Скрыть
1:4
1:5
1:6
1:9
1:10
1:11
1:12
1:13
1:14
1:15
1:18
СУХАНОНИ Воиз ибни Довуд, ки дар Ерусалим подшоҳ буд.
Ҳеҷу пуч аст, гуфт Воиз, ҳеҷу пуч аст, ҳама чиз ҳеҷу пуч аст!
Чӣ суд аст барои одамизод аз тамоми меҳнате ки дар таҳти офтоб мекунад?
Насле меравад, ва насле меояд, вале замин то абад меистад.
Офтоб тулӯъ мекунад, ва офтоб ғуруб мекунад, ва ба макони худ, ки он ҷо вай тулӯъ мекунад, мешитобад.
Бод сӯи ҷануб меравад ва сӯи шимол чарх мезанад; бод чарх зада-чарх зада меравад ва ба доираҳои чархзании худ бармегардад.
Ҳамаи наҳрҳо сӯи баҳр ҷорӣ мешаванд, вале баҳр пур намешавад; ба маконе ки наҳрҳо аз он ҷо ҷорӣ мешаванд, онҳо бармегарданд, то ки аз нав ҷорӣ шаванд.
Ҳамаи чизҳо дилгиркунанда аст; касе наметавонад инро ифода намояд, чашм аз дидан сер намешавад, ва гӯш аз шунидан пур намешавад.
Он чи буд, ҳамон аст, ки хоҳад буд; ва он корҳое ки карда шуд, ҳамон аст, ки карда хоҳад шуд, ва ҳеҷ чизи тозае дар таҳти офтоб нест.
Баъзан дар бораи чизе мегӯянд: «Бубин, ана ин тоза аст!» Аммо дар асрҳои қадиме ки пеш аз мо буд, он чиз вуҷуд дошт.
Зикре аз гузаштагон нест, ва низ аз ояндагон, ки меоянд, зикре нахоҳад буд назди онҳое ки баъдтар хоҳанд омад.
Ман, Воиз, дар Ерусалим подшоҳ бар Исроил будам;
Ва дили худро ба он ниҳодам, ки ҳар кореро, ки дар таҳти осмон карда мешавад, бо ҳикмат тадқиқ ва тафтиш намоям; ин шуғли нохуш аст, ки Худо насиби банӣ одам кардааст, то ки аз он азият кашанд.
Ҳамаи корҳоеро, ки дар таҳти офтоб карда мешавад, дидам, ва инак, ҳама ҳеҷу пуч ва бод паймудан аст!
Он чи каҷ аст, наметавонад рост шавад, ва он чи каму кост аст, наметавонад ба шумор биёяд.
Ман бо дили худ сухан ронда, гуфтам: «Инак, ман бузург шудам, ва бештар аз ҳар касе ки пеш аз ман бар Ерусалим буд, ҳикмат зиёд кардам, ва дили ман ҳикмат ва донишро бисёр дид».
Ва дили худро ба донистани ҳикмат ва шинохтани фисқу фуҷур ва ҳамоқат ниҳодам; вале фаҳмидам, ки ин низ бод паймудан аст.
Зеро ки ба қадри афзудани ҳикмат ғусса меафзояд, ва ҳар кӣ донишро зиёд кунад, азобро зиёд мекунад.

Толкования стиха Скопировать ссылку Скопировать текст Добавить в избранное
Библ. энциклопедия Библейский словарь Словарь библ. образов Практическая симфония
Цитата из Библии каждое утро
TG: t.me/azbible
Viber: vb.me/azbible