Скрыть
1:1
1:2
1:4
1:7
1:9
1:10
1:11
1:12
Павлус ва Силвонус ва Тимотиюс ба калисои Таслўникӣ, ки дар Падари мо Худо ва Исои Масеҳи Худованд аст:
Файз ва осоиштагӣ аз ҷониби Падари мо Худо ва Исои Масеҳи Худованд бар шумо бод.
Ҳамеша мо бояд Худоро барои шумо, эй бародарон, чунон ки сазовор аст, шукргузорӣ намоем, чунки имони шумо афзоиш меёбад ва дар миёни ҳамаи шумо муҳаббати ҳар яке ба ҳамдигар зиёд мешавад,
Ба тавре ки худи мо дар калисоҳои Худо аз шумо фахр мекунем, дар хусуси сабр ва имони шумо дар ҳамаи таъқибот ва азобҳое ки аз сар мегузаронед.
Ин гувоҳиест бар доварии одилонаи Худо, то ки шумо сазовори Малакути Худо ҳисоб ёбед, ки барои он низ уқубат мекашед.
Зеро ба назари Худо одилона аст, ки уқубатдиҳандагони шуморо уқубат диҳад,
Ва шуморо, ки уқубат мекашед, бо якҷоягии мо фароғат бахшад, ҳангоме ки Исои Худованд аз осмон бо фариштаҳои қуввати Худ
Дар оташи фурўзон зуҳур намуда, аз онҳое ки Худоро намешиносанд ва ба башорати Худованди мо Исои Масеҳ итоат намекунанд, интиқом гирид.
Онҳо гирифтори ҷазои ҳалокати абадӣ гардида, аз ҳузури Худованд ва ҷалоли қудрати Ў маҳрум хоҳанд шуд.
Дар он рўзе ки Ў омада, дар муқаддасони Худ ҷалол ёбад ва ҳамаи имондоронро бо тааҷҷуб оварад, чунки шумо ба шаҳодати мо имон овардед.
Барои ҳамин ҳам мо ҳамеша барои шумо дуо мегўем, то ки Худои мо шуморо сазовори даъваташ гардонад ва ҳар салоҳдиди некӣ ва кори имонро бо қуввати Худ ба амал оварад,
То ки исми Худованди мо Исои Масеҳ дар шумо ҷалол ёбад, ва шумо дар Ў ҷалол ёбед, ба ҳасби файзи Худои мо ва Исои Масеҳи Худованд.

Толкования стиха Скопировать ссылку Скопировать текст Добавить в избранное
Библ. энциклопедия Библейский словарь Словарь библ. образов Практическая симфония
Цитата из Библии каждое утро
TG: t.me/azbible
Viber: vb.me/azbible