Скрыть

Эстер, Глава 1

Толкования
1:1
1:3
1:4
1:5
1:6
1:9
1:10
1:11
1:12
1:13
1:14
1:15
1:16
1:17
1:18
1:19
1:20
1:21
1:22
Вa воқеъ шуд дар айёми Аҳашверӯш, – ҳамон Аҳашверӯш, ки аз Ҳинд то Ҳабаш бар саду бисту ҳафт вилоят подшоҳӣ мекард, –
Дар он айём, ки подшоҳ Аҳашверӯш бар тахти подшоҳии худ дар Шушани пойтахт нишаста буд,
Ва дар соли сеюми подшоҳии худ ӯ барои ҳамаи мирон ва маъмуронаш хизматгоронаш базм барпо кард, ва сипоҳиёни Форс ва Мод, аъёну ашроф ва ҳокимони вилоятҳо дар ҳузури ӯ буданд,
Дар сурате ки ӯ айёми зиёде, саду ҳаштод рӯз, сарвату ҷалоли подшоҳии худ ва шаъну шукӯҳи бузургии худро нишон медод.
Ва чун он рӯзҳо гузаштанд ба охир расиданд, подшоҳ барои тамоми қавме ки дар Шушани пойтахт аз бузург то хурд ҳозир буданд, дар саҳни боғи қасри подшоҳ базми ҳафтрӯза барпо кард.
Пардаҳо аз матои маҳини сафед ва лоҷвардӣ бо риштаҳои катони сафед ва арғувонӣ бар ҳалқаҳои нуқра ва сутунҳои мармар овезон буд; катҳои тилло ва нуқра бар фарше аз мармари сабз, сиёҳ, садафгун ва сурх истода буданд.
Ва нӯшокиҳо дар зарфҳои тиллоӣ буданд, ва зарфҳо гуногуншакл буданд; ва майи шоҳона мувофиқи саховати ҳиммати подшоҳ фаровон буд;
Ва майнӯшӣ ба муддаои табъ буд: касеро маҷбур намекарданд, зеро подшоҳ ба ҳамаи маъмурони хонаи худ фармуда буд, ки ба мувофиқи майли хости дилхоҳи ҳар кас амал кунанд.
Ваштии малика низ дар хонаи шоҳонаи подшоҳ Аҳашверӯш базме барои занон барпо кард.
Дар рӯзи ҳафтум, вақте ки подшоҳ аз май дилхуш шуд, ба Меҳумон, Бизто, Ҳарбӯно, Бинто, Абанто, Зетар ва Каркас – ҳафт хоҷасарое ки ба ҳузури подшоҳ Аҳашверӯш хизмат мекарданд, – амр кард,
Ки Ваштии маликаро бо тоҷи шоҳона ба ҳузури подшоҳ биёваранд, то ки зебоии вайро ба қавмон ва мирон нишон диҳад, зеро ки вай хушрӯй буд.
Вале Ваштии малика бо амре ки подшоҳ ба воситаи хоҷасароён фармуда буд, нахост биёяд, ва подшоҳ бағоят хашмгин шуда, ғазабаш андаруни ӯ аланга зад.
Ва подшоҳ ба донишмандони таърихшинос ҳакимони донандаи таворих гуфт, чунки одати равиши подшоҳ ин буд, ки бо ҳамаи донандагони қонун ва ҳуқуқ машварат кунад.
Ва наздик ба муқаррабони ӯ Каршено, Шетор, Адмото, Таршиш, Мерес, Марсено ва Мемухон буданд, ки ин ҳафт мири Форс ва Мод чеҳраи подшоҳро медиданд ва дар сафи аввали назди тахти подшоҳӣ менишастанд:
«Аз рӯи қонун ба Ваштии малика чӣ бояд кард барои он ки вай амреро, ки подшоҳ Аҳашверӯш ба воситаи хоҷасароён фармуд, ба ҷо наовард?»
Ва Мемухон ба ҳузури подшоҳ ва мирон гуфт: «Ваштии малика на танҳо бар зидди подшоҳ гуноҳкор шуд, балки низ бар зидди ҳамаи мирон ва бар зидди ҳамаи қавмҳое ки дар ҳамаи вилоятҳои подшоҳ Аҳашверӯш мебошанд,
Чунки рафтори малика дар миёни ҳамаи занон овоза шуда, шавҳарҳошон дар назарашон беқадр хоҳанд шуд, ва онҳо хоҳанд гуфт: ́Подшоҳ Аҳашверӯш амр кард, ки Ваштии маликаро ба ҳузури ӯ биёваранд, вале вай наомад́.
Ва имрӯз хонумҳои Форс ва Мод, ки рафтори маликаро шуниданд, ба ҳамаи мирони подшоҳ чунин хоҳанд гуфт, ва ин боиси хорӣ ҳақорат таҳқир ва хашми зиёде хоҳад шуд.
Агар подшоҳ салоҳ донад, бигзор амри шоҳонае аз ҷониби ӯ навишта, дар Форс ва Мод ба таври тағйирнопазир ба ҳукми қонун дароварда шавад, ки Ваштӣ дигар ба ҳузури подшоҳ Аҳашверӯш наояд, ва подшоҳ унвони шоҳонаи вайро ба зани дигаре ки аз вай беҳтар бошад, бидиҳад.
Ва фармони подшоҳ ба гӯши самъи мардум расида, дар тамоми мамлакати ӯ, ҳарчанд ки азим аст, таъсир хоҳад бахшид намуд, ва ҳамаи занон ба шавҳарони худ аз бузург то хурд қадрдонӣ хоҳанд кард».
Ва ин сухан дар назари подшоҳ ва мирон писанд афтод, ва подшоҳ аз рӯй сухани Мемухон амал кард.
Ва номаҳо ба ҳамаи вилоятҳои подшоҳ, ба ҳар вилоят бо хати он ва ба ҳар қавм бо забони он равона кард, то ки ҳар мард бо забони қавми худ сухан ронда, дар хонаи худ ҳукмфармо бошад.

Толкования стиха Скопировать ссылку Скопировать текст Добавить в избранное
Библ. энциклопедия Библейский словарь Словарь библ. образов Практическая симфония
Цитата из Библии каждое утро
TG: t.me/azbible
Viber: vb.me/azbible