Скрыть
1:1
1:4
1:7
1:8
1:9
1:11
1:14
1:16
1:20
1:23
1:24
Яъқуб, ки бандаи Худо ва Исои Масеҳи Худованд аст, ба дувоздаҳ сибте ки пароканда мебошад, салом мерасонад.
Эй бародарони ман, вақте ки ба озмоишҳои гуногун дучор мешавед, инро барои худ шодии бузурге ҳисоб кунед,
Чун медонед, ки имтиҳони имони шумо сабрро ба вуҷуд меоварад;
Ва сабр бояд амали комил дошта бошад, то ки шумо комил ва солим буда, ҳеҷ камбудие надошта бошед.
Ва агар касе аз шумо аз ҳикмат камӣ дошта бошад, бигзор талаб кунад аз Худое ки ба ҳама бо саховат ва бе сарзаниш ато менамояд, ва ба вай ато хоҳад шуд.
Валекин бигзор бо имон талаб кунад ва ҳеҷ шакку шубҳа надошта бошад, чунки шаккок ба мавҷи баҳр монанд аст, ки аз шамол баланд шуда, ҷавлон мекунад:
Бигзор чунин кас гумон накунад, ки аз Худованд чизе ба даст хоҳад овард.
Шахси дудила дар ҳамаи роҳҳои худ ноустувор аст.
Бигзор бародари залил бо сарбаландии худ фахр намояд,
Ва сарватдор бо залолати худ, чунки ў мисли гули алаф даргузар аст:
Офтоб бо гармо тулўъ намуда, алафро мехушконад, ва гули он рехта, зебоии намуди он нест мешавад; сарватдор низ дар роҳҳои худ ҳамин тавр пажмурда хоҳад шуд.
Хушо касе ки дар озмоиш вафодор мемонад, зеро вақте ки вай имтиҳон медиҳад, тоҷи ҳаётро, ки Худованд ба дўстдорони Худ ваъда кардааст, ба даст хоҳад овард.
Дар озмоиш бигзор ҳеҷ кас набояд бигўяд: “Маро Худо меозмояд“; чунки Худо бо бадӣ озмуда намешавад ва Худаш ҳеҷ касро намеозмояд,
Балки ҳар кас саргарм ва фирефтаи ҳаваси худ гардида, ба озмоиш дучор мешавад;
Баъд ҳавас, ҳомила шуда, гуноҳро ба дуньё меоварад, ва гуноҳ, ки ба амал омад, мамотро ба вуҷуд меоварад.
Эй бародарони маҳбуби ман, фирефта нашавед.
Ҳар як инъоми нек ва ҳар як бахшоиши комил аз боло, аз ҷониби Падари нурҳо нозил мешавад, ки дар Ў тағьироте ва ҳеҷ дигаргуние мавҷуд нест.
Ў, бар ҳасби хости Худ, моро ба василаи каломи ростӣ ба дуньё овард, то ки як навъ навбари офаридаҳои Ў бошем.
Пас, эй бародарони маҳбуби ман, бигзор ҳар кас дар шунидан бошитоб, дар гуфтан оҳиста ва дар хашм оҳиста бошад;
Зеро ки хашми одамизод адолати Худоро ба амал намеоварад.
Бинобар ин ҳар нопокӣ ва бақияи бадиро як сў гузошта, каломеро ки дар шумо кошта шудааст, бо фурўтанӣ қабул кунед, ки он метавонад ҷонҳои шуморо наҷот диҳад.
Пас иҷрокунандагони калом бошед, на фақат шунавандагоне ки худро фиреб медиҳанд,
Зеро, касе ки каломро мешунаваду иҷро намекунад, ба шахсе монанд аст, ки тарҳи рўяшро дар оина мебинад:
Ба чеҳраи худ нигоҳ карду рафт, ва дарҳол фаромўш кард, ки он чӣ гуна аст.
Аммо касе ки ба шариати комил, ва шариати озодӣ диққат мекунад ва дар он устувор мемонад, дар ҳолате ки на шунавандаи фаромўшхотир, балки иҷрокунандаи кор мебошад, хушо он кас дар амали худ.
Агар касе аз шумо гумон кунад, ки диндор аст, ва ҷилваи забони худро накашад, балки дили худро фирефта намояд, диндории вай бефоида аст.
Дини пок ва беайб ба ҳузури Худо ва Падар ин аст, ки ятимон ва бевазанонро дар андўҳи онҳо парасторӣ кунем ва худро аз олам олуда накарда нигоҳ дорем.
Толкования стиха Скопировать ссылку Скопировать текст Добавить в избранное
Библ. энциклопедия Библейский словарь Словарь библ. образов Практическая симфония
Цитата из Библии каждое утро
TG: t.me/azbible
Viber: vb.me/azbible