Скрыть
1:1
1:2
1:4
1:5
1:12
1:15
1:17
Павлус, ҳаввории Исои Масеҳ бо иродаи Худо, ба ҳасби ваъдаи ҳаёт, ки дар Исои Масеҳ аст,
Ба Тимотиюс, фарзанди маҳбубам: файз, марҳамат ва осоиштагӣ аз ҷониби Худои Падар ва Худованди мо Исои Масеҳ бод.
Шукргузорӣ менамоям Худоеро, ки чун аҷдоди худ бо виҷдони пок ба Ў ибодат макунам, барои он ки ҳамеша туро дар дуоҳоям шабу рўз ба ёд меоварам.
Шавқманди дидори ту ҳастам, дар ҳолате ки ашкҳои туро дар хотир дорам, то аз шодӣ пур шавам,
Зеро ки имони бериёи туро, ки пештар дар модаркалонат Лўид ва модарат Авниқо сокин буд, ба хотир меоварам ва яқин медонам, ки он дар ту низ сокин аст.
Ба ин сабаб ба ту хотиррасон мекунам, ки он бахшоиши Худоро, ки ба василаи гузоштани дастҳои ман дар туст, авҷ гиронӣ;
Зероки Худо ба мо на рўҳи тарсу ҳаросро, балки рўҳи қувват ва муҳаббат ва парҳезгорӣ додааст.
Пас, на аз шаҳодат додан ба Худованди мо ва на аз ман, ки бандии Ў ҳастам, ор дор, балки барои башорат ба ҳасби қуввати Худо уқубат бикаш,
Ки Ў моро наҷот додааст ва ба даъвати муқаддас хондааст, на бар тибқи аъмоли мо, балки ба ҳасби таъиноти Худ ва ба ҳасби он файзе ки ба мо аз азал дар Исои Масеҳ ато шудааст,
Вале алҳол ба василаи зуҳури Наҷотдиҳандаи мо Исои Масеҳ ошкор гардидааст, ки Ў мамотро ботил намуд ва ҳаёт ва бефаноиро ба воситаи башорат дурахшон кард,
Ки барои он ман воиз ва ҳавворӣ ва муаллими халқҳо таъин шудаам.
Ба ин сабаб ман чунин уқубат мекашам, лекин ор намедорам, зеро медонам, ки ба Кӣ имон овардаам, ва ман яқин дорам, ки Ў қодир аст имони маро то он рўз нигоҳ дорад.
Намунаи суханони солимро, ки аз ман шунидаӣ, бо имон ва муҳаббате ки дар Исои Масеҳ аст, пайравӣ намо.
Он амонати некро ба воситаи Рўҳулқудсе ки дар мо сокин аст, нигоҳ дор.
Ту медонӣ, ки ҳамаи онҳое ки дар вилояти Осиё ҳастанд, маро тарк кардаанд; аз он ҷумла Фуҷлус ва Ҳармуҷнис.
Худованд ба аҳли хонаи Анисифўрус марҳамат намояд барои он ки ў чандин бор маро дилдорӣ дод ва аз занҷирҳоям хиҷил нашуд,
Балки, ҳангоме ки ба Рум омад, бо ҷидду ҷаҳди зиёде маро ҷустуҷў намуда, ёфт.
Худованд ба ў ато фармояд, ки ба ҳузури Худованд дар он рўз марҳамат пайдо кунад. Ва хизмати бисьёреро, ки ў дар Эфсўс барои ман кардааст, ту хубтар медонӣ.

Толкования стиха Скопировать ссылку Скопировать текст Добавить в избранное
Библ. энциклопедия Библейский словарь Словарь библ. образов Практическая симфония
Цитата из Библии каждое утро
TG: t.me/azbible
Viber: vb.me/azbible