Скрыть

Подшоҳон 2, Глава 1

Толкования
Толкования главы
    1:3
    1:5
    1:6
    1:7
    1:8
    1:9
    1:10
    1:12
    1:13
    1:16
    1:17
    1:19
    1:23
    1:24
    1:25
    1:27
    Ва баъд аз марги Шоул чунин воқеъ шуд, ки Довуд аз шикаст додани амолеқиён баргашт; ва Довуд ду рӯз дар Сиқлоҷ истод.
    Ва дар рӯзи сеюм чунин воқеъ шуд, ки инак шахсе аз лашкаргоҳи Шоул омад, дар ҳолате ки либосаш дарида ва хок бар сараш пошида буд; ва ҳамин ки вай назди Довуд омад, бар замин афтода, ба ӯ саҷда бурд.
    Ва Довуд ба вай гуфт: «Аз куҷо омадаӣ?» Вай ба ӯ гуфт: «Аз лашкаргоҳи Исроил гурехтаам».
    Ва Довуд ба вай гуфт: «Чӣ воқеа рӯй додааст? Лутфан, ба ман ҳикоя намо». Вай гуфт: «Қавм аз корзор ҷанг майдони ҷанг рӯ ба гурез оварданд, ва низ бисёре аз миёни қавм фурӯ ғалтиданд ва мурданд, ва низ Шоул ва писараш Йӯнотон мурданд».
    Ва Довуд ба ҷавоне ки ба ӯ ҳикоя мекард, гуфт: «Чӣ гуна донистӣ, ки Шоул ва писараш Йӯнотон мурдаанд?».
    Ва ҷавоне ки ба ӯ ҳикоя мекард, гуфт: «Тасодуфан аз кӯҳи Ҷилбӯа гузар мекардам, ва инак Шоул бар найзаи худ такя менамуд, ва инак аробаҳо ва саворон ба ӯ наздик меомаданд,
    Ва ӯ ба ақибаш рӯй гардонида, маро дид, ва маро даъват намуд, ва ман гуфтам: ́Лаббай́.
    Ва ӯ ба ман гуфт: ́Ту кистӣ?́ Ва ман ба ӯ гуфтам: ́Ман амолеқӣ ҳастам́.
    Ва ӯ ба ман гуфт: ́Лутфан, назди ман омада, маро бикуш, зеро ларзаи раъшаи сахт вазнин маро фаро гирифтааст, чунки ҷонам ҳанӯз дар ман аст́.
    Ва ман назди ӯ омада, ӯро куштам, зеро донистам, ки ӯ баъд аз фурӯ ғалтиданаш зинда нахоҳад монд; ва тоҷеро, ки бар сараш буд, ва бозубандеро, ки бар бозуяш буд, гирифта, онҳоро ба ин ҷо назди хоҷаам овардам».
    Ва Довуд либосашро гирифта, дарронид, ва низ ҳамаи одамоне ки бо ӯ буданд, чунин карданд.
    Ва барои Шоул ва писараш Йӯнотон, ва барои қавми Парвардигор ва тамоми хонадони Исроил навҳагарӣ карданд ва гиристанд ва то шом рӯза доштанд, зеро ки ба дами шамшер афтода буданд.
    Ва Довуд ба ҷавоне ки ба ӯ ҳикоя кард, гуфт: «Ту аз куҷо ҳастӣ?» Вай гуфт: «Ман писари марди ғариби амолеқӣ ҳастам».
    Ва Довуд ба вай гуфт: «Чӣ гуна натарсидӣ, ки дасти худро дароз карда, масеҳи Парвардигорро куштӣ?»
    Ва Довуд яке аз ҷавононро даъват намуда, гуфт: «Наздик омада, вайро зарба бизан». Ва ӯ вайро зарба зад, ва вай мурд.
    Ва Довуд ба вай гуфт: «Хунат бар гарданат, зеро ки даҳонат ба муқобили ту шаҳодат дода, гуфт, ки ́ман масеҳи Парвардигорро куштам́».
    Ва Довуд дар бораи Шоул ва писараш Йӯнотон бо ин марсия навҳа кард,
    Ва гуфт: «Камондориро ба банӣ Яҳудо таълим бояд дод; инак, он дар китоби Ёшор навишта шудааст:
    Ҳашамати ту, эй Исроил, бар баландиҳоят шаҳид гардид! Паҳлавонон чӣ гуна фурӯ ғалтидаанд!
    Дар Ҷат ҳикоя накунед, дар кӯчаҳои Ашқалӯн мужда надиҳед, мабодо духтарони фалиштӣ шодӣ кунанд, мабодо духтарони бехатнаҳо ба ваҷд оянд.
    Эй кӯҳҳои Ҷилбӯа! Бигзор бар шумо на шабнам биборад ва на борон, ва на киштзоре барои ҳадияҳо бошад, зеро ки дар он ҷо сипари паҳлавонон, сипари Шоул палид гардидааст, бе он ки бо равған тадҳин карда шуда бошад.
    Камони Йӯнотон бе хуни шаҳидон, бе чарбуи паҳлавонон ақиб нарафтааст, ва шамшери Шоул холӣ барнагаштааст.
    Шоул ва Йӯнотон, ки дар ҳаёти худ маҳбуб ва меҳрубон буданд, дар марги худ низ аз якдигар ҷудо нашудаанд; аз уқобон чобуктар, аз шерон пурзӯртар буданд.
    Эй духтарони Исроил! Барои Шоул гиря кунед, ки ӯ шуморо куртаҳои арғувониранг ва асбоби зинат мепӯшонид, ва зевари тилло бар либосатон мегузошт.
    Паҳлавонон андаруни корзор чӣ гуна фурӯ ғалтидаанд! Эй Йӯнотон, ту бар баландиҳои худ шаҳид шудаӣ.
    Ман барои ту андӯҳгинам, эй бародарам Йӯнотон! Ту бо ман бағоят меҳрубон будӣ; муҳаббати ту барои ман пурзӯртар аз муҳаббати занон буд.
    Паҳлавонон чӣ гуна фурӯ ғалтидаанд, ва қуввати ҳарбӣ чӣ гуна талаф гардидааст!»

    Толкования стиха Скопировать ссылку Скопировать текст Добавить в избранное
    Библ. энциклопедия Библейский словарь Словарь библ. образов Практическая симфония
    Цитата из Библии каждое утро
    TG: t.me/azbible
    Viber: vb.me/azbible