Скрыть

Эзро 1, Глава 1

Толкования
1:2
1:3
1:4
1:5
1:6
1:9
1:10
1:11
Вa дар соли якуми Куруш, подшоҳи Форс, барои он ки сухани Парвардигор аз забони Ирмиё иҷро шавад, Парвардигор рӯҳи Куруш, подшоҳи Форсро барангехт, ва ӯ дар тамоми мамлакати худ ҷор андохт ва ба таври хаттӣ низ эълон намуда, гуфт:
«Куруш, подшоҳи Форс, чунин мегӯяд: ҳамаи мамлакатҳои заминро Парвардигор, Худои осмон, ба ман додааст, ва Ӯ ба ман фармудааст, ки дар Уршалим, ки дар Яҳудо аст, хонае барои Ӯ бино намоям.
Кист аз шумо, аз тамоми қавми Ӯ, ки Худояш бо вай бошад, бархоста ба Уршалим, ки дар Яҳудо аст, биравад ва хонаи Парвардигор Худои Исроилро, – ҳамон Худоро, ки дар Уршалим аст, – бино намояд.
Ва ҳар кӣ боқӣ мондааст, дар ҳамаи маконҳое ки вай дар он ҷо истиқомат дорад, бигзор аҳли он макон ба вай бо нуқра ва тилло ва молу мулк ва чорпоён, илова ба хайрот барои хонаи Худо, ки дар Уршалим аст, кӯмак расонанд».
Ва сардорони хонаводаҳои Яҳудо ва Бинёмин, ва коҳинон ва левизодагон, ҳамаи онҳое ки Худо рӯҳашонро барангехта буд, то ба сохтани хонаи Худо, ки дар Уршалим аст, бираванд, бархостанд.
Ва тамоми мардуми гирду атрофашон онҳоро бо колои нуқра ва тилло, бо молу мулк ва чорпоён ва тӯҳфаҳо чизҳои гаронбаҳо, илова ба хайроти саховатмандона, дастгирӣ карданд.
Ва подшоҳ Куруш зарфҳои хонаи Парвардигорро, ки Набукаднесар аз Уршалим оварда, дар хонаи худои худ гузошта буд, берун овард.
Ва Куруш, подшоҳи Форс, онҳоро ба воситаи Митредоти хазинадор берун овард, ва ӯ ба Шешбасар, раиси Яҳудо, онҳоро шумурда супурд.
Ва ин аст шумораи онҳо: сӣ тоси тилло, ҳазор тоси нуқра, бисту нӯҳ корд,
Сӣ косаи тилло, чорсаду даҳ косаи нуқраи дучандон ва ҳазор зарфи дигар.
Ҳамаи зарфҳои тилло ва нуқра панҷ ҳазору чорсадто буд. Ҳамаи инро Шешбасар бо аҳли асорат асиршудагоне ки аз Бобил ба Уршалим рафтанд, бурд.

Толкования стиха Скопировать ссылку Скопировать текст Добавить в избранное
Библ. энциклопедия Библейский словарь Словарь библ. образов Практическая симфония
Цитата из Библии каждое утро
TG: t.me/azbible
Viber: vb.me/azbible