Скрыть

Вақоеънома 2, Глава 1

Толкования
Толкования главы
    1:2
    1:6
    1:13
    Ва Сулаймон писари Довуд дар подшоҳии худ мустаҳкам шуд, ва Парвардигор Худои ӯ бо ӯ буд, ва ӯро бузург гардонида, баланд бардошт.
    Ва Сулаймон ба тамоми Исроил: ба мириҳазорҳо ва мирисадҳо, ва доварон, ва ҳамаи раисоне ки дар тамоми Исроил буданд, ба сардорони хонаводаҳо фармуд,
    Ва Сулаймон, ва тамоми ҷамоат ҳамроҳи ӯ, ба сӯи баландие ки дар Ҷибъӯн буд, рафтанд, зеро хаймаи ҷомеи Худо, ки Мусо, бандаи Худо, онро дар биёбон сохта буд, дар он ҷо воқеъ буд.
    Аммо сандуқи Худоро Довуд аз Қирят-Еорим ба маконе ки Довуд барояш тайёр карда буд, баровард, зеро ки барои он дар Уршалим хаймае барафрошта буд.
    Вале қурбонгоҳи мисине ки Басалъил писари Урӣ писари Ҳур сохта буд, дар Ҷибъӯн пеши манзили Парвардигор воқеъ буд; ва Сулаймон ва ҷамоат онро зиёрат карданд.
    Ва Сулаймон дар он ҷо ба ҳузури Парвардигор назди қурбонгоҳи мисине ки пеши хаймаи ҷомеъ буд, баромада, ҳазор сар қурбонии сӯхтанӣ бар он тақдим намуд.
    Дар ҳамон шаб Худо ба Сулаймон зоҳир шуд, ва ба ӯ гуфт: «Талаб намо, чӣ чизе ба ту бидиҳам».
    Ва Сулаймон ба Худо гуфт: «Ту ба падарам Довуд эҳсони азиме кардӣ, ва маро ба ҷои ӯ подшоҳ сохтӣ.
    Алҳол, эй Парвардигор Худо, бигзор он сухане ки Ту ба падарам Довуд гуфтаӣ, ба амал ояд, зеро ки Ту маро бар қавме ки мисли чанги замин сершуморанд, подшоҳ сохтаӣ.
    Алҳол ҳикмат ва дониш ба ман ато намо, то ки ба ин қавм тавонам роҳбарӣ кунам, зеро кист, ки ин қавми бузурги Туро битавонад доварӣ намояд?»
    Ва Худо ба Сулаймон гуфт: «Абзаски ин дилхоҳи ту буд, ва ту сарват, дороӣ ва ҷалол, ва ҷони душманонатро талаб накардӣ, ва низ умри дароз талаб накардӣ, балки ҳикмат ва дониш барои худ талабидӣ, то қавми Маро, ки бар онҳо туро подшоҳ сохтаам, доварӣ намоӣ, –
    Бинобар ин ҳикмат ва дониш ба ту ато карда шуд, ва Ман сарват ва дороӣ ва ҷалол ба ту хоҳам бахшид, ба андозае ки подшоҳони пеш аз ту мисли он надоштанд, ва баъд аз ту мисли он нахоҳанд дошт».
    Ва Сулаймон аз зиёрати баландие ки дар Ҷибъӯн буд, аз ҳузури хаймаи ҷомеъ ба Уршалим омад, ва бар Исроил подшоҳӣ кард.
    Ва Сулаймон аробаҳо ва саворагон ҷамъ кард: ӯ ҳазору чорсад ароба ва дувоздаҳ ҳазор нафар саворагон дошт; ва ӯ онҳоро дар шаҳрҳои аробаҳо ва назди подшоҳ дар Уршалим ҷойгир кард.
    Ва подшоҳ нуқра ва тиллоро дар Уршалим ба сангҳои кӯча баробар гардонид, ва чӯби арзро ба чӯби тутанҷир, ки дар пастӣ бисёр мерӯяд, баробар кард.
    Ва аспонро барои Сулаймон аз Миср меоварданд: тоҷирони подшоҳ онҳоро ба нархи муайян мехариданд.
    Ва як аробаро аз Миср ба нархи шашсад сиқл нуқра харида меоварданд, ва як аспро – ба нархи саду панҷоҳ сиқл; ва ҳамчунин онҳо барои ҳамаи подшоҳони ҳиттиён ва подшоҳони арамиён бо дасти худ меоварданд.

    Толкования стиха Скопировать ссылку Скопировать текст Добавить в избранное
    Библ. энциклопедия Библейский словарь Словарь библ. образов Практическая симфония
    Цитата из Библии каждое утро
    TG: t.me/azbible
    Viber: vb.me/azbible