Скрыть
24:1
24:2
24:3
24:4
24:6
24:8
24:9
24:10
24:11
24:12
24:13
24:14
24:16
24:17
24:21
24:22
24:23
Глава 26 
26:2
26:3
26:4
26:6
26:8
26:12
26:13
26:14
26:22
26:24
26:25
Ва Довуд аз он ҷо баромада, дар ҷойҳои дастнораси Эйн-Ҷадӣ ҷойгир шуд.
Ва ҳангоме ки Шоул аз таъқиб кардани фалиштиён баргашт, ба ӯ хабар дода, гуфтанд: «Инак, Довуд дар биёбони Эйн-Ҷадӣ мебошад».
Ва Шоул се ҳазор марди баргузидаро аз тамоми Исроил гирифта, ба ҷустуҷӯи Довуд ва одамонаш сӯи кӯҳҳои саҳроҳои бузҳои кӯҳӣ рафт.
Ва ба қӯраи бузу гӯсфандон, ки дар сари роҳ буд, расид, ва дар он ҷо мағорае буд, ва Шоул барои қазои ҳоҷат ба он ҷо даромад; ва Довуд ва одамонаш дар ақсои дарунтари мағора нишаста буданд.
Ва одамони Довуд ба ӯ гуфтанд: «Инак рӯзе ки Парвардигор дар бораи он ба ту гуфтааст: ́Инак, Ман душманатро ба дастат месупорам, ва ҳар чи дар назарат писанд ояд, ба вай хоҳӣ кард́». Ва Довуд бархоста, домани ҷомаи Шоулро оҳиста бурид.
Вале баъд аз он, дили Довуд ба изтироб омад аз он ки домани ҷомаи Шоулро буридааст,
Ва ӯ ба одамони худ гуфт: «Ҳошо аз ҷониби Парвардигор, ки ман чунин амале ба хоҷаи худ, масеҳи Парвардигор, бикунам, яъне дасти душманӣ ситам ба вай дароз кунам, зеро ки вай масеҳи Парвардигор аст».
Ва Довуд одамони худро бо ин суханон сарзаниш карда, нагузошт, ки онҳо бар (зидди) Шоул бархезанд. Ва Шоул бархоста, аз мағора баромада рафт.
Ва баъд аз он Довуд бархоста, аз мағора баромад, ва аз ақиби Шоул фарёд зада, гуфт: «Эй хоҷаам, подшоҳ!» Ва Шоул ба ақиби худ нигарист, ва Довуд рӯ ба замин афтода, ба вай саҷда бурд.
Ва Довуд ба Шоул гуфт: «Чаро суханони одамонро мешунавӣ, ки мегӯянд: ́Инак, Довуд ба ту қасди бад дорад́?
Инак, имрӯз чашмонат дидааст, ки Парвардигор имрӯз туро дар мағора ба дасти ман супурда буд, ва баъзеҳо гуфтанд, ки туро бикушам, вале ман туро амон дода, гуфтам: ́Дасти худро бар хоҷаи худ дароз нахоҳам кард, зеро ки вай масеҳи Парвардигор аст́.
Ва бингар, эй падарам, ва домани ҷомаи худро дар дасти ман бубин: модоме ки домани ҷомаи туро буридаам, вале туро накуштаам, бидон ва яқин бидор, ки бадӣ ва ҷинояте дар дасти ман нест, ва ман дар ҳаққи ту гуноҳе накардаам, ва ҳол он ки ту камин мегузорӣ, то ки ҷони маро бигирӣ.
Бигзор Парвардигор дар миёни ману ту доварӣ намояд, ва бигзор Парвардигор интиқоми маро аз ту бигирад, валекин дасти ман бар ту нахоҳад буд.
Чунон ки масали қадимӣ мегӯяд: ́Бадӣ аз бадкорон содир мешавад́, валекин дасти ман бар ту нахоҳад буд.
Ба муқобили кист, ки подшоҳи Исроил берун омадааст? Таъқиботи ту ба муқобили кист? Ба муқобили саги мурдаест, ба муқобили як кайкест.
Пас бигзор Парвардигор довар бошад, ва дар миёни ману ту доварӣ намояд, ва даъвои маро бубинад ва бисанҷад, ва маро аз дасти ту бираҳонад».
Ва ҳангоме ки Довуд гуфтани ин суханонро ба Шоул ба анҷом расонид, Шоул гуфт: «Оё ин овози туст, эй писарам Довуд?» Ва Шоул овози худро баланд карда, гирист,
Ва ба Довуд гуфт: «Ту аз ман одилтар ҳастӣ, зеро ки ту ба ман бо некӣ подош додӣ, ва ҳол он ки ман ба ту бо бадӣ подош додаам.
Ва ту имрӯз исбот намудӣ, ки чӣ гуна ба ман некӣ кардӣ, дар сурате ки Парвардигор маро ба дасти ту супурд, вале ту маро накуштӣ.
Ва агар касе душмани худро ёфта бошад, оё вайро бо некӣ раҳо мекунад? Бигзор Парвардигор туро ба бадали он чи имрӯз барои ман кардӣ, бо некӣ подош диҳад.
Ва инак алҳол медонам, ки ту ҳатман подшоҳ хоҳӣ шуд, ва мамлакати Исроил дар дасти ту устувор хоҳад гардид.
Ва алҳол барои ман ба Парвардигор қасам бихӯр, ки баъд аз сари ман насли маро несту нобуд нахоҳӣ кард, ва номи маро аз хонадони падарам нобуд нахоҳӣ намуд».
Ва Довуд ба Шоул қасам хӯрд. Ва Шоул ба хонаи худ рафт, ва Довуд ва одамонаш ба истеҳкоми кӯҳии худ баромаданд.

Ва зифиён назди Шоул ба Ҷибъо омада, гуфтанд: «Довуд, охир, дар тали Ҳакило, ки рӯ ба рӯи биёбон аст, пинҳон шудааст».
Ва Шоул бархоста, ба биёбони Зиф фуруд омад, ва се ҳазор марди баргузидаи Исроил ҳамроҳи ӯ буданд, то ки Довудро дар биёбони Зиф ҷустуҷӯ намоянд.
Ва Шоул дар Ҷибъои Ҳакило, ки рӯ ба рӯи биёбон, дар сари роҳ аст, урду зад; ва Довуд дар биёбон буд, ва дид, ки Шоул аз пайи ӯ омадааст.
Ва Довуд ҷосусонро фиристод, ва донист, ки Шоул ҳақиқатан омадааст.
Ва Довуд бархоста, ба маконе ки Шоул урду зада буд, омад, ва Довуд ҷоеро, ки Шоул ва сарлашкараш Абнир писари Нир дар он хобида буданд, дид; ва Шоул андаруни давра мехобид, ва қавм гирдогирди ӯ ҷойгир шуда буданд.
Ва Довуд ба Аҳималики ҳиттӣ ва Абишой ибни Саруё, бародари Юоб, муроҷиат намуда, гуфт: «Кист, ки бо ман назди Шоул ба бошишгоҳ фуруд ояд?» Ва Абишой гуфт: «Ман бо ту фуруд меоям».
Ва Довуд ва Абишой шабона назди қавм омаданд, ва инак Шоул андаруни давра ёзида хобидааст, ва найзааш пеши сараш дар замин халонида шудааст; ва Абнир ва қавм гирдогирди ӯ хобидаанд.
Ва Абишой ба Довуд гуфт: «Худо имрӯз душмани туро ба дасти ту супурдааст; ва алҳол ба ман иҷозат бидеҳ, то ки ӯро бо як зарбаи найза ба замин бидӯзам, ва барои зарбаи дуюм ҳоҷат нахоҳад буд».
Вале Довуд ба Абишой гуфт: «Ӯро накуш, зеро кист, ки дасти худро ба масеҳи Парвардигор дароз карда, беҷазо монда бошад?»
Ва Довуд гуфт: «Қасам ба ҳаёти Парвардигор, ки ӯро ё Парвардигор нобуд хоҳад кард, ё аҷалаш расида хоҳад мурд, ё ба ҷанг рафта, нобуд хоҳад шуд.
Ҳошо аз тарси Парвардигор, ки ман дасти худро ба масеҳи Парвардигор дароз кунам! Ва алҳол, лутфан, найзаеро, ки пеши сараш мебошад, ва кӯзаи обро бигир, ва мо ба роҳи худ биравем».
Ва Довуд найза ва кӯзаи обро аз пеши сари Шоул гирифт, ва онҳо ба роҳи худ рафтанд; ва касе надид, ва касе нафаҳмид, ва касе бедор нашуд, чунки ҳама ғарқи хоб буданд, зеро хоби сахте аз ҷониби Парвардигор бар онҳо ғолиб омада буд.
Ва Довуд ба тарафи дигар гузашта, бар қуллаи кӯҳ аз дурдаст истод, ба тавре ки масофаи бузурге дар миёни онҳо буд.
Ва Довуд ба қавм ва Абнир ибни Нир нидо карда, гуфт: «Эй Абнир, ҷавоб деҳ!» Ва Абнир ҷавоб гардонида, гуфт: «Ту кистӣ, ки ба подшоҳ нидо мекунӣ?»
Ва Довуд ба Абнир гуфт: «Ту, охир, мард ҳастӣ, ва дар Исроил кист, ки мисли ту бошад? Пас чаро хоҷаи худ подшоҳро нигаҳбонӣ намекунӣ? Зеро яке аз миёни қавм омада буд, то ки хоҷаи ту подшоҳро ба ҳалокат бирасонад.
Ин коре ки ту кардаӣ, хуб нест; қасам ба ҳаёти Парвардигор, ки ҳамаи шумо сазовори қатл ҳастед, чунки хоҷаи худ, масеҳи Парвардигорро нигаҳбонӣ накардаед. Ва алҳол бубин, ки найзаи подшоҳ ва кӯзаи об, ки пеши сараш буд, куҷост?»
Ва Шоул овози Довудро шинохта, гуфт: «Оё ин овози туст, эй писарам Довуд?» Ва Довуд гуфт: «Овози ман аст, эй хоҷаам подшоҳ».
Ва гуфт: «Ин аз чӣ сабаб аст, ки хоҷаам бандаи худро таъқиб мекунад? Ман чӣ кардаам, ва чӣ бадие дар дасти ман аст?
Ва алҳол, лутфан, хоҷаам подшоҳ суханони бандаашро бишнавад: агар Парвардигор туро ба муқобили ман барангехта бошад, бигзор Ӯ ҳадияи маро қабул кунад; валекин агар банӣ одам барангехта бошанд, бигзор онҳо ба ҳузури Парвардигор малъун бошанд, зеро ки онҳо имрӯз маро аз тааллуқ доштан ба мулки Парвардигор бадар ронда, мегӯянд: ́Рафта худоёни дигарро парастиш намо́.
Ва алҳол бигзор хуни ман дур аз ҳузури Парвардигор бар замин рехта нашавад, зеро ки подшоҳи Исроил барои ҷустуҷӯи як кайке берун омадааст, чунон ки кабкеро дар кӯҳҳо таъқиб мекунанд».
Ва Шоул гуфт: «Ман хато кардам! Баргард, эй писарам Довуд, зеро ба ту дигар бадӣ нахоҳам кард, чунки имрӯз ҷони ман дар назари ту азиз буд; инак, аблаҳона рафтор карда, бағоят гумроҳ гардидам».
Ва Довуд ҷавоб дода, гуфт: «Инак найзаи подшоҳ; бигзор яке аз ҷавонон ба ин ҷо гузашта, онро гирад.
Ва Парвардигор бигзор ба ҳар кас мувофиқӣ адолати вай ва садоқати вай подош диҳад, чунки Парвардигор туро имрӯз ба дастам супурд, вале ман нахостам дасти худро бар масеҳи Парвардигор дароз кунам.
Ва инак, чунон ки имрӯз ҷони ту дар назари ман азиз буд, ончунон ҷони ман ҳам бигзор дар назари Парвардигор азиз бошад, ва Ӯ маро аз ҳар мусибат халосӣ диҳад».
Ва Шоул ба Довуд гуфт: «Муборак ҳастӣ ту, эй писарам Довуд, ки ҳам корҳои бузург хоҳӣ кард ва ҳам комёб хоҳӣ шуд». Ва Довуд ба роҳи худ рафт, ва Шоул ба макони худ баргашт.

Толкования стиха Скопировать ссылку Скопировать текст Добавить в избранное
Библ. энциклопедия Библейский словарь Словарь библ. образов Практическая симфония
Цитата из Библии каждое утро
TG: t.me/azbible
Viber: vb.me/azbible