Скрыть
1:2
1:3
1:5
1:6
1:8
1:9
1:14
1:17
1:22
1:23
1:24
Павлуси ҳавворӣ, ки на аз ҷониби одамон ва на ба воситаи одамизод аст, балки ба василаи Исои Масеҳ ва Худои Падар, ки Ўро аз мурдагон эҳьё кардааст,
Ва ҳамаи бародароне ки бо ман мебошанд, ба калисоҳои Ғалотия:
Файз ва осоиштагӣ аз ҷониби Худои Падар ва Худованди мо Исои Масеҳ бар шумо бод,
Ки Худро барои гуноҳҳои мо дод, то ки моро аз ин олами шарир, мувофиқи иродаи Падари мо, халос кунад,
Ки Ўро то абад ҷалол бод, омин.
Тааҷҷуб менамоям, ки ин қадар зуд шумо аз Он ки шуморо ба файзи Масеҳ даъват намудааст, баргашта, ба башорати дигаре мегузаред,
Ки он на дигарест, балки фақат баъзе касон ҳастанд, ки шуморо ба изтироб меандозанд ва башорати Масеҳро таҳриф кардан мехоҳанд.
Лекин агар ҳатто мо ё фариштае аз осмон Инҷиле бар хилофи он чи мо ба шумо башорат додаем, ба шумо башорат диҳад, малъун бод.
Чунон ки мо пештар гуфта будем, ҳозир ҳам боз мегўям: агар касе бар хилофи он чи қабул кардаед, ба шумо башорат диҳад, малъун бод.
Оё ман алҳол назди одамон ҳусни таваҷҷўҳ меҷўям, ё назди Худо? Оё саъю кўшиш менамоям дили одамонро ёбам? Агар ман ҳанўз дили одамонро меёфтам, бандаи Масеҳ намебудам.
Ба шумо, эй бародарон, эълон мекунам: Инҷиле ки ман башорат додаам, аз они одамизод нест;
Зеро ки ман онро на аз одамизод қабул кардаам ва таълим гирифтаам, балки ба василаи ваҳйи Исои Масеҳ.
Зеро шумо тарзи ҳаёти пештараи маро дар миёни яҳудиён шунидаед, ки ман Калисои Худоро аз ҳад зиёд таъқиб менамудам, ва онро несту нобуд мекардам,
Ва дар дини яҳудӣ дар авлодам назар ба бисьёр ҳамсолони худ бештар комьёб будам, дар ҳолате ки барои ривоятҳои падаронам ниҳоятдараҷа ғайрат мекардам.
Аммо ҳангоме ки Худо, ки маро аз батни модарам баргузида, бо файзи Худ даъват кардааст, таваҷҷўҳ намуд,
Ки Писари Худро дар ман ошкор созад, то ки Ўро дар миёни халқҳо башорат диҳам, ман он вақт бо ҷисми худ машварат накардам,
Ва ба Ерусалим назди онҳое ки пеш аз ман ҳавворӣ буданд, нарафтам, балки ба Арабистон равона шудам ва боз ба Димишқ баргаштам.
Сонӣ, пас аз се сол, ба Ерусалим барои дидани Петрус рафтам ва понздаҳ рўз назди ў истодам.
Аз ҳаввориён, ғайр аз Яъқуби бародари Худованд, каси дигарро надидаам.
Ва он чи ба шумо менависам, инак, ба ҳузури Худо, дурўғ намегўям.
Пас аз он ман ба кишварҳои Сурия ва Қилиқия равона шудам.
Аммо калисоҳои Масеҳ дар Яҳудо маро шахсан намешинохтанд,
Балки фақат шунида буданд, ки ҳамон шахсае ки як вақте онҳоро таъқиб менамуд, ҳоло имонеро башорат медиҳад, ки пештар онро несту нобуд мекард,
Ва Худоро ба хотири ман маҳд мегуфтанд.

Толкования стиха Скопировать ссылку Скопировать текст Добавить в избранное
Библ. энциклопедия Библейский словарь Словарь библ. образов Практическая симфония
Цитата из Библии каждое утро
TG: t.me/azbible
Viber: vb.me/azbible