Скрыть
1:3
1:5
1:11
1:12
1:13
1:14
1:18
1:20
1:23
1:26
1:34
1:36
1:45
Ин аст суханоне ки Мусо дар он тарафи Урдун, дар биёбон, дар саҳро, дар рӯ ба рӯи Суф, дар миёни Форон ва Тӯфал ва Лобон ва Ҳасирӯт ва Дӣ-Заҳаб ба тамоми Исроил гуфт.
Аз Ҳӯриб, бо роҳи кӯҳи Сеир, то Қодеш-Барнеа сафари ёздаҳрӯза буд.
Ва чунин воқеъ шуд, ки дар соли чилум, дар моҳи ёздаҳум, дар рӯзи якуми моҳ, Мусо ба банӣ Исроил мувофиқи ҳар он чи Парвардигор ба ӯ дар бораи онҳо фармуда буд, сухан ронд.
Баъд аз он ки ӯ Сиҳӯн, подшоҳи амӯриёнро, ки дар Ҳешбӯн сокин буд, ва Ӯҷ, подшоҳи Бошонро, ки дар Ашторӯт, дар Эдрей сокин буд, торумор кард,
дар он тарафи Урдун, дар замини Мӯоб, Мусо ба шарҳ додани ин шариат шурӯъ намуда, гуфт:
«Парвардигор Худои мо дар Ҳӯриб ба мо сухан ронда, гуфтааст: ́Назди ин кӯҳ истодани шумо бас аст;
рӯй ниҳода, кӯч кунед, ва ба кӯҳистони амӯриён ва ҳамаи ҳамсоягони онҳо, ки дар саҳро ва дар кӯҳсор ва дар пастӣ ва дар ҷануб ва дар соҳили баҳр, яъне дар Канъон ва Лубнон мебошанд, то дарёи бузург, ки дарёи Фурот аст, дохил шавед.
Инак, заминро ба шумо пешниҳод кардаам, пас дохил шуда, заминеро, ки Парвардигор ба падарони шумо, ба Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб қасам хӯрдааст, ки ба онҳо ва ба наслашон баъд аз онҳо бидиҳад, соҳибӣ намоед́.
Ва ман дар он замон ба шумо сухан ронда, гуфтам: ́Бори шуморо наметавонам ба танҳоӣ бардорам.
Парвардигор Худои шумо шуморо афзун кардааст, ва шумо имрӯз мисли ситорагони осмон сершумор ҳастед.
Парвардигор Худои падарони шумо бигзор шуморо ҳазор чандони он ки ҳастед, афзун намояд, ва шуморо баракат диҳад, чунон ки ба шумо гуфтааст.
Пас, чӣ гуна ман ба танҳоӣ ташвиши шумо ва бори шумо ва низои шуморо бардорам?
Шумо барои худ, дар сибтҳои худ, мардони ҳаким ва хирадманд ва номдорро интихоб кунед, то ки онҳоро бар шумо сардор таъин намоям́.
Ва шумо ба ман ҷавоб гардонда, гуфтед: ́Хуб аст он чи ту гуфтӣ, ки бикунем́.
Ва ман сардорони сибтҳои шуморо, ки мардони ҳаким ва номдор буданд, гирифтам, ва онҳоро бар шумо таъин намудам, то ки мириҳазорҳо ва мирисадҳо ва мирипанҷоҳҳо ва миридаҳҳо ва нозирони сибтҳои шумо бошанд.
Ва ба доварони шумо дар он замон фармуда, гуфтам: ́Арзу доди бародарони худро бишнавед, ва дар миёни ҳар кас ва бародари вай ва ғарибе ки назди вай бошад, аз рӯи адлу инсоф доварӣ намоед;
дар доварӣ рӯбинӣ накунед, арзи хурдро мисли бузург бишнавед, аз ҳеҷ кас натарсед, зеро ки доварӣ аз они Худо аст; ва даъвое ки барои шумо мушкил бошад, назди ман биёред, то ки онро бишнавам́.
Ва дар он вақт ман дар бораи ҳамаи корҳое ки бояд ба ҷо оваред, ба шумо фармудам.
Ва мо аз Ҳӯриб кӯч карда, тамоми ин биёбони бузург ва даҳшатангезро, ки шумо дидед, ба самти кӯҳистони амӯриён тай намудем, чунон ки Парвардигор Худои мо ба мо фармуда буд, ва ба Қодеш-Барнеа расидем.
Ва ман ба шумо гуфтам: ́Шумо ба кӯҳистони амӯриён, ки Парвардигор Худои мо ба мо медиҳад, расидаед.
Инак, Парвардигор Худои падарони ту ин заминро пеши ту ниҳодааст; баромада, онро соҳибӣ намо, чунон ки Парвардигор Худои падаронат ба ту гуфтааст; натарс ва ҳаросон нашав́.
Валекин ҳамаи шумо назди ман омада, гуфтед: ́Мардонро пешопеши худ бифиристем, то ки заминро барои мо ҷосусӣ намоянд, ва моро аз роҳе ки бо он бояд биравем, ва аз шаҳрҳое ки ба онҳо дохил хоҳем шуд, хабардор кунанд́.
Ва ин сухан ба назари ман писанд омад, ва ман аз миёни шумо дувоздаҳ мардро, як нафар аз ҳар сибт, гирифтам.
Ва онҳо рӯй ниҳода, ба кӯҳсор баромаданд, ва ба водии Эшкӯл расида, онро ҷосусӣ карданд.
Ва аз меваҷоти он замин ба дасти худ гирифта, назди мо фуруд оварданд, ва ба мо хабар расонида, гуфтанд: ́Замине ки Парвардигор Худои мо ба мо медиҳад, замини хуб аст́.
Вале шумо нахостед биравед, ва ба фармони Парвардигор Худои худ муқобилат намудед.
Ва дар хаймаҳои худ шиква карда, гуфтед: ́Азбаски Парвардигор ба мо душманӣ дошт, моро аз замини Миср берун овард, то ки моро ба дасти амӯриён супурда, несту нобуд кунад.
Мо куҷо метавонем биравем, дар сурате ки бародарони мо дили моро хиҷил карда, гуфтанд: он қавм аз мо бузургтар ва қадбаландтаранд, шаҳрҳои онҳо бузург аст, ва ҳисорҳои онҳо сар ба фалак кашидааст; ва банӣ Аноқро низ дар он ҷо дидем́.
Ва ман ба шумо гуфтам: ́Аз онҳо натарсед ва ҳаросон нашавед;
Парвардигор Худои шумо, ки пешопеши шумо меравад, барои шумо ҷанг хоҳад кард, чунон ки бо шумо дар Миср пеши назари шумо амал кард;
Ва дар биёбон, чунон ки дидед, Парвардигор Худои шумо, мисли касе ки писари худро мебардорад, шуморо дар тамоми роҳе ки мерафтед, бардошта бурд, то даме ки ба ин ҷо расидед́.
Вале дар ин бобат шумо ба Парвардигор Худои худ имон надоштед,
Ки Ӯ дар роҳ пешопеши шумо мерафт, то ки маконе барои шумо аз баҳри ӯрду заданатон пайдо кунад, ба тавре ки шабона дар оташ мерафт, то роҳеро, ки бо он бояд биравед, ба шумо нишон диҳад, ва рӯзона дар абр мерафт.
Ва Парвардигор садои суханони шуморо шунида, дарғазаб шуд, ва қасам хӯрда, гуфт:
́Ҳеҷ кадоме аз ин одамон, аз ин насли бадкор он замини некӯро, ки Ман қасам хӯрдаам ба падаронатон бидиҳам, нахоҳанд дид;
Фақат Колеб ибни Ефунне онро хоҳад дид: заминеро, ки ӯ тай кардааст, ба ӯ ва писаронаш хоҳам дод, чунки ӯ Парвардигорро комилан пайравӣ намуд́.
Бар ман низ Парвардигор аз боиси шумо дарғазаб шуда, гуфт: ́Ту низ ба он ҷо дохил нахоҳӣ шуд;
Еҳушаъ ибни Нун, ки пеши ту истодааст, ба он ҷо дохил хоҳад шуд; ӯро пурқувват намо, зеро ки ӯ онро барои соҳибии Исроил тақсим хоҳад кард;
Ва кӯдакони шумо, ки дар бораи онҳо гуфтед: ́Ба асирӣ бурда хоҳанд шуд́, ва писарони шумо, ки имрӯз фарқи неку бадро намедонанд, – онҳо ба он ҷо дохил хоҳанд шуд; ва онро ба онҳо хоҳам дод, то ки онро соҳибӣ намоянд;
Вале шумо рӯй ниҳода, бо роҳи баҳри Қулзум сӯи биёбон кӯч кунед́.
Ва шумо ҷавоб гардонда, ба ман гуфтед: ́Мо ба ҳузури Парвардигор гуноҳ кардем; пас, мо баромада, ҷанг хоҳем кард, мувофиқи ҳар он чи Парвардигор Худои мо ба мо фармудааст́. Ва ҳар яке аслиҳаи ҷангии худро ба камар баста, азми кӯҳбароӣ намудед.
Ва Парвардигор ба ман гуфт: ́Ба онҳо бигӯ: набароед ва ҷанг накунед, зеро ки Ман дар миёни шумо нестам, мабодо пеши душманони худ ба мағлубият дучор шавед́.
Ва ман ба шумо сухан рондам, вале шумо гӯш надодед, ва ба фармони Парвардигор муқобилат кардед, ва густохӣ намуда, бар кӯҳ баромадед.
Ва амӯриёне ки дар он кӯҳ сокин буданд, ба муқобили шумо берун омада, шуморо таъқиб карданд, чунон ки занбӯрҳои асал мекунанд; ва ба шумо аз Сеир то Ҳормо шикаст расониданд.
Ва шумо баргашта, ба ҳузури Парвардигор гиря кардед, вале Парвардигор овози шуморо нашнид ва ба шумо гӯш надод.
Ва шумо дар Қодеш айёми зиёде истодед, мисли айёме ки пеш аз он истода будед».

Толкования стиха Скопировать ссылку Скопировать текст Добавить в избранное
Библ. энциклопедия Библейский словарь Словарь библ. образов Практическая симфония
Цитата из Библии каждое утро
TG: t.me/azbible
Viber: vb.me/azbible