Скрыть
1:9
1:10
1:12
1:15
1:17
1:18
Ва баъд аз вафоти Мусо, бандаи Парвардигор, чунин воқеъ шуд, ки Парвардигор ба Еҳушаъ ибни Нун, хизматгузори Мусо, сухан ронда, гуфт:
«Мусо, бандаи Ман, вафот ёфт; ва алҳол бархоста, аз ин рӯди Урдун гузар, ту ва тамоми ин қавм, ба замине ки Ман ба онҳо, ба банӣ Исроил, медиҳам.
Ҳар ҷоеро, ки кафи пои шумо бар он гузошта шавад, ба шумо медиҳам, чунон ки ба Мусо гуфтаам.
Аз биёбон ва ин Лубнон то дарёи бузург, ки дарёи Фурот бошад, тамоми замини ҳиттиён то баҳри Бузург, ки ғурубгоҳи офтоб аст, ҳудуди шумо хоҳад буд.
Ҳеҷ кас дар тамоми айёми умрат қодир нахоҳад буд, ки пеши ту истодагӣ намояд; чунон ки бо Мусо будам, бо ту низ хоҳам буд; туро бемаҷол нахоҳам гардонид ва тарк нахоҳам кард.
Қавӣ Устувор ва далер бош, зеро ки ту ба соҳибии ин қавм заминеро хоҳӣ даровард, ки дар бораи он ба падаронашон қасам хӯрдаам, ки ба онҳо бидиҳам.
Фақат қавӣ ва далер бош, то ки бо риояи дурусти тамоми шариате ки Мусо, бандаи Ман, ба ту фармудааст, амал намоӣ; аз он ба тарафи рост ё чап дур нашав, то ба ҳар ҷое ки меравӣ, муваффақият ба даст оварӣ.
Бигзор ин китоби шариат аз даҳони ту дур нашавад, ва онро ту рӯзу шаб биомӯз, то бо риояи ҳар он чи дар он навишта шудааст, амал намоӣ, зеро ки он гоҳ дар роҳҳои худ комёб гардида, муваффақият ба даст хоҳӣ овард.
Ман, охир, ба ту чунин фармудаам: қавӣ ва далер бош, натарс ва ҳаросон нашав, зеро ба ҳар ҷое ки биравӣ, Парвардигор Худои ту бо туст».
Ва Еҳушаъ ба нозирони қавм фармуда, гуфт:
«Андаруни бошишгоҳ давр занед, ва ба қавм фармуда, бигӯед: ́Барои худ тӯша муҳайё кунед, зеро ки баъд аз се рӯз шумо аз ин Урдун хоҳед гузашт, то ки рафта, заминеро ба соҳибии худ дароваред, ки Парвардигор Худои шумо ба шумо барои соҳибӣ намудан медиҳад́».
Ва Еҳушаъ ба реубениён ва ҷодиён ва нисфи сибти Менашше сухан ронда, гуфт:
«Ба ёд оваред он суханро, ки Мусо, бандаи Парвардигор, ба шумо фармуда, гуфтааст: ́Парвардигор Худои шумо ба шумо оромӣ бахшид, ва ин заминро ба шумо дод́.
Занони шумо, кӯдакони шумо ва чорвои шумо бигзор дар замине ки Мусо ба шумо дар ин тарафи Урдун додааст, бимонанд, валекин шумо, ҳамаи мардони ҷангӣ, мусаллаҳ гардида, пешопеши бародарони худ гузаред ва ба онҳо кӯмак расонед,
То даме ки Парвардигор ба бародарони шумо низ, мисли шумо, оромӣ бахшад, ва онҳо низ заминеро, ки Парвардигор Худои шумо ба онҳо медиҳад, соҳибӣ намоянд; ва он гоҳ шумо ба мулки худ, ба замине ки Мусо, бандаи Парвардигор, дар ин тарафи Урдун аз тулӯъгоҳи офтоб ба шумо додааст, баргашта, онро соҳибӣ хоҳед кард».
Ва онҳо ба Еҳушаъ ҷавоб дода, гуфтанд: «Ҳар амре ки ба мо бифармоӣ, ба ҷо хоҳем овард, ва ба ҳар куҷо, ки моро бифиристӣ, равона хоҳем шуд;
Чунон ки дар ҳар бобат ба Мусо гӯш додаем, ончунон ба ту гӯш хоҳем дод, фақат Парвардигор Худои ту бигзор бо ту бошад, чунон ки бо Мусо буд;
Ҳар касе ки ба фармони ту муқобилият намояд ва ба суханони ту дар ҳар чизе ки фармоӣ, гӯш надиҳад, кушта хоҳад шуд; фақат қавӣ ва далер бош».

Толкования стиха Скопировать ссылку Скопировать текст Добавить в избранное
Библ. энциклопедия Библейский словарь Словарь библ. образов Практическая симфония
Цитата из Библии каждое утро
TG: t.me/azbible
Viber: vb.me/azbible