Скрыть
1:2
1:3
1:4
1:6
1:8
1:13
1:14
1:17
1:19
1:22
1:23
1:25
1:27
1:30
1:32
МАСАЛҲОИ Сулаймон, ибни Довуд, подшоҳи Исроил,
Барои донистани ҳикмат ва насиҳат, барои фаҳмидани суханони хирад,
Ва омухтани хулқу адаб, адолат, инсоф ва ҳаққоният,
То ки ба соддадилон зиракӣ бахшанд, ба ҷавонон – дониш ва фаросат;
Хирадманд бишнавад, ва донишаш биафзояд; ва оқил тадбирсоз гардад,
То ки масал ва гуфтори кинояомезро, суханони хирадмандон ва муаммоҳои онҳоро дарк намояд.
Худотарсӣ ибтидои дониш аст; беақлон аз ҳикмат ва насиҳат нафрат доранд.
Эй писарам! Насиҳати падари худро бишнав, ва таълими модари худро рад накун,
Чунки ин – тоҷи латофат аст бар сари ту ва тавқҳо бар гардани ту.
Эй писарам! Агар гуноҳкорон туро иғво кунанд, ба онҳо таслим нашав;
Агар гуянд: «Бо мо биё, то ки барои рехтани хун камин гирем, аз пайи бегуноҳе ки беайб бошад, бипоем;
Онҳоро зинда ба зинда, мисли касоне ки дар гур ва ба сояи дузах фурӯ мераванд; ба коми худ бикашем;
Ҳар навъ молу мулки гаронбаҳо ба даст меоварем, хонаҳои худро аз ғанимат пур мекунем;
Бо мо ҳамдасту шарик бош, ва ҳамаи моро як ҳамён хоҳад буд», –
Эй писарам! Бо онҳо дар як роҳ равона нашав, ва пои худро аз тариқи онҳо нигоҳ дор,
Чунки пойҳои онҳо сӯи бадӣ медавад ва барои хунрезӣ мешитобад.
Дар назари ҳамаи болдорон дом бар абас ниҳода шудааст,
Валекин онҳо барои рехтани хуни худ камин мегиранд ва аз пайи ҷонҳои худ мепоянд.
Чунин аст тариқи ҳар касе ки ба чизи дигарон тамаъ кунад: он чизони тасарруфкунандаи худро мегирад.
Ҳикмат дар кӯча нидо мекунад, дар майдонҳо овози худро мебарорад,
Дар сари гузарҳо даъват менамояд, дар даҳани дарвозаҳо ва дар шаҳр суханонашро мегӯяд:
«Эй соддадилон! То ба кай соддагиро дӯст хоҳед дошт? То ба кай масхарабозон аз масхарабозӣ лаззат хоҳанд бурд? Ва аблаҳон ба дониш адоват хоҳанд дошт?
Ба мазаммати ман руҷӯъ кунед! Инак, рӯҳи худро ба шумо ифода менамоям, суханонамро ба шумо баён мекунам.
Ман даъват намудам, ва шумо эътино накардед, дастамро дароз кардам, ва касе таваҷҷӯҳ накард.
Чун ҳамаи машваратҳои маро рад кардед, ва мазаммати маро қабул накардед,
Ман низ дар вақти мусибати шумо хоҳам хандид, ва ҳангоме ки тарсу бим бар шумо биёяд, истеҳзо хоҳам кард, –
Ҳангоме ки тарсу бим бар шумо мисли тундбод биёяд, ва мусибат шуморо мисли гирдбод фаро гирад, ҳангоме ки андӯҳ ва тангӣ бар шумо биёяд.
Он гоҳ маро хоҳанд хонд, ва ман иҷобат нахоҳам кард; аз субҳидам маро ҷустуҷӯ хоҳанд кард, ва маро нахоҳанд ёфт.
Азбаски онҳо ба дониш адоват доштанд ва худотарсиро интихоб накарданд,
Машварати маро напазируфтанд, аз ҳамаи мазамматҳои ман нафрат карданд, –
Бинобар ин аз меваи рафтори худ хоҳанд хӯрд ва аз дасисаҳои худ сер хоҳанд шуд,
Чунки каҷравии соддадилон онҳоро хоҳад кушт, ва худписандии аблаҳон онҳоро ба ҳалокат хоҳад расонд.
Валекин ҳар кӣ маро бишнавад, дар амният сукунат хоҳад дошт ва аз бими шарорат эмин хоҳад буд»..

Толкования стиха Скопировать ссылку Скопировать текст Добавить в избранное
Библ. энциклопедия Библейский словарь Словарь библ. образов Практическая симфония
Цитата из Библии каждое утро
TG: t.me/azbible
Viber: vb.me/azbible