Скрыть
1:3
1:4
1:5
1:8
1:9
1:10
1:11
1:14
1:15
1:17
1:18
1:19
1:20
Ва ин аст номҳои банӣ Исроил, ки ба Миср омаданд, ҳар яке бо аҳли хонаи худ ҳамроҳи Яъқуб омаданд.
Реубен, Шимъӯн, Левӣ ва Яҳудо,
Иссокор, Забулун ва Бинёмин,
Дон ва Нафтолӣ, Ҷод ва Ошер.
Ва тамоми нуфусе ки аз камари Яъқуб ба вуҷуд омаданд, ҳафтод нафар буданд; ва Юсуф дар Миср буд.
Ва Юсуф ва ҳамаи бародаронаш ва тамоми он насл мурданд.
Ва банӣ Исроил борвар шуданд ва афзоиш ёфтанд, ва сершумор ва ниҳоятдараҷа пурзӯр гардиданд; ва замин аз онҳо пур шуд.
Ва подшоҳи наве бар Миср бархост, ки Юсуфро намешинохт,
ва ба қавми худ гуфт: «Инак, қавми банӣ Исроил аз мо сершумортар ва пурзӯртаранд.
Биеёд, ба зидди онҳо тадбири пурҳикмате биандешем, то ки афзоиш наёбанд; вагарна, вақте ки ҷанге ба вуқӯъ ояд, онҳо низ ба душманони мо ҳамроҳ шуда, ба муқобили мо ҷанг хоҳанд кард, ва аз мамлакат берун хоҳанд рафт».
Ва саркорони меҳнати маҷбуриро бар онҳо таъин карданд, то ки онҳоро бо корҳои сахт ба танг оваранд; ва онҳо барои фиръавн шаҳрҳои захираҳо – Фитум ва Раамсисро бино карданд.
Вале ҳар қадар зиёдтар онҳоро ба танг меоварданд ҳамон қадар бештар онҳо афзоиш ёфта, сершумор мегардиданд, ба тавре ки мисриён аз банӣ Исроил бим тарс доштанд,
Ва банӣ Исроилро бо зулму зӯрӣ кор мефармуданд.
Ва зиндагонии онҳоро бо меҳнати сахти гилкорӣ ва хиштрезӣ ва бо ҳар кори саҳро талх мегардониданд; ҳар навъ кори худро ба гардани онҳо бо зулму зӯрӣ бор мекарданд.
Ва подшоҳи Миср ба дояҳои ибрӣ, ки номи яке Шифро ва номи дигаре Фуо буд, фармуда,
гуфт: «Вақте ки занони ибриро мезоёнед, ба сангҳои зоёниш нигоҳ кунед: агар писар бошад, ӯро бикушед, ва агар духтар бошад, – бигзор зинда монад».
Вале дояҳо аз Худо тарсиданд, ва он чиро, ки подшоҳи Миср ба онҳо фармуда буд, ба амал наоварданд, ва писаронро зинда гузоштанд.
Ва подшоҳи Миср дояҳоро хонда, ба онҳо гуфт: «Чаро ин корро кардед, ва писаронро зинда гузоштед?»
Ва дояҳо ба фиръавн гуфтанд: «Занони ибрӣ, охир, мисли занони мисрӣ нестанд, балки бақувватанд, ва пеш аз он ки доя назди онҳо биёяд, мезоянд».
Ва Худо ба дояҳо марҳамат кард; ва қавм афзоиш ёфта, бағоят пурзӯр гардиданд.
Ва азбаски дояҳо аз Худо тарсиданд, Ӯ барояшон аҳли хона ба вуҷуд овард.
Ва фиръавн ба тамоми қавми худ фармуда, гуфт: «Ҳар писареро, ки таваллуд ёбад, ба дарё андозед, ва ҳар духтарро зинда нигоҳ доред».

Толкования стиха Скопировать ссылку Скопировать текст Добавить в избранное
Библ. энциклопедия Библейский словарь Словарь библ. образов Практическая симфония
Цитата из Библии каждое утро
TG: t.me/azbible
Viber: vb.me/azbible