Скрыть
1:1
1:5
1:11
1:13
1:19
1:20
1:25
1:26
1:27
1:28
1:30
1:31
1:33
1:35
1:36
1:37
1:39
1:41
1:42
1:43
1:45
Ибтидои Инҷили Исои Масеҳ, Писари Худо,
Чунон ки дар суҳафи анбиё навишта шудааст: “Инак, Ман қосиди Худро пешопеши Ту мефиристам, то роҳи Туро пеши Ту муҳайё кунад“.
„Овози нидокунандае дар биёбон: роҳи Худовандро тайёр кунед, тариқи Ўро рост кунед“,
Яҳьёи Таъмиддиҳандад дар биёбон зоҳир шуд ва барои омурзиши гуноҳҳо таъмиди тавбаро мавъиза мекард.
Тамоми мардуми сарзамини Яҳудо ва сокинони Ерусалим берун омада, назди вай мерафтанд ва ба гуноҳҳои худ иқрор шуда, дар рўди Ўрдун аз вай таъмид меёфтанд.
Яҳьё либосе аз пашми шутур дар бар ва камарбанде аз чарм дар камар дошт, малах ва асали ёбоӣ мехўрд.
Ва мавъиза карда, мегуфт: “Аз паси ман Тавонотар аз ман меояд, ва ман сазовори он нестам, ки хам шуда, даволи пойафзоли Ўро воз кунам;
„Ман шуморо бо об таъмид додам, лекин Ў шуморо бо Рўҳулқудс таъмид хоҳад дод“.
Дар он айём чунин воқе шуд, ки Исо аз Носираи Ҷалил омада, дар Ўрдун аз Яҳьё таъмид ёфт.
Чун аз об баромад, дарҳол осмонро дид, ки шикофта аст, ва Рўҳро, ки монанди кабўтаре бар Ў нозил мешавад.
Ва овозе аз осмон даррасид: “Ту Писари Маҳбуби Ман ҳастӣ, ҳусни таваҷҷўҳи Ман бар Туст“.
Пас аз он фавран Рўҳ Ўро ба биёбон бурд.
Ва Ў чиҳил рўз дар биёбон буд, ва шайтон Ўро меозмуд; бо даррандагон рўз мегузаронд, ва фариштагон Ўро парасторӣ мекарданд.
Пас аз он ки Яҳьё таслим карда шуд, Исо ба Ҷалил омад ва Инҷили Малакути Худоро мавъиза кард,
Ки вақт расидааст ва Малакути Худо наздик аст: “Тавба кунед. Ва ба Инҷил имон оваред“.
Ва чун аз канори баҳри Ҷалил мегузашт, Шимъўн ва бародараш Андриёсро дид, ки дар баҳри тўр меандохтанд, зеро ки сайёди моҳӣ буданд.
Ва Исо ба онҳо гуфт: “Маро пайравӣ кунед, ва Ман шуморо сайёди мардум гардонам“.
Дарҳол онҳо тўри худро мода, аз паи Ў равона шуданд.
Чун аз он ҷо каме пеш рафт, Яқуб ибни Забдой ва бародари вай Юҳанноро дид, ки дар қаиқ тўрҳои худро таъмир мекунанд,
Ва дарҳол онҳоро даъват намуд. Онҳо падари худ Забдойро дар қаиқ бо коргарон гузошта, аз паи Ў равона шуданд.
Ва онҳо ба Кафарнаҳум омаданд; ва дере нагузашта Ў дар рўзи шанбе ба куништ даромада, ба таълим додан шурўъ намуд.
Ҳама аз таълими Ўдар ҳайрат монданд, зеро ки онҳоро ҳамчун соҳибқудрат таълим медод, на ҳамчун китобдонон.
Дар куништи онҳо касе буд, ки рўҳи палид дошт, ва якбора фарьёд зада, гуфт:
„Туро бо мо чӣ кор аст, эй Исои Носирӣ? Ту барои нест кардани мо омадаӣ! Ман медонам, ки Ту кистӣ, эй Қудуси Худо!“
Исо вайро манъ карда, гуфт: “Хомўш шав ва аз вай берун ой!“
Рўҳи палид вайро ба ларза андохта, бо овози баланд фарьёд заду аз вай берун шуд.
Ҳама ба воҳима афтоданд, ба дараҷае ки аз якдигар мепурсиданд: “Ин чист? Ин чи таълимоти навест, ки Ў ба арвоҳи палид низ боқудратона амр мефармояд, ва онҳо ба Ў итоат мекунанд?“
Ва овозаи Ў зуд дар тамоми сарзамини Ҷалил паҳн шуд.
Ва аз куништ баромада, дарҳол бо Яъқуб ва Юҳнно ба хонаи Шимъўн ва Андриёс омаданд.
Модарарўси Шимъўн дар ҳолати табларза хобида буд, ва дарҳол Ўро аз ин ҳолати вай хабардор карданд.
Ва Ў наздик шуда, аз дасти вай гирифту бархезонд; табларзаи вай дарҳол нест шуду вай ба парастории онҳо машғул гашт.
Бегоҳӣ, ки офтоб фурў рафта буд, ҳамаи беморон ва девонагонро назди Ў оварданд.
Ва тамоми аҳли шаҳр пеши дари хона гирд омаданд.
Ва Ў бисьёр касонро, ки ба касалиҳои гуногун гирифтор буданд, шифо бахшид ва бисьёр девҳоро берун кард ва намонд, ки девҳо сухан ронанд, зеро ки Масеҳ будани Ўро медонистанд.
Пагоҳӣ, хеле бармаҳал хеста, берун рафт ва ба хилватгоҳе расида, дар он ҷо дуо гуфт.
Шимъўн ва касоне ки наздаш буданд, аз паи Ў шитофтанд;
Чун Ўро ёфтанд, гуфтанд: “Ҳама Туро меҷўянд“.
Ў ба онҳо гуфт: “Ба деҳоту шаҳрҳои наздик биравем, то ки Ман дар он ҷо низ мавъиза кунам, зеро ки Ман барои ҳамин омадаам“.
Ва Ў дар тамоми Ҷалил дар куништҳои онҳо мавъиза менамуд ва девҳоро берун мекард.
Махавие назди Ў омада, зорӣ кард ва зону зада гуфт: “Агар хоҳӣ, метавонӣ маро пок кунӣ“.
Исоро бар вай раҳм омад, дасти Худро дароз карда, вайро ламс намуд ва гуфт: “Мехоҳам, пок шав!“
Баъд аз ҳамин сухан махав дарҳол аз баданаш нест шуду вай пок гардид.
Ва ба вай чашм ало карда, дарҳол аз Худ дур намуд
Ва ба вай гуфт: “Зинҳор, ба касе чизе магў, балки рафта худро ба коҳин нишон деҳ ва ба бадали пок шудани худ он чи Мусо фармудааст, тақдим кун, то ба онҳо шаҳодате гардад“.
Лекин вай берун рафта, ин воқеаро овоза ва нақл кардан гирифт, ба дараҷае ки Ў дигар ошкоро ба шаҳр даромада наметавонист, балки берун аз шаҳр дар ҷойҳои хилват рўз мегузаронд. Ва мардум аз ҳар сў назди Ў меомаданд.
Толкования стиха Скопировать ссылку Скопировать текст Добавить в избранное
Библ. энциклопедия Библейский словарь Словарь библ. образов Практическая симфония
Цитата из Библии каждое утро
TG: t.me/azbible
Viber: vb.me/azbible