Скрыть
1:1
1:2
1:4
1:10
1:12
1:14
1:15
1:16
1:18
1:19
1:20
1:21
1:22
1:24
1:26
1:27
1:28
1:31
1:32
1:37
1:40
1:41
1:43
1:45
1:46
1:48
1:49
1:53
Ва чун подшоҳ Довуд пир ва солхӯрда шуд, ҳарчанд болои ӯро бо либосҳо мепӯшониданд, ӯ гарм намешуд.
Ва навкаронаш ба ӯ гуфтанд: «Бигзор барои хоҷаи мо подшоҳ духтари бокирае ҷустуҷӯ намоянд, то ки вай ба ҳузури подшоҳ биистад, ва ба ӯ нигоҳубин кунад; ва бигзор вай дар оғӯши ту бихобад, то ки хоҷаи мо подшоҳ гарм шавад».
Ва дар тамоми ҳудуди Исроил духтари соҳибҷамоле ҷустуҷӯ намуданд, ва Абишаги шунаммиро ёфтанд, ва ӯро назди подшоҳ оварданд.
Ва он духтар ниҳоятдараҷа соҳибҷамол буд, ва ӯ ба подшоҳ нигоҳубин мекард ва хизмати ӯро ба ҷо меовард, вале подшоҳ бо ӯ хуфту хоб накардааст.
Валекин Адӯниё писари Ҳаҷҷит ҳавобаландӣ намуда, гуфт: «Ман подшоҳӣ хоҳам кард». Ва барои худ аробаҳо ва саворонро муҳайё намуд, ва панҷоҳ нафар пешопеши ӯ медавиданд.
Ва падараш ӯро ҳаргиз мазаммат намуда нагуфта буд: «Чаро чунин амал кардӣ?» Ва ӯ низ бағоят хушлиқо буд, ва модараш ӯро баъд аз Абшолӯм зоида буд.
Ва ӯ бо Юоб писари Саруё ва бо Абётори коҳин ҳамзабон гардида буд, ва онҳо ба Адӯниё мадад мерасониданд.
Вале Содӯқи коҳин ва Баноё писари Еҳӯёдоъ ва Нотони пайғамбар ва Шимъӣ ва Реӣ ва паҳлавононе ки назди Довуд буданд, Адӯниёро тарафдорӣ намекарданд.
Ва Адӯниё гӯсфандон ва говон ва парвориёнро назди санги Зӯҳелет, ки пеши Эйн-Рӯҷел аст, забҳ намуд, ва ҳамаи бародаронаш, писарони подшоҳ, ва ҳамаи мардони Яҳудо, навкарони подшоҳро даъват намуд.
Валекин Нотони пайғамбар ва Баноё ва паҳлавонон ва бародараш Сулаймонро даъват накард.
Ва Нотон ба Батшобаъ, модари Сулаймон, сухан ронда, гуфт: «Оё нашунидаӣ, ки Адӯниё писари Ҳаҷҷит подшоҳ шудааст, ва хоҷаи мо Довуд инро намедонад?
Ва алҳол биё, ба ту машварат диҳам, то ки ҷони худат ва ҷони писарат Сулаймонро бираҳонӣ;
Рафта, назди подшоҳ Довуд даро ва ба ӯ бигӯ: ́Эй хоҷаам подшоҳ, ту, охир, ба канизи худ қасам хӯрда гуфта будӣ, ки писарат Сулаймон баъд аз ман подшоҳ хоҳад шуд, ва ӯ бар тахти ман хоҳад нишаст. Пас, чаро Адӯниё подшоҳ шудааст?́
Инак, вақте ки ту ҳанӯз бо подшоҳ сухан ронӣ, ман ҳам аз пайи ту даромада, бар суханонат илова хоҳам намуд».
Ва Батшобаъ назди подшоҳ ба ҳуҷраи хоб даромад; ва подшоҳ бағоят пир буд, ва Абишаги шунаммӣ хизмати подшоҳро ба ҷо меовард.
Ва Батшобаъ хам шуда, ба подшоҳ саҷда бурд. Ва подшоҳ гуфт: «Туро чӣ лозим аст?»
Вай ба ӯ гуфт: «Эй хоҷаам, ту ба канизи худ ба Парвардигор Худои худ қасам хӯрда будӣ, ки ́писарат Сулаймон баъд аз ман подшоҳ хоҳад шуд, ва ӯ бар тахти ман хоҳад нишаст́.
Ва алҳол, инак, Адӯниё подшоҳ шудааст, ва ту, эй хоҷаам подшоҳ, инро намедонӣ.
Ва ӯ говон ва парвориён ва гӯсфандони зиёде забҳ карда, ҳамаи писарони подшоҳ, ва Абётори коҳин ва Юоби сарлашкарро даъват намудааст, вале бандаат Сулаймонро даъват нанамудааст.
Ва алҳол, эй хоҷаам подшоҳ, чашмони тамоми Исроил сӯи туст, то ба онҳо маълум намоӣ, ки баъд аз хоҷаам подшоҳ кист, ки бар тахти ту хоҳад нишаст.
Вагарна, чунин воқеъ хоҳад шуд, ки чун хоҷаам подшоҳ бо падарони худ бихобад, ман ва писарам Сулаймон айбдор ҳисоб хоҳем ёфт».
Ва инак, ҳанӯз вай бо подшоҳ сухан меронд, Нотони пайғамбар ҳам омад.
Ва ба подшоҳ хабар дода, гуфтанд: «Инак Нотони пайғамбар». Ва ӯ назди подшоҳ даромад, ва рӯ бар замин хам шуда, ба подшоҳ саҷда бурд.
Ва Нотон гуфт: «Эй хоҷаам подшоҳ, оё ту гуфтаӣ, ки ́Адӯниё баъд аз ман подшоҳ хоҳад шуд, ва ӯ бар тахти ман хоҳад нишаст́?
Зеро ки вай имрӯз фуруд омада, говон ва парвориён ва гусфандони зиёдеро забҳ кардааст, ва ҳамаи писарони подшоҳ ва сардорони лашкар ва Абётори коҳинро даъват намудааст, ва инак, онҳо ба ҳузури вай мехӯранд ва менӯшанд, ва мегӯянд: ́Зинда бод подшоҳ Адӯниё!́
Валекин мани бандаат ва Содӯқи коҳин ва Баноё писари Еҳӯёдоъ ва бандаат Сулаймонро даъват нанамудааст.
Агар ин кор аз ҷониби хоҷаам подшоҳ содир шуда бошад, пас чаро ба бандаи худ маълум накардӣ, ки баъд аз хоҷаам подшоҳ кист, ки бар тахти ӯ биншинад?»
Ва подшоҳ Довуд ҷавоб гардонида, гуфт: «Батшобаъро назди ман бихонед». Вай назди подшоҳ даромад, ва ба ҳузури подшоҳ истод.
Ва подшоҳ қасам хӯрда, гуфт: «Қасам ба ҳаёти Парвардигоре ки ҷони маро аз ҳар тангӣ раҳо кардааст!
Чунон ки ман барои ту ба Парвардигор Худои Исроил қасам хӯрда гуфтаам, ки писарат Сулаймон баъд аз ман подшоҳ хоҳад шуд, ва ӯ бар тахти ман ба ҷои ман хоҳад нишаст, ончунон ман имрӯз ба амал хоҳам овард».
Ва Батшобаъ рӯ бар замин хам шуда, ба подшоҳ саҷда бурд, ва гуфт: «Хоҷаам подшоҳ Довуд то абад зинда бод!»
Ва подшоҳ Довуд гуфт: «Содӯқи коҳин ва Нотони пайғамбар ва Баноё писари Еҳӯёдоъро назди ман бихонед». Ва онҳо ба ҳузури подшоҳ даромаданд.
Ва подшоҳ ба онҳо гуфт: «Бандагони хоҷаи худро ҳамроҳи худ бигиред, ва писарам Сулаймонро бар хачири ман савор кунед, ва ӯро назди Ҷиҳун фуруд оваред.
Ва бигзор Содӯқи коҳин ва Нотони пайғамбар ӯро дар он ҷо ба подшоҳӣ бар Исроил тадҳин намоянд; ва карнай навозед, ва бигӯед: ́Зинда бод подшоҳ Сулаймон!́
Ва аз ақиби ӯ бароед, то ки ӯ омада, бар тахти ман биншинад; ва ӯ ба ҷои ман подшоҳ хоҳад шуд; ва ман ӯро мефармоям, ки бар Исроил ва бар Яҳудо раис бошад».
Ва Баноё писари Еҳӯёдоъ ба подшоҳ ҷавоб гардонида, гуфт: «Омин! Бигзор Парвардигор Худои хоҷаам подшоҳ низ чунин гӯяд!
Чунон ки Парвардигор бо хоҷаам подшоҳ буд, бигзор ончунон бо Сулаймон низ бошад, ва тахти ӯро аз тахти хоҷаам подшоҳ Довуд бузургтар гардонад!»
Ва Содӯқи коҳин ва Нотони пайғамбар ва Баноё писари Еҳӯёдоъ ва каритиён ва фалитиён фуруд омада, Сулаймонро бар хачири подшоҳ Довуд савор карданд, ва ӯро назди Ҷиҳун бурданд.
Ва Содӯқи коҳин шохи равғанро аз хайма гирифта, Сулаймонро тадҳин намуд. Ва карнай навохтанд, ва тамоми қавм гуфтанд: «Зинда бод подшоҳ Сулаймон!»
Ва тамоми қавм аз ақиби ӯ баромаданд, ва қавм най менавохтанд, ва бағоят шодӣ мекарданд, ба тавре ки замин аз овозашон мекафид.
Ва Адӯниё ва ҳамаи даъватшудагоне ки бо ӯ буданд, ҳамин ки хӯрданро бас карданд аз хӯрдан фориғ шуданд, инро шуниданд; ва Юоб садои карнайро шунида, гуфт: «Садои шаҳри пуризтироб аз чӣ сабаб аст?»
Ҳанӯз ӯ сухан меронд, инак, Йӯнотон писари Абётори коҳин омад; ва Адӯниё гуфт: «Биё, ки ту марди амин ҳастӣ ва муждаи нек меоварӣ».
Ва Йӯнотон ба Адӯниё ҷавоб гардонида, гуфт: «Дар ҳақиқат Ба ҳеҷ ваҷҳ, зеро хоҷаи мо, подшоҳ Довуд, Сулаймонро подшоҳ гардонидааст;
Ва подшоҳ Содӯқи коҳин ва Нотони пайғамбар ва Баноё писари Еҳӯёдоъ ва каритиён ва фалитиёнро бо ӯ фиристодааст; ва ӯро ба хачири подшоҳ савор кардаанд;
Ва Содӯқи коҳин ва Нотони пайғамбар ӯро дар Ҷиҳун ба подшоҳӣ тадҳин намудаанд, ва аз он ҷо шодикунон баромадаанд, ва шаҳр ғулғула бардоштааст; ҳамин аст садое ки шумо шунидаед;
Ва Сулаймон низ бар тахти подшоҳӣ нишастааст;
Ва бандагони подшоҳ низ барои табрик кардани хоҷаи мо подшоҳ Довуд омада, гуфтанд: ́Бигзор Худо номи Сулаймонро аз номи ту хубтар созад, ва тахти ӯро аз тахти ту бузургтар гардонад́. Ва подшоҳ бар бистари худ саҷда бурдааст;
Ва подшоҳ низ чунин гуфтааст: ́Муборак аст Парвардигор Худои Исроил, ки имрӯз касеро, ки бар тахти ман менишинад, ба ман додааст, ва чашмони ман инро мебинад!́»
Ва ҳамаи даъватшудагоне ки назди Адӯниё буданд, ба ҳарос афтода бархостанд, ва ҳар кас ба роҳи худ рафт.
Ва Адӯниё аз Сулаймон ҳаросон шуда, бархост, ва рафта, шохҳои қурбонгоҳро дошта гирифт.
Ва ба Сулаймон хабар дода, гуфтанд: «Инак, Адӯниё аз подшоҳ Сулаймон метарсад, ва инак, ӯ шохҳои қурбонгоҳро дошта, мегӯяд: ́Бигзор подшоҳ Сулаймон имрӯз ба ман қасам хӯрад, ки бандаи худро ба шамшер нахоҳад кушт́».
Ва Сулаймон гуфт: «Агар ӯ росткор гардад, як мӯяш бар замин нахоҳад афтод, вале агар бадие дар ӯ ёфт шавад, хоҳад мурд».
Ва подшоҳ Сулаймон фиристод, ва ӯро аз қурбонгоҳ фуруд оварданд, ва ӯ омада, ба подшоҳ Сулаймон саҷда бурд, ва Сулаймон ба ӯ гуфт: «Ба хонаи худ бирав».

Толкования стиха Скопировать ссылку Скопировать текст Добавить в избранное
Библ. энциклопедия Библейский словарь Словарь библ. образов Практическая симфония
Цитата из Библии каждое утро
TG: t.me/azbible
Viber: vb.me/azbible