Скрыть
12:1
ВА дар он рӯз хоҳӣ гуфт: «Туро, эй Парвардигор, ҳамд мегӯям, зеро ки ҳарчанд бар ман ғазаб кардӣ, аммо ғазабат фурӯ нишаст, ва маро тасаллӣ додӣ.
Инак, Худо наҷоти ман аст: ман ба Ӯ таваккал мекунам, ва наметарсам, зеро ки қуввати ман ва суруди ман Парвардигор Худост, ва Ӯ наҷоти ман гардидааст».
Ва бо шодмонӣ аз чашмаҳои наҷот об хоҳед кашид.
Ва дар он рӯз хоҳед гуфт: «Парвардигорро ҳамд гӯед, номи Ӯро бихонед; корҳои Ӯро дар миёни қавмон хабар диҳед; зикр намоед, ки номи Ӯ олист.
Парвардигорро бисароед, зеро ки Ӯ корҳои бузург кардааст; ин дар тамоми замин маълум аст.
Ба ваҷд ой ва бисарой, эй сокинаи Сион, зеро ки Поки Исроил андаруни ту бузург аст».

Толкования стиха Скопировать ссылку Скопировать текст Добавить в избранное
Библ. энциклопедия Библейский словарь Словарь библ. образов Практическая симфония
Цитата из Библии каждое утро
TG: t.me/azbible
Viber: vb.me/azbible