Скрыть

Юҳанно 3, Глава 1

Толкования
1:1
1:2
1:3
1:5
1:6
1:7
1:9
1:10
1:12
1:13
1:14
1:15
Пир ба Ғоюси маҳбуб, ки ўро ман дар ростӣ дўст медорам.
Эй маҳбуб! Дуо мегўям, ки ту саломат бошӣ ва дар ҳар чиз комьёб шавӣ, чунон ки ҷони ту комьёб аст.
Зеро ки ман бағоят хурсанд шудам, вақте ки бародарон омада, дар бораи ростии ту шаҳодат доданд, чунон ки ту дар ростӣ рафтор мекунӣ.
Барои ман хурсандии бештаре нест аз шунидани он ки фарзандони ман дар ростӣ рафтор мекунанд.
Эй маҳбуб! Дар ҳар коре ки барои бародарон, ҳатто барои ғарибон мекунӣ, рафтори ту амин аст.
Онҳо ба ҳузури калисо дар бораи муҳаббати ту шаҳодат додаанд; ва ту рафтори хубе мекунӣ, агар онҳоро гусел намоӣ, чунон ки ба ҳузури Худо шоиста аст,
Зеро ки онҳо ба хотири исми Ў сафар кардаанд, дар ҳолате ки аз халқҳо кўмак нагирифтаанд.
Пас мо бояд чунин касонро дастгирӣ намоем, то ки дар кори ростӣ шарик шавем.
Ман ба калисо навиштам, аммо Диютрифас, ки калониро дар миёни онҳо дўст медорад, моро қабул намекунад.
Бинобар ин, агар биёям, корҳоеро, ки ў мекунад, хотирнишон хоҳам кард: ў дар ҳаққи мо суханони бад ба забон меронад, ва бо ин ҳам қонеъ нашуда, худаш бародаронро қабул намекунад ва ба касоне ки мехоҳанд, монеъ мешавад ва аз калисо бадар меронад.
Эй маҳбуб! Ба бадӣ тақлид накун, балки ба некӣ. Касе ки некӣ мекунад, аз Худост; ва касе ки бадӣ мекунад, Худоро надидааст.
Дар бораи Димитриюс ҳама ва худи ростӣ низ ба некии ў шаҳодат додааст; мо ҳам шаҳодат медиҳем, ва шумо медонед, ки шаҳодати мо рост аст.
Чизи бисьёре доштам, ки бинависам, валекин намехоҳам ба ту бо сиёҳӣ ва қалам бинависам,
Балки умедворам, ки ба қарибӣ туро бубинам, ва даҳонакӣ гуфтугузор кунем.
Осоиштагӣ бар ту бод. Дўстон ба ту салом мерасонанд. Ба дўстон ном ба ном салом бирасон. Омин.
Толкования стиха Скопировать ссылку Скопировать текст Добавить в избранное
Библ. энциклопедия Библейский словарь Словарь библ. образов Практическая симфония
Цитата из Библии каждое утро
TG: t.me/azbible
Viber: vb.me/azbible