забулун – Элиоб ибни Ҳилӯн;
Аз писарони Юсуф: аз Эфроим – Элишомоъ ибни Аммиҳуд; аз Менашше – Ҷамлиил ибни Фадоҳсур;
Аз Бинёмин – Абидон ибни Ҷидъӯнӣ;
Аз Дон – Аҳиозар ибни Аммишаддой;
Аз Ошер – Фаҷъиил ибни Окрон;
Аз Ҷод – Элёсоф ибни Дауил;
Аз Нафтолӣ – Аҳираъ ибни Энон.
Ҳаминҳоянд даъватшудагони ҷамоат, раисони сибтҳои падаронашон, ки сарварони ҳазораҳои Исроил мебошанд».
Ва Мусо ва Ҳорун ин шахсонро, ки номҳошон зикр ёфт, гирифтанд.
Ва тамоми ҷамоатро дар рӯзи якуми моҳи дуюм ҷамъ карданд, ва онҳо насабномаҳои худро аз рӯи қабилаҳо ва хонадонҳои худ, мувофиқи адади номҳо, аз бистсола ва болотар саросар эълон намуданд,
Чунон ки Парвардигор ба Мусо фармуда буд; ва ӯ онҳоро дар биёбони Сино дар шумор овард.
Ва банӣ Реубен, нахустзодаи Исроил, аз рӯи насабномаи қабила ва хонадонашон, мувофиқи адади номҳошон, саросар ҳамаи мардҳои аз бистсола ва болотар, ҳамаи онҳое ки ба лашкар мераванд, –
дар шумор овардашудагон аз сибти Реубен чилу шаш ҳазору панҷсад нафар буданд.
Аз банӣ Шимъӯн аз рӯи насабномаи қабила ва хонадонашон, мувофиқи адади номҳои саросар дар шумор овардашудагон, ҳамаи мардҳои аз бистсола ва болотар, ҳамаи онҳое ки ба лашкар мераванд, –
Дар шумор овардашудагон аз сибти Шимъӯн панҷоҳу нӯҳ ҳазору сесад нафар буданд.
Аз банӣ Ҷод мувофиқи насабномаи қабила ва хонадонашон, аз рӯи адади номҳо аз бистсола ва болотар, ҳамаи онҳое ки ба лашкар мераванд, –
дар шумор овардашудагон аз сибти Ҷод чилу панҷ ҳазору шашсаду панҷоҳ нафар буданд.
Аз банӣ Яҳудо мувофиқи насабномаи қабила ва хонадонашон, аз рӯи адади номҳо, аз бистсола ва болотар, ҳамаи онҳое ки ба лашкар мераванд, –
дар шумор овардашудагон аз сибти Яҳудо ҳафтоду чор ҳазору шашсад нафар буданд.
Аз банӣ Иссокор мувофиқи насабномаи қабила ва хонадонашон, аз рӯи адади номҳо, аз бистсола ва болотар, ҳамаи онҳое ки ба лашкар мераванд, –
дар шумор овардашудагон аз сибти Иссокор панҷоҳу чор ҳазору чорсад нафар буданд.
Аз банӣ Забулун мувофиқи насабномаи қабила ва хонадонашон, аз рӯи адади номҳо, аз бистсола ва болотар, ҳамаи онҳое ки ба лашкар мераванд, –
дар шумор овардашудагон аз сибти Забулун панҷоҳу ҳафт ҳазору чорсад нафар буданд.
Аз писарони Юсуф: аз банӣ Эфроим аз рӯи насабномаи қабила ва хонадонашон, мувофиқи адади номҳо, аз бистсола ва болотар, ҳамаи онҳое ки ба лашкар мераванд, –
дар шумор овардашудагон аз сибти Эфроим чил ҳазору панҷсад нафар буданд.
Аз банӣ Менашше аз рӯи насабномаи қабила ва хонадонашон, мувофиқи адади номҳо, аз бистсола ва болотар, ҳамаи онҳое ки ба лашкар мераванд, –
дар шумор овардашудагон аз сибти Менашше сию ду ҳазору дусад нафар буданд.
Аз банӣ Бинёмин аз рӯи насабномаи қабила ва хонадонашон, мувофиқи адади номҳо, аз бистсола ва болотар, ҳамаи онҳое ки ба лашкар мераванд, –
дар шумор овардашудагон аз сибти Бинёмин сию панҷ ҳазору чорсад нафар буданд.
Аз банӣ Дон аз рӯи насабномаи қабила ва хонадонашон, мувофиқи адади номҳо, аз бистсола ва болотар, ҳамаи онҳое ки ба лашкар мераванд, –
дар шумор овардашудагон аз сибти Дон шасту ду ҳазору ҳафтсад нафар буданд.
Аз банӣ Ошер аз рӯи насабномаи қабила ва хонадонашон, мувофиқи адади номҳо, аз бистсола ва болотар, ҳамаи онҳое ки ба лашкар мераванд, –
дар шумор овардашудагон аз сибти Ошер чилу як ҳазору панҷсад нафар буданд.
Аз банӣ Нафтолӣ аз рӯи насабномаи қабила ва хонадонашон, мувофиқи адади номҳо, аз бистсола ва болотар, ҳамаи онҳое ки ба лашкар мераванд, –
дар шумор овардашудагон аз сибти Нафтолӣ панҷоҳу се ҳазору чорсад нафар буданд.
Инҳоянд дар шумор овардашудагон, ки Мусо ва Ҳорун бо раисони Исроил дар шумор оварданд, – бо он дувоздаҳ нафар, ки ҳар яке аз як хонадони онҳо буданд.
Ва ҳамаи дар шумор овардашудагони банӣ Исроил мувофиқи хонадонашон, аз бистсола ва болотар, ҳамаи онҳое ки дар Исроил ба лашкар мераванд, –
ҳамаи дар шумор овардашудагон шашсаду се ҳазору панҷсаду панҷоҳ нафар буданд.
Валекин левизодагон аз рӯи сибти падаронашон дар миёни онҳо дар шумор оварда нашуданд,
зеро ки Парвардигор ба Мусо сухан ронда, гуфта буд:
«Аммо сибти Левиро дар шумор наовар, ва саршумории онҳоро дар миёни банӣ Исроил ба амал наовар,
балки левизодагонро бар манзили шаҳодат ва бар тамоми колои он ва бар ҳар чизе ки ба он тааллуқ дорад, таъин намо; бигзор онҳо манзил ва тамоми колои онро бардоранд ва хизмати онро ба ҷо оваранд, ва дар атрофи манзил хайма зананд;
Ва дар вақти кӯч кардани манзил левизодагон онро фурӯд оваранд, ва дар вақти ист кардани манзил левизодагон онро барқарор намоянд; ва шахси бегонае ки ба он наздик меояд, кушта хоҳад шуд.
Ва банӣ Исроил бояд ҳар яке дар бошишгоҳи худ ва ҳар яке назди байрақи худ аз рӯи фавҷҳои худ хайма зананд.
Ва левизодагон дар атрофи манзили шаҳодат хайма хоҳанд зад, то ки ғазабе бар ҷамоати банӣ Исроил ба амал наояд; ва левизодагон посбонии манзили шаҳодатро ба ҷо хоҳанд овард».
Ва банӣ Исроил ба амал оварданд; чунон ки Парвардигор ба Мусо фармуда буд, ончунон ба амал оварданд.

Толкования стиха Скопировать ссылку Скопировать текст Добавить в избранное
Библ. энциклопедия Библейский словарь Словарь библ. образов Практическая симфония
Цитата из Библии каждое утро
TG: t.me/azbible
Viber: vb.me/azbible