Скрыть
1:18
1:20
1:21
1:24
Перус, ки ҳаввории Исои Масеҳ аст, ба ғарибоне ки дар вилоятҳои Понтус, Ғалотия, Каппадокия, Осиё ва Битуния пароканда мебошад,
Ва мувофиқи таъиноти пешакии Худои Падар, бо тақдиси Рўҳ, барои итоат ва пошидани Хуни Исои Масеҳ интихоб шудаанд: файз ва осоиштагӣ бар шумо фаровон бод.
Муборак аст Худо ва Падари Худованди мо Исои Масеҳ, ки бо марҳамати бузурги Худ, ба василаи эьҳёи Исои Масеҳ аз мурдагон, моро аз нав ба вуҷуд овард барои умеди зинда,
Барои мероси бефано, пок ва пажмурданашаванда, ки дар осмон барои шумо маҳфуз аст,
Ки бо қуввати Худо ба воситаи имон нигоҳ дошта мешавад барои наҷоте ки муҳайё шудааст, то ки дар замони охир ба зуҳур ояд.
Дар ин бора шодӣ кунед, дар сурате ки ҳоло, агар лозим шавад, аз озмоишҳои гуногун андаке андўҳгин мешавед.
Имони шумо аз тилло, ки бо вуҷуди озмуда шуданаш дар оташ ҳам фонӣ мебошад, гаронбаҳотар аст. Ин имон аз имтиҳон мегузарад ва барои ҳамд ва шавкат ва ҷалол дар вақти зуҳури Исои Масеҳ холис ба миён меояд.
Шумо Ўро надида дўст медоред, ва агарчи Ўро ҳанўз надидаед, ба Ў имон меоваред ва бо шодмонии молокалом ва пур аз ҷалол шодӣ мекунед
Ва ба мақсади имони худ, яъне ба наҷоти ҷонҳотон ноил мешавед.
Тафтишот ва тадқиқоти анбиё ба ҳамин наҷот таалуқ дошт, ва онҳо файзеро, ки барои шумо таъин шуда буд, пешгўӣ кардаанд.
Онҳо тадқиқ намудаанд, ки кадом ва чӣ гуна замонро Рўҳи Масеҳе ки андаруни онҳо буд, нишон додааст, вақте ки Он аз уқубатҳои Масеҳ ва аз ҷалоле ки баъд аз он фаро хоҳад расид, пешакӣ хабар медод.
Ба онҳо ошкор шуда буд, ки на ба худашон, балки ба мо хизмат кардаанд дар хусуси он чи ҳоло ба шумо мавъиза шудааст ва воситаи онҳое ки Рўҳулқудси аз осмон фиристодашуда ба шумо башорат додаанд, яъне он чи, ки фариштагон мехоҳанд андарунаш назар андозанд.
Бинобар ин, камари ақли худро маҳкам баста ва ҳушьёр шуда, ба файзе ки дар вақти зуҳури Исои Масеҳ ба шумо ато хоҳад шуд, комилан умедвор бошед.
Ҳамчун бачагони фармонбардор, ба ҳавасҳои пештарае ки дар вақти нодонии худ доштед, мувофиқат накунед,
Балки, чунон ки Даъваткунандаи шумо мақаддас аст, худатон низ дар тамоми рафторатон муқаддас бошед,
Зеро ки навишта шудааст: “Муқаддас бошед, чунки Ман муқаддас ҳастам“.
Ва агар шумо Ўро Падар мехонед, ки бе рўйбинӣ ҳар касро аз рўи аъмолаш доварӣ мекунед, пас замони ғурбати худро бо худотарсӣ бигзаронед,
Чун медонед, ки шумо на бо фидияи нуқра ё тилло харида шудаед аз ҳаёти ботиле ки аз падарони худ мерос гирифтаед,
Балки бо Хуни гаронбаҳои Масеҳ, ҳамчун барраи беайб ва пок,
Ки пеш аз таъсиси ҷаҳон пешакӣ таъин шуда буд, лекин дар замони охир барои шумо зоҳир шудааст,
Ки ба воситаи Масеҳ шумо ба Худое имон овардаед, ки Масеҳро аз мурдагон эҳьё кард ва ба Ў ҷалол бахшид, то ки шумо ба Худо имон ва умед дошта бошед.
Чун ҷонҳои худро бо итоати ростӣ ба воситаи Рўҳ барои бародардўстии бериё пок кардаед, доимо якдигарро аз самими қалб дўст бидоред,
Ҳамчун касоне ки аз нав ба вуҷуд омадаед на аз тухми фонӣ, балки аз тухми бефано, ба василаи каломи Худо, ки зинда аст ва то абад боқист.
Зеро ки ҳар ҷисм мисли алаф аст, ва ҳар ҷалоли одамӣ мисли гули алаф; алаф хушк мешавад, ва гули он мерезад;
Аммо каломи Худованд то абад боқист. Ва ин аст он каломе ки ба шумо мавъиза шудааст.
Толкования стиха Скопировать ссылку Скопировать текст Добавить в избранное
Библ. энциклопедия Библейский словарь Словарь библ. образов Практическая симфония
Цитата из Библии каждое утро
TG: t.me/azbible
Viber: vb.me/azbible