Скрыть
1:6
1:9
1:11
1:14
КАЛОМИ Парвардигор, ки бар Микои мӯраштӣ дар айёми Ютом, Оҳоз ва Ҳизқиё, подшоҳони Яҳудо, нозил шуд, ва ӯ онро дар бораи Сомария ва Ерусалим дар рӯъё дид.
Бишнавед, эй ҳамаи қавмҳо, гӯш андоз, эй замин ва ҳар чи дар он аст! Ва Парвардигор Худо ба муқобили шумо шоҳид бошад, яъне Парвардигор аз қасри қудси Худ!
Зеро инак, Парвардигор аз макони Худ берун меояд, ва фурӯд омада, бар баландиҳои замин қадамгузор мешавад.
Ва кӯҳҳо дар тахти Ӯ гудохта мешавад, ва водиҳо мекафад, мисли мум пеши оташ, мисли обе ки ба нишебӣ мерезад.
Ҳамаи ин аз боиси ҷинояти Яъқуб аст, ва аз боиси гуноҳҳои хонадони Исроил. Кист сабабгори ҷинояти Яъқуб? Оё Сомария нест? Ва кист маркази бутпарастӣ дар Яҳудо? Оё Ерусалим нест?
Ва Сомарияро ба харобазори саҳро, ба макони токшинонӣ табдил хоҳам дод; ва сангҳои онро ба дара андохта, таҳкурсиҳои онро намоён хоҳам кард.
Ва ҳамаи санамҳои он пора-пора хоҳад шуд, ва ҳамаи муздҳои зинои он ба оташ хоҳад сӯхт; ва ҳамаи бутҳои онро валангор хоҳам кард, зеро ки онҳоро аз музди зино ҷамъ овардааст, ва онҳо ба музди зино хоҳад баргашт.
Дар ин бора навҳаю вовайло хоҳам кард, маҷнунвор ва урён роҳ хоҳам рафт, мисли шағолҳо нула хоҳам кашид, ва мисли шутурмурғҳо оҳу воҳ хоҳам кард.
Зеро ки шикасти он илоҷнопазир аст, чунки то Яҳудо омада, ба дарвозаи қавми ман, ба Ерусалим расидааст.
Дар Ҷат хабар надиҳед, сахт гиря накунед; дар хонаи Афра худро ба хок биғелон.
Бо аврати бараҳна гузар кун, эй сокинаи Шофир; сокинаи Саанон берун намеояд; дар Байт-Эсел навҳагарист; барои ӯрду заданаш аз шумо макон мегирад.
Зеро ки сокинаи Морут аз барои дороии худ дар андӯҳ меафтад, чунки мусибате аз ҷониби Парвардигор ба дарвозаи Ерусалим фурӯд омадааст.
Аспи давандро ба ароба бибанд, эй сокинаи Локиш; вай ибтидои гуноҳи духтари Сион буд, зеро ки ҷиноятҳои Исроил дар ту ёфт шудааст.
Бинобар ин ту ҷиҳозе ба Мӯрашти Ҷат хоҳӣ дод; хонаҳои Акзиб чашмаи яъсовар барои подшоҳони Исроил хоҳад буд.
Боз ворисе назди ту хоҳам овард, эй сокинаи Морешо; ҷалоли Исроил то Адулом хоҳад омад.
Барои писарони нозпарварди худ мӯи саратро битарош ва бикан; бемӯии саратро мисли уқоб васеътар бикун, чунки онҳо аз пеши ту ба асирӣ хоҳанд рафт.

Толкования стиха Скопировать ссылку Скопировать текст Добавить в избранное
Библ. энциклопедия Библейский словарь Словарь библ. образов Практическая симфония
Цитата из Библии каждое утро
TG: t.me/azbible
Viber: vb.me/azbible