Скрыть
1:4
1:7
1:8
1:9
Павлус ва Силвонус ва Тимотиюс ба калисои Таслўникӣ, ки дар Худои Падар ва Исои Масеҳи Худованд аст: файз ва осоиштагӣ аз ҷоноби Падари мо Худо ва Исои Масеҳи Худованд бар шумо бод.
Ҳамеша Худоро барои ҳамаи шумо шукргузорӣ намуда, дар дуоҳои худ шуморо зикр мекунем,
Ва доимо кори имон ва меҳанти муҳаббат ва сабри умеди шуморо, ки ба Худованди мо Исои Масеҳ доред, ба ҳузури Худо ва Падари мо ба ёд меоварем,
Чун медонем, ки шумо, эй бародарон ва эй маҳбубони Худо, баргузида шудаед;
Зеро ки башорати мо назди шумо на танҳо дар сухан балки низ дар қувват ва дар Рўҳулқудс ва дар эътимоди бузурге буд; ва шумо медонед, ки мо дар миёни шумо барои шумо чӣ гуна будем.
Ва шумо тақлидкунандагони мо ва Худованд гардида, каломеро дар ранҷу заҳмати азиме бо шодии Рўҳулқудс қабул кардед,
Ба тавре ки барои ҳамаи имондорони Мақдуния ва Охоия намунаи ибрат шудед.
Зеро ки аз шумо каломи Худованд на танҳо дар Мақдуния ва Охоия шунида шуд, балки имоне ки шумо ба Худо доред, дар ҳама ҷо овоза шуд, ба дараҷае ки моро ҳоҷат нест чизе бигўем.
Зеро вақте ки худи онҳо дар бораи мо ҳикоят мекунанд, мегўянд, ки чӣ гуна мо ба миёни шумо дохил шудем, ва чӣ гуна шумо аз бутҳо гашта ба Худо руҷўъ намудед, то ки Худои Ҳай ва ҳақиқиро бандагӣ кунед
Ва Писари Ўро аз осмон мунтазир шавед, ки Худо Ўро аз мурдагон эҳьё кард, яъне Исоро, ки моро аз ғазаби оянда халосӣ медиҳад.

Толкования стиха Скопировать ссылку Скопировать текст Добавить в избранное
Библ. энциклопедия Библейский словарь Словарь библ. образов Практическая симфония
Цитата из Библии каждое утро
TG: t.me/azbible
Viber: vb.me/azbible